Ҳар сол дар Русия миллионҳо тонна нафтро тавассути лӯлаҳо медузданд, ба ширкатҳои нафтӣ дар бораи истихроҷи он маълумоти нодуруст медиҳанд ва буҷа миллиардҳо доллар зиён мебинад. Ошкор ва муҷозоти ҷинояткорон кори осон нест, зеро онҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пуштибонҳои қавӣ доранд. Дар яке аз парвандаҳо дар бораи Ваҳҳоб ном тоҷике сухан рафтааст.
Бахши русии Радиои Озодӣ дар бораи тарзи дуздии нафт дар Ханти-Мансийск, ҳавзаи худмухтори Югра, минтақае, ки 40 дарсади маҳсулоти нафтии Русия дар онҷо истеҳсол мешавад, таҳқиқот анҷом дод. Дар доираи ин пажӯҳиш хабарнигорон бо маъмурони собиқ ва ҳозираи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони хадамоти амнияти ширкатҳои нафтӣ дар Нижневартовск, Сургут ва Маскав суҳбат карданд. Инчунин, тавонистанд, бо шахсони наздик ба гурӯҳҳои ҷиноӣ ҳамсуҳбат шуда, бо санаду парвандаҳои ҷиноии марбут ба қазияҳои дуздии нафт шинос шаванд.
Хабарнигорон дар доираи таҳқиқот ба бойгонии телевизони ҷамъиятии Югра дастрасӣ пайдо карданд. Маълумоти ин бойгониро Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти федеролии амнияти Русия пас аз боздошти сардабири он, Эдуард Шмонин, мусодира карда буданд, аммо нусхае аз ин санадҳои муҳим дастраси хабарнигорон шуд.
Онҳо нерӯи арзонанд. Вақте як нафарро боздошт мекунанд, мешавад, фавран ба ҷойи ӯ ду каси дигарро ёфт. Дар минтақаи Ханти – Мансийск Ваҳҳоб ном як тоҷик аст, ӯ гурӯҳро бо чунин нерӯи корӣ таъмин мекунад. Ӯро ҳама мешиносанд ва медонанд, ки ба чӣ кор машғул аст.
Пажӯҳиш маълум кардааст, тайи солҳои охир Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ сохтори аслӣ ва раҳбарикунандаи гурӯҳи калони ҷинояткоронест, ки ба дуздии нафт машғуланд. Вазорати корҳои дохилӣ, Бозрасии давлатии автомобилӣ, ОМОН ва ҳатто Кумитаи тафтишоту додрасҳо низ дар ин кор даст доранд. Ҳамин тавр, ширкатҳое ҳам, ки конҳои нафтро муҳофизат мекунанд, ба ин гурӯҳ шомиланд.
Баъзе аз онҳо дар курсии айбдорӣ нишастаанд, вале ин ҳам пеши роҳашонро нагирифт, гурӯҳ корашро идома медиҳад ва дуздии нафт дар Русия давом дорад.
Талоши ширкатҳои нафтӣ барои мубориза бо ҷинояткорон чандон самарбахш нест. Нисбат ба гумонбарони дуздии нафт ба сахтӣ парвандаҳои ҷиноӣ кушода мешавад ва агар қазия додгоҳӣ ҳам шавад, аксар айбдоршавандаҳо ҷазои сабук ва ё шартӣ мегиранду озод мешаванд.
Таҳқиқоти Радиои Озодӣ асосан ҳавзаи худмухтори Ханти – Мансийскро фаро мегирад, аммо занҷираи дуздии нафт дар минтақаҳои дигар ҳам ба ҳамин тартиб роҳандозӣ шудааст.
ЛӮЛАҲОИ "ТИЛОӢ"
Ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ ва ҳам тибқи санадҳои дастрасшуда, нафт дар ҳама марҳилаҳои саноатӣ, аз интиқол то коркард, ғорат мешавад, вале ин амалро мешавад ба ду марҳила тақсим кард:
- Дуздӣ ҳангоми пайвастан ба лӯлаҳо
- Ҳангоми истеҳсолу интиқоли он.
