Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасмим дорад, дар наздиктарин фурсат низоми таҳсили ғоибонаро ба таҳсили фосилавӣ табдил диҳад. Дар низоми фосилавии таълим донишҷӯ метавонад аз тариқи интернет дарс ва имтиҳон супурда, дар як сол як маротиба аз кори худ ба омӯзгорон ҳисобот диҳад.
Аксари донишҷӯёне, ки дар низоми таҳсилоти фосилавӣ ба таълим шурӯъ кардаанд, тасмим доранд, баъди ошноӣ бо қоидаҳои таҳсилу имтиҳонсупорӣ ва дарёфти рамзу логини хусусӣ, ҳамзамон дар дохил ва хориҷи кишвар ба кори худ идома диҳанд. Ин низоми таълим ҳамчунин муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро ҳам фаро мегирад, ки хоҳиши гирифтани маълумоти олиро доранд.
Вазорати маориф ва илм мегӯяд, донишгоҳҳои олии кишвар имкон доранд, барои фароҳам шудани низоми таҳсили фосилавӣ дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои кишварҳои дигар марказҳои таълими фосилавиро дар назди муассисаҳои олӣ фаъол кунанд.
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои бори аввал соли таҳсили 2017-2018 аз тариқи Маркази миллии тестӣ 203 донишҷӯро ба низоми таҳсили фосилавӣ қабул кардааст. Дар рӯзҳои нахустини соли нави 2018 давраи кӯтоҳи омӯзишии ин донишҷуён барои таҳсили фосилавӣ ва дастарс кардани рамз ва логини хусусӣ ҷиҳати идомаи таҳсил шурӯъ шудааст.
Раҳмоналӣ Мирзоев, мудири шӯъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 3-юми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин донишгоҳ, ки аз рӯи 26 ихтисос фаъолият мекунад ва аллакай вазорати маориф барои 10 ихтисос таҳсилоти фосилавиро иҷозат додааст. Вай гуфт, ҷараёни дарёфти барномаи таълиму омӯзиш ва имтиҳонсупории донишҷӯён аз тариқи барномаи махсус дар шабакаи интернет сурат мегирад ва донишҷӯ дар вақти муайян бо устод дар маркази таълими фосилавӣ иртибот мегирад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раҳмоналӣ Мирзоев дар посух ба суоли он, ки то куҷо ҳузури донишҷӯи воқеъӣ дар он сӯи хати интернет кафолат дода мешавад, гуфт, "вақте, ки донишҷӯ кори назоратӣ месупорад, он аз тариқи вебкамераҳо бо "скайп" ё дигар шабакаҳои мухобиротӣ сурат мегирад ва ҳатман саволҳои назоратӣ бо донишҷӯву омӯзгор мустақим сурат мегирад. Ин тарафи масъала пурра ба инобат гирифта шудааст ва фикр мекунам донишҷӯе, ки барои гирифтани донишу савод маблағ сарф мекунад ҳеҷ вақт худро ҳеҷ вақт каси дигарро барои омузиш омода намекунад."
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳадафи аслии табдили низоми ғоибона ба низоми таҳсили фосилавӣ дар муассисаҳои олии касбии кишварро дастарасии бештари ҷавонон ба таҳсили илм, коҳиши хароҷоти барзиёди хонаводаҳо дар таълими фарзандон ва мутобиқ шудан ба меъёрҳои низоми таълими байналмилалӣ унвон мекунанд.
Маҳмудхон Шоев, муовини сардори раёсати таҳсилоти олӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф 3-юми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло 23 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон нақшаҳои таълимии таҳсили фосилавиро таҳия намуда, ба ин вазорат ирсол кардаанд. Шоев гуфт “барномаи ягонаи таълими таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо ҷалби коршиносони соҳа ва ҳамзамон мутахассисони соҳаи IT технология таҳия гардида коркард шуд”.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, донишгоҳҳои олии кишвар имкон доранд, барои фароҳам шудани низоми таҳсили фосилавӣ дар ҳамкори бо донишгоҳҳои кишварҳои дигар марказҳои таълими фосилавиро дар назди муассисаҳои олӣ фаъол кунанд.
