Посух ба эълони издивоҷи духтарони дипломдор: "Зани дуюм мешавӣ?"

Дар Тоҷикистон ҳарчӣ бештар ин падида ба тамоюли умумӣ табдил меёбад, ки духтарони соҳиби маълумоти олӣ аксаран бешавҳар мемонанд ё маҷбуранд, зани дуюм шаванд

“Духтари 34-сола, соҳиби маълумоти олӣ ва ҷои кор мехоҳад бо як марди хуби 34-40 сола издивоҷ кунад,” – ин эълонро Анзурат як сол пеш дар нашрияи “Оила” чоп кард. Анзурат дар ҳоле ба нашрия эълон дод, ки дар панҷ соли ахир аз сӯи марде пешниҳоди издивоҷ нагирифта буд.

Дар тули як соли баъди нашри эълон чанд занги телефонӣ ба мобили Анзурат ворид шуд, аммо довталабҳо ҳамагӣ оиладор буданд ва ба ӯ пешниҳод мекарданд, ки зани дуюм шавад.

Ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба синни 34 расида, аммо то ҳоло оила барпо накардааст. Вай ду хоҳар -- яке 29 ва дигаре 26-сола дорад ва аз он нигарон аст, ки мабодо онҳо низ сарнавишти ӯро такрор кунанд.

Анзурат мегӯяд, баъди хатми мактаби миёна, вақте духтарҳои ҳамсинфаш бо шитоб дар пайи ҷамъоварии ҷиҳози арӯсӣ ва шавҳаркобӣ буданд, ӯ ба Донишгоҳи тиббӣ имтиҳон супурд ва қабул шуд. 9 сол баъд, дар ҳоле, ки дугонаҳои Анзурат бачаи сеюми худро таваллуд мекарданд, Анзурат дипломи донишгоҳро ба даст овард ва аз пайи кор шуд.

“Зиндагии ман бартариҳои худро дорад, ман аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақил ҳастам, ба хонаводаам кӯмак мекунам, маризонро табобат мекунам ва ба онҳо умри дубора мебахшам, маро эҳтиром мекунанд. Танҳо як мушкил дорам, ки танҳоям,”- мегӯяд Анзурат.

Ба мисли Анзурат даҳҳо духтари дигар, ки аз рӯи меъёрҳои тоҷикӣ “саривақт” издивоҷ накардаанд, талош доранд, бахти худро бо нашри эълон дар нашрияҳо бисанҷанд. Аммо дар бисёр ҳолат ин кор ба ҷуз ҷалби таваҷҷуҳи ду се “авбоши телефонӣ” ба ҷое намераасад.

Бар пояи омори расмӣ теъдоди мардҳои аз 18 то 40-сола дар Тоҷикистон нисбат ба теъдоди занон бештар буда, 51 дар сади аҳолиро ташкил медиҳад. Аммо муҳоҷирати корӣ ва кӯтоҳумрии мардҳо нисбати занон тавозуни байни марду занро вайрон ва теъдоди занҳоро бар сари як мард бештар кардааст.

Синни издивоҷ дар Тоҷикистон аз 18 солагӣ сар мешавад. Аммо аксари хонаводаҳо талош мекунанд духтарҳои худро ҳарчӣ зудтар ба шавҳар диҳанд. Меъёри интихоби арӯс дар Тоҷикистон маъмулан дар атрофи синни 18-19 мечархад.Ин меъёр зиндагии духтаронеро, ки баъди хатми донишгоҳ ҳудудан ба синни 25 мерасанд, мушкил мекунад.

“Аслан ман намедонам барои чӣ мардҳои мо нисбати духтари таҳсилкарда назари нек надоранд. Онҳо мехоҳанд, ту барояшон зани дуюм бошӣ ва ҳар вақте хостанд, наздат биёянд ва ҳар вақте нахостанд не. Барои ман қабул кардани пешниҳоди зани дуюм хеле душвор аст ва ба ин хотир то ҳол шавҳар накардаам. Ман худам кор мекунам. Худамро таъмин мекунам ва наметавонам худро лоиқи он марде бинам, ки зани дигар дорад,”- мегӯяд Анзурат.