Манбаъҳои Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳангоми интиқоли нафт тавассути нақлиёт имкон дорад, то нисфи нафти коркардшуда дуздида шавад (Манбаъҳои Радиои Озодӣ дар ҳавзаи худмухтори Ханти Мансийск дар ин маврид аз ширкати "Роснефт"-и Михаил Гутсерев ёдовар шуда, гуфтанд, он “сӯрохие” дорад, ки тариқи он ҳамеша нафт дуздида мешавад). Радиои Озодӣ ба “Роснефт”, “Лукойл” ва “Транснефт” барои шарҳи мавзуъ муроҷиат кард, аммо посух нагирифт.
Ба ин тартиб, нафтро ҳам аз чоҳ медузданд ва ҳам баъд аз коркард. Раҳбари як ширкати начандон бузурги нафтӣ дар минтақаи Ханти-Мансийск ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарорати маҳлуле, ки аз дохили чоҳ мебарояд, ба тақрибан 100 - 120 дараҷа баробар аст. Аз ин рӯ, ҳатто дар зимистон, вақте ин маҳсулот бо мошини нафтрасон интиқол дода мешавад, обу нафт ва газ худ ба худ аз ҳам ҷудо мешаванд (дар ҷараёни ҳаракати мошин полоиши табиии нафт ба амал меояд), зеро об аз нафт вазнинтару газ сабуктар аст.
Вақте мошин ба ҷойи таъиншуда мерасад, обро ҷудо карда, аз нафт сӯхишвории дизелӣ истеҳсол мекунанд. Ҳамин тавр, имкон дорад, ин маводи сӯхт дубора ба ҳамон ширкате, ки аз он нафт дуздида шуда буд, фурӯхта шавад.
Маҳсулоти дигаре, ки дуздида мешавад, газолин ё маҳлули гази моеъ аст, ки аз лӯлаҳои газ гирифта мешавад.
Корманди хадамоти амниятии як ширкати бузурги нафтӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз ҳангоми гузоштани лӯлаҳо дар он барои гирифтани нафт пайванд ё сӯрохие мегузоранд. Барои ин, дар лӯлаҳои зеризаминӣ ҷойи муносиб интихоб карда мешавад ва маълумот дар бораи ин нуқта ҳам фурӯхта мешавад.
Ба қавли манбаъҳои Радиои Озодӣ, дар яке аз ширкатҳои муҳофизатӣ, ки дар кони бузурги нафтии Ханти - Мансийск кор мекунанд, дуздони нафт барои дарёфти маълумот дар бораи ин пайванд дар лӯлаҳои нафт аз 200 то 250 ҳазор рубл пардохт мекунанд.
Маҳсулоти нафтӣ маъмулан шабона дуздида мешавад. Дар ин амалиёт аз 7 то 15 кас ширкат мекунанд, шуруъ аз ронандаҳо то шахсоне, ки роҳҳои зеризаминӣ ва атрофи онро назорат мекунанд. Дар сӯрохӣ ё ҷойи пайвандшудаи лӯлаҳо камераҳо гузоштаанд. Кормандони манфиатдори ФСБ ва Вазорати корҳои дохилӣ тавассути дурбинҳо тамоми минтақа ва теъдоди мошинҳоеро, ки ба онҳо нафт пур карда мешаванд, назорат мекунанд.
Нозирони манфиатдори Бозрасии давлатии автомобилӣ (ГАИ) барои мошинҳои нафти дуздидашуда “долони сабз” ташкил мекунанд. Маҳсулоти нафтиро маъмулан як ширкати расмии якрӯза харида (ба ин тартиб, ронандаи мошини ҳомили нафт ҳамеша рӯйи даст санад ё ҳисобномаи тайёр дорад), маҳсулотро баъдан ба дигарон мефурӯшад. Нафти дуздидашуда аз молиёт ё андоз аз истихроҷ озод мемонад. Танҳо барои ин маҳсулот андоз аз арзиши иловашуда (НДС) мепардозанд. Вале қисми зиёди пардохти маблағи маҳсулоти дуздидашуда бо пули нақд сурат мегирад ва ширкатҳои якрӯза қарзи андозро ҷамъ карда, пайваста муфлис эълон мешаванд.
Харидорони ин маҳсулот маъмулан корхонаҳои бузурги коркарди нафт ва ширкатҳои хурди хусусӣ аз саросари Русия ҳастанд. Нафти дуздидашуда то 30 – 50% арзонтар аз нархи бозор фурӯхта мешавад. Бино бар ин, ҳатто корхонаи Хоҷагии манзилию коммуналӣ, муассисаҳои таълимӣ ва шифохонаҳо барои дегхонаҳои худ аз ин маҳсулот мехаранд. Нархи он дар шартнома баробари нархи бозор оварда мешавад ва маблағи бақия аз ҳисоби нафти арзон ба фоидаи мансабдорони олуда ба фасоди ниҳодҳои давлатӣ мемонад.