Наврӯз Асоев, донишҷӯи соли аввали ихтисоси муносибатҳои байнулмилалӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аст. Наврӯз тасмим дорад, пас аз анҷоми ин марҳилаи омӯзиш барои кор ба Русия равад. Зеро ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, шароити рӯзгор имкони таҳсили рӯзона дар донишгоҳро фароҳам накард. Аммо роҳандозии низоми нави таҳсил дар Жонишгоҳи тиҷорат барои амалӣ кардани орзӯяш ӯро умедвор кардааст.
Чунки ин низоми таълим ба Наврӯз имкон медиҳад бидуни мушкил баробари кор дар муҳоҷират дарс хонад ва оянда соҳиби маълумоти олӣ шавад. Наврӯз гуфт, “аз тарафи дигар агар фосилавӣ дарс хонам, вақтам беҳуда сарф намешавад ва маблағи зиёд ҳам масраф намешавад”.
Ҳоло ҳудуди як миллион сокиниТоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ба сар мебаранд. Таҳқиқотҳои сотсиологӣ ҳам нишон медиҳад, ки аксари онҳо бинобар сахтии рӯзгор ва беҳтар сохтани зиндагӣ, ба Русия рафтаанд ва бархе аз онҳо аз гирифтани маълумоти олӣ дар донишгоҳҳо канор мондаанд.
Таҳлилгарон зоҳиран ҳадафи мақомотро ҷалби муҳоҷирон ба таҳсил ва ҷилавгирӣ аз фасод унвон мекунанд. Дар гузашта ҳодисаҳое ҳам ба назар мерасид, ки бархе ҷавонон бо далели надоштани вақт дар низоми таҳсили ғоибона таҳсил карда, аз дур бо роҳҳои гуногун дипломи худро ба даст мегирифтанд.
Аз сӯи дигар ба гуфтаи коршиносон, маблағе, ки барои шартномаи донишгоҳу донишкадаҳо талаб карда мешавад, ба воқеияти ҷомеаи Тоҷикистон рост намеояд ва дар баробари ин аз донишҷӯ хароҷоти таҳсилу роҳкироро талаб мекунад. Шариф Саидов, як таҳлилгари масоили иҷтимоӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин низоми таълим барои ҷавононе, ки маҷбуранд кор кунанд ва мехоҳанд бидуни диплом намонанд, хеле қулай аст. Чун ҳам вақт сарфа мешаваду ҳам барои чархонидани аробаи рӯзгор имкон пайдо мекунанд.
Саидов бо овардани мисол афзуд, донишҷуёни шӯъбаи ғоибона аксаран ба муҳоҷират рафта, ҳар сол вақти таҳсили 40 рӯза бармештанд, ки ин маблағи зиёд талаб мекард. “Агар барои таҳсили ғоибона ба Тоҷикистон омадани ҳар ҷавон аз муҳоҷират зарур буд, ҳоло низоми таълими фосилавӣ инро лозим надорад. Дар ин сурат донишҷӯ танҳо аз маблағи чиптаи равуо аз Русия ба Тоҷикистон метавонад шартномаи донишгоҳро пардохт кунад. Маблағе, ки барои таҳсили 40-рӯза сарф мешавад, имкони пардохти шартномаи соли дуввум ҳам вуҷуд дорад”-афзуд ӯ.
Бинобар маълумоти охирини Вазорати маориф, айни ҳол дар Тоҷикистон 39 донишгоҳу донишкадаҳо бо шумули шӯъбаҳояшон дар минтақаҳо фаъолият доранд. Дар ин донишгоҳҳо ҳоло беш аз 186 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад. Соли гузашта 33 ҳазор нафар донишгоҳҳоро хатм карда, вориди бозори кор шуданд. Аз ин шумор тақрибан нисфи онҳо дар дохили кишвар ҷойи кор пайдо кардан, боқӣ бекор ҳастанд ё рӯ ба муҳоҷирати корӣ оварданд.