Вазири маориф: "Гуфтугӯ дар бораи литсейҳои туркӣ идома дорад" (ВИДЕО)

Вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, иҷозатномаи фаъолияти литсейҳои туркӣ дар сурате тамдид мешавад, ки ҳадафи хайрия дошта бошанд.

Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 5 январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, “фаъолияти литсейҳои туркӣ дар сурате тамдид мешаванд, ки ҳадафи хайрия дошта бошанд.”

Нуриддин Саид дар мавриди фаъолияти ин литсейҳо дар Тоҷикистон афзуд, барои тамдид кардани иҷозатномаи онҳо, бо ҳукумати кишвар гуфтугӯ доранд ва ҳанӯз вазорати маориф ва илм мавқеи ниҳоии худро рӯшан накардааст. Ҷаноби Саидов таъкид кардааст, ки тамдиди иҷозатномаи фаъолияти ин литсейҳо дар холе амалӣ хоҳад шуд, ки ҳадафашон танҳо амали хайрия дар Тоҷикистон бошад, на чизи дигар. Нуриддин Саидов гуфтааст, литсейҳои туркиро лозим аст дар мавриди фаъолиятҳои хайриявии худ, бознигарӣ кунанд

Вазорати маорифи Тоҷикистон қаблан гуфта буд, созишномаи ҳамкориро бо ширкати туркии “Шалола” - молики литсейҳои муштараки тоҷикиву туркӣ тамдид накардааст. Фаъолияти литсейҳои туркӣ бо бастани як шартнома бо ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1993 шурӯъ шуд. Баъдан соли 2003 барои як даҳсолаи дигар муҳлати шартномаи мазкур то 10 соли дигар, яъне то соли 2013, тамдид карда шудааст.

Ширкати “Шалола” дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Кӯлоб ва Хуҷанди Тоҷикистон шаш литсей дошта ва ҳамчунин сарпарастии литсейи байналмилалии Душанберо бар ӯҳда дорад. Нахуст фаъолияти ин литсейҳо хайриявӣ буд ва баъдан нархи таҳсил дар ин литсейҳо то ба 1000 доллари амрикоӣ барои як соли хониш боло бурда шуд.

Дар мавриди фаъолияти ин литсейҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон андешаҳо гуногун аст. Бархе аз донишмандон ин литсейҳоро барои густариши андешаҳои пантуркистиву туркпарастӣ айбдор мекунанд ва ҳатто дар саҳифаҳои матбуоти мустақили Тоҷикистон даъватҳо барои бастани фаъолияти ин мактабҳо ба нашр расида буд.

Аммо бархе аз соҳибназарони дигар бар инанд, ки сифати таълим дар ин литсейҳо хеле хуб аст ва шогирдон дар мактабҳои тоҷикӣ мисли ин литсейҳо имкони гирифтани дониши хубро надоранд.