Як корманди хадамоти амнияти ширкати бузурги нафтӣ гуфт, дар миёни харидорон ҳатто шахсоне ҳам ҳастанд, ки барои истихроҷу истеҳсоли нафт иҷозатнома доранд, аммо дар асл худ истихроҷ намекунанд ва маҳсулоти нафтии дуздидашударо аз номи худ ба “Транснефт” бо нархи гаронтар пешниҳод намуда, даромад мегиранд.
Дар ҷараёни дуздии нафт дар баробари зиёнҳои дигар ба муҳити зист ҳам зарар расонида мешавад. Онҳое, ки тавассути сохтани сӯрохӣ аз лӯлаҳо маҳсулоти нафтӣ мегиранд, дар бораи зарари он ба табиат аслан фикр намекунанд.
БО ПУШТИБОНИИ ҚАВИИ ФСБ
Ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҳавзаи худмухтори Ханти-Мансийск, занҷираи дуздии нафт дар минтақа дар оғози солҳои 2000-ум ташкил шудааст. "Ин система аз сӯйи маъмурони ФСБ сохта шуд. Яке бознишаста ва дигаре корманди феълии хадамоти амният аст. Онҳо ба Маскав омада, ба як дӯстам чунин созишномае пешниҳод карданд. Ӯ дар бахши амниятии ширкати бузурги нафтии ТНК-БП фаъолият мекард”, -- гуфт яке аз манбаъҳои Озодӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Бино ба санадҳои дохилии ВКД, ки ба бахши русии Радиои Озодӣ дастрас шуд, Ринат Мансуров ва корманди собиқи як ширкати нафтӣ, Станислав Сухов, аз раҳбарони аслии гурӯҳи созмонёфтаи дуздии нафт дар минтақа дониста мешаванд. Онҳо 15 сол дар ҳудуди Ханти – Мансийск кор карда, баъдан фаъолиятро дар минтақаҳои дигар идома додаанд. Аммо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин минтақҳо онҳо чандон робитаҳои наздик надоштанд. Бино бар ин, моҳи декабри соли гузашта Ринат Мансуров барои дуздии нафт дар Челябинск 4 сол маҳкум ба зиндон шуд.
Сухов моҳи ноябри соли 2018 боздошт шуд. Парвандааш дар баррасии додгоҳ қарор дорад. Ӯ ба ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва дуздиву пулшӯйӣ гумонбар аст.
Манбаъҳои Радиои Озодӣ мегӯянд, пойгоҳи аслие, ки маҳсулоти дуздидашудаи нафт дар он нигаҳ дошта мешавад, Нижневартовск аст.
Ба гуфтаи онҳо, имрӯз гурӯҳҳои дигари ҷинояткорон дар ҳавзаи Ханти – Мансийск ба ғорати нафт машғуланд, аммо боз ҳам бо пуштибонии ҳамон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ширкатҳои нафтӣ. Ному насаби онҳоеро, ки имрӯз маҳсулоти нафтиро ғорат мекунанд, Радиои Озодӣ дар даст дорад, вале ба далели набудани санадҳо аз нашри он худдорӣ меварзад.
“Дар ин минтақа ҳама онҳоро медонанд. Ҳар як корманди ФСБ онҳоро мешиносад, боздошту бозпурсии онҳо кори осон аст, вале касе ин корро намекунад”, – гуфт як нафари наздик ба гурӯҳҳои ҷиноӣ.
Дуздии маҳсулоти нафтӣ дар ин сатҳ бе пуштибонии Хадамоти федеролии амният ё ФСБ ғайриимкон аст. Ин ниҳод якҷоя бо пулис ҷиноятҳоро дар бахши сӯзишворӣ ва энергетика таҳқиқу ошкор мекунад. Масъули аслии ин кор Хадамоти амнияти иқтисодӣ мебошад, аммо тавре аз санадҳои дастрасшуда ба Радиои Озодӣ бармеояд, манфиати аслиро аз дуздии нафт маҳз ФСБ ба даст меорад ва раҳбарии тамоми раванди ин кори ҷиноятиро ҳам ин ниҳод ба дӯш дорад.