Раҷаббӣ Ҳасанова, модари Анзурат, ки 65 сол дорад, мегӯяд, ҳамсояҳо ҳамеша бо писханд мепурсанд, ки духтарҳоро кай ба шавҳар медиҳад.Ҳасанова мегӯяд ин суолҳо ӯро нороҳат мекунанд, аммо на ба андозаи ин воқеият, ки духтарҳояш интихоби бисёр надоранд, ё бояд ҳамсари дуюм шаванд ва ё якумр бешавҳар монанд. “Агар бача медоштам, мумкин зиёд талош намекардем, ки духтарҳоям таҳсил кунанд. Шавҳарам, ки худаш муаллим аст, ҳамеша мегуфт, духтарҳо бояд соҳиби касбу кор ва маълумоти олӣ бошанд, инҳо бародар надоранд, ки дар рӯзи сахташон дастгирашон бошад,”- мегӯяд Раҷаббӣ Ҳасанова.

Юсуф Маҳмадов, ҷомеашинос ва раҳбари пешини созмони “Рушд”,ки бештар ба дифои ҳуқуқи занон машғул аст, ду сол пеш дар заминаи омӯзиши сабабҳои “полигамия” ё бисёрзанӣдар Тоҷикистон ба хулосае расидааст, ки 70 дарсади занҳои дуюм духтарҳои таҳсилкарда будаанд.

“Духтарҳое, ки таҳсил мекунанду синнашон андак мегузарад, роҳи ҳалли мушкилашонро дар зани дуюм шудан мебинанд. Аз 500 зане, ки мо пурсидем, бештарашон наздики 30-сола буданд. Шумораи зиёди мардҳои дузана бошанд аз 35 то 40-солаанд. Аз 45 то 50 сола шумораашон камтар аст. Мардҳо аксаран бо духтари нохондаву ҷавон оиладор мешаванд, духтарҳои таҳсилкардаро пирдухтар гуфта, камтар мегиранд. Онҳо зани хонашин ва мутеъ мехоҳанд. Барои онҳо духтарҳои босавод, ки дар бораи зиндагӣ назари худро дорад, даркор нест,” – мегӯяд Юсуф Маҳмадов.

Ба ин сабаб қисме аз мардони ҷавон духтарони таҳсилкардаро, ки мехоҳанд, бо шавҳарони худ ҳуқуқи баробар дошта бошанд, нақши ҳамсар, на ғуломи шавҳарро бозанд, хуш надоранд ва барои асоснок кардани мавқеи худ ба ахлоқи ин бонувон тӯҳмат мезананд. Ҳамин гуна духтарони таҳсилнодида ва итоаткор бар духтарони таҳсилдид ва сарбаланд бартарӣ пайдо мекунанд.

Бархе аз ҷомеашиносон бар инанд, ки барои эҳтиром пайдо кардани духтарҳои дипломдор бояд мафкураи ҷомеа дигар шавад ва ба арӯси хонадон на ҳамчун як хизматгори мутеи беминнат, балки ҳамчун узви комлҳуқуқ ва ноновари хонадон нигоҳ кунанд.

Ҳамасола донишгоҳҳои Тоҷистонро ҳазорҳо нафар хатм мекунанд, ки бахши умдаи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Як қисми онҳо бо пешгирӣ аз хатари бешавҳар мондан дар вақти таҳсил издивоҷ мекунанд. Бархе ҳам бо талоши хешутабор шавҳар мекунанд.

Қаҳрамони гузориши мо Анзурат, ки худаш табиб аст мегӯяд, ки ӯ барои таваллуди фарзанд фурсати зиёд надорад ва агар дар ду-се соли оянда ба қароре нарасад, эҳтимолан аз лаззати модар будан маҳрум шавад. Ин ҳол метавонад Анзуратро ба қароре водор намояд, ки ба дидгоҳи ӯ дар бораи оила ва хонадорӣ мухолифат мекунад.

Соли 2014 полиси Тоҷикистон 195 мавриди дузанагӣ ва дар се моҳи аввали соли 2015 бошад, 49 ҳолатро ошкор кардааст. Дар асл гуфта мешавад, ки теъдоди дузанаҳо дар кишвар аз омори расмӣ дида бамаротиб зиёдтар аст.