Заминларзаи вайронгар дар пойтахти Мексика. ВИДЕО

Бар асари зилзилаи шадид дар маркази Мексика, беш аз 100 нафар ҷон бохтаанд. Бино ба гузоришҳо, шуморе аз биноҳо дар пойтахти сераҳолии Мексика фурӯ рехтаанд ва имдодгарон, пулис, сарбозони артиш ва довталабон дар ҳоли ҳозир ба осебдидагон кӯмак мерасонанд.

Ин ларзиши тӯлонӣ дар соати 13:14 ба вақти маҳаллӣ рух дод ва ҳазорон нафарро маҷбур кард, ки ба кӯчаву хиёбонҳо бароянд. Бар пояи тозатарин гузоришҳо, шумораи қурбониён 149 нафар расидааст. Маркази заминларзаи 7,1-дараҷаӣ дар 120-километрии Мексика сити, пойтахти Мексика будааст. Дар миёни қурбониёни ин ҳодиса, беш аз 20 шогирди яке аз мактабҳо низ ҳастанд. Раиси ҷумҳури Мексика гуфтааст, ки ҳадди ақал 30 кӯдаки дигар низ нопадид шудаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳалокати беш аз 220 кас бар асари заминҷунбӣ дар Мексика

Раиси ҷумҳури Мексика қаблан гуфта буд, ҳадди ақал 28 бино дар пойтахт фурӯ рехтааст. Аммо чанд соат баъдтар шаҳрдори Мексика сити шумораи биноҳои фурӯрехта ё шадидан осебидидаро ба маротиб бештар гуфт. Барқи наздик ба 4 миллион муштарӣ қатъ шуда ва шумораи зиёде аз аҳолӣ бе газу об мондаанд.

Дар миёни биноҳое, ки дар Мексика сити шадидан осеб дидаанд, як маҷмааи истиқоматӣ, як корхона, як супермаркет, ва низ як мактаб ба чашм мехӯранд. Пойтахти Мексика яке аз пуриздиҳомтарин шаҳрҳои ҷаҳон аст. Дар ин шаҳр ва минтақаҳои атрофи он ҳудуди 20 миллион нафар зиндагӣ мекунанд.

Ин дуввумин зилзилаи бисёр сахт тайи як моҳ дар Мексика аст. Ду ҳафта пеш бар асари заминларза дар ҷануби ин кишвар, 98 тан ҷони худро аз даст доданд. Ин заминларза нерӯмандтарин зилзила дар Мексика аз соли 1985 ба ин тараф будааст. Зилзилаи соли 1985 бахшҳои зиёде аз Мексика ситиро вайрон кард ва чанд ҳазор кушта ба ҷой гузошта буд.