ФСБ пайваста дар бораи боздошт ва парвандаҳои ҷиноӣ ба зидди ҷинояткорони дуздии нафт гузориш медиҳад. Агар дуздии нафт тавассути сӯрохиҳои сохташуда ошкор ҳам шавад, маъмулан фақат ронандаи мошини маводи сӯхт боздошт мешавад ва ин ҷиноятро то охир таҳқиқ намекунанд. Раҳбарони гурӯҳҳои ҷиноӣ ҳам беҷазо мемонанд. Мақомоти ФСБ ба додрасҳо ва Кумитаи тафтишотӣ фишор меоранд. Кормандони сатҳи поёнии гурӯҳҳои ҷиноӣ, ки айбро ба гардан мегиранд, медонанд, ба онҳо ҳукми тӯлонӣ дода намешавад ва хонаводаҳои онҳо аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноӣ нигоҳубин мешаванд.
Аз сӯйи дигар, солҳои охир дар миёни онҳое, ки бо гумони даст доштан дар дуздии нафт аз лӯлаҳои нафтрасон боздошт мешаванд муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ хеле зиёданд. Манбаи Радиои Озодӣ, ки бо пайвандсозон ё сӯрохгарони лӯлаҳои нафт наздик аст, дар ин маврид гуфт: “Онҳо нерӯи арзонанд. Вақте як нафарро боздошт мекунанд, мешавад, фавран ду нафари дигарро пайдо кард. Дар минтақаи Ханти – Мансийск Ваҳҳоб ном як тоҷик аст, ӯ гурӯҳро бо чунин нерӯи корӣ таъмин мекунад. Ӯро ҳама мешиносанд ва медонанд, ки ба чӣ кор машғул аст.”
Ба гуфтаи ӯ, Ваҳҳобро нафаре бо номи Андрей Тимоха раҳбарӣ мекунад. Номи аслии Тимоха ба Радиои Озодӣ ва ҳам ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар минтақа маълум аст.
Баъзан, дар худи ФСБ байни шуъба ва кормандон баҳсу нофаҳмиҳо сурат мегирад ва ин баҳсҳо ҳам дар баъзе ҳолат бо айбдор шудани кормандони ин ниҳодҳо онҳо анҷом меёбад. Барои мисол, соли 2020 дар ҳавзаи худмухтори Ханти – Мансийск корманди оперативии ФСБ, капитан Владимир Чернаков, маҳкум ба зиндон шуд. Ӯ дар Раёсати сӯзишворӣ ва энергетикии Нижневартовск кор мекард. Барои дуздии нафт ва суистифода аз вазифа 6 сол зиндонӣ шуд.
Манбаи хабарнигор Шмонин дар ширкати хусусии муҳофизатии “РН-Охрана-Нижневартовск” моҳи октябри соли 2016 ба ӯ дар як суҳбат гуфта буд: “Мо ду мошини ҳомили маводи сӯхтро боздошт кардем, ки тоза аз ин нуқта берун омада буданд. Нигаҳбонҳо онҳоро манъ каранд. Онҳо гуфтанд, “Мо аз Радужний омада истодаем ва мазут интиқол медиҳем.” Нафтро тафтиш кардем. Пулиси роҳ омад. Чернаков аз ФСБ, ки масъули бахши сӯзишворӣ ва энергетикӣ буд, низ он ҷо ҳозир шуд. Ӯ пулиси роҳ ва муҳофизонро ҷавоб дод. Ҳарчанд мошинҳо аз ҳамон нуқтае меомаданд, ки нафт дуздида мешуд, дар санади онҳо Радужний навишта шуда буд. Баъдан мо дар ҳамон нуқта сӯрохӣ ё пайвандеро пайдо кардем, ки аз он нафт мегирифтанд. Ин ягона ҳодиса набуд.” (Радиои Озодӣ сабти ин суҳбатро дар ихтиёр дорад)
Як манбаи огоҳ аз кори гурӯҳҳои ҷиноӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи ҷиноӣ алайҳи Чернаков ҳам як навъ интиқом аз ӯ барои аз худ кардани қисме аз маблағҳо ва интиқоли он ба ҷинояткорон дар Раёсати ФСБ дар Тюмен будааст. Ӯ, ҳамчунин, ғайричашмдошт дар бозпурсиҳо дар бораи тамоми ширкатдорон ва гурӯҳҳои ҷиноӣ маълумот дод ва барои ин ҳам маҳкум ба зиндон шуд. Тасдиқи дурустии ин иттилоъ аз манбаъҳои дигар номумкин аст.
Радиои Озодӣ ба маводи парвандаи Чернаков дастрасӣ надорад, вале дар як сабти садоӣ Чернаков дар бораи мафияи нафт дар минтақа ва тартиби тақсими пулҳои аз ин роҳ ба даст омада нақл мекунад (Дар баробари кормандони ҳифзи ҳуқуқ Чернаков аз як зодаи Тоҷикистон бо номи Ваҳҳоб ҳам ном мегирад). Айни ҳол Чернаков аз рӯйи як парвандаи дигар ҳам муҳокима мешавад.
Бино ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ муваффақтарин давраи дуздии нафт ба замони раҳбарии Вадим Пятилетов (раҳбари Раёсати ФСБ дар минтақаи Тюмен, 2011-2017) рост меояд. То омадан ба Тюмен, ӯ ба ҳайси муовини раҳбари ФСБ дар минтақаи Самара фаъолият мекард. Вилояти Самара дар замони фаъолияти Пятилетов дар дуздии маҳсулоти нафтӣ аз пешсафҳо буд. Аз сӯйи дигар чанд зертобеи ӯ гурӯҳҳои калони ҷиноӣ таъсис доданд, ки баъдан ба куштору дуздии одамон айбдор шуданд.
Худи Пятилетов муҷозот нашуд, вале ӯ аз вазифа барканор шуда, дар бахши амниятии ширкати “Лукойл” ба кор даромад. Баъд аз рафтани ӯ дар замони фаъолияти Игор Кочнев ва Игор Николаев ҳам вазъ чандон тағйир накард. Манбаи Радиои Озодӣ дар Нижневартовск гуфт, баъд аз таъини ҳар раҳбари нав дар ФСБ-и Тюмен дуздии нафт ҳамагӣ барои ним сол манъ мешуд, вале боз бо нерӯи нав гурӯҳҳои ҷиноӣ ба кор шуруъ мекарданд.
Манбаи дигари огоҳ аз ин ҷиноятҳо ин далелҳоро рад мекунад ва мегӯяд, “ним сол аз кор мондани гурӯҳҳои ҷиноӣ ин дурӯғ аст. Вақте Маскав санҷишро оғоз мекунад, ҳамаро огоҳ мекунанд. Чеҳаҳои маъруфи гурӯҳ Тюменро тарк мекунанд, зуд ба одамони мо занг мезананд, онҳо меоянд, маблағро мегиранд ва бо ҳамин тамом.”
Як манбаъ дар пулиси Ханти-Мансийск вазъро чунин шарҳ дод: "Кочнев дар аввал талош кард, ки бо ин ҷиноят мубориза барад. Ба ӯ бовар кардем, аммо чизе нашуд. Ин сафсата аст. Кочнев ҳама чизро медонист."
Аҷиб аст, ки ду манбаи мустақили Радиои Озодӣ мегӯянд, идораҳои Нижневартовск сарфи назар аз ҳузури сардори минтақавии Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) дар вилояти худмухтори Ханти-Мансийск масъалаҳои нафтиро мустақим бо Тюмен ҳал мекунанд.
Манбаъҳои Радиои Озодӣ корманди аршади оперативии ФСБ Евгений Жилин (дар ҳоли ҳозир дар Идораи ФСБ дар Ханти-Мансийск кор мекунад) ва корманди қатории оперативӣ Алексей Тереничевро (бино ба маълумоти тасдиқношуда, ҳоло корманди ФСБ дар вилояти Тюмен аст) алоқамандони асосии дуздии нафт меноманд.
Номи ин дуро манбаъҳои рӯзноманигор Шмолин дар "РН-Охрана-Нижневартовск" ҳам гирифтаанд. Аз онҳо дар парвандаи ҷиноии эколог Михаил Каратеев аз Нижневартовск ва сабти капитани зиндонӣ Чернаков ҳам ном гирифта шудааст: "Аз ҳама муҳим ин аст, ки агар ту Жилинро яктарафа кунӣ, ин дуздҳо бе сарпаноҳ мемонанд. Володя Малгин ва Ренатро ҳам бояд яктарафа кард. Ҳамаи онҳо дар онҷо ба ҳам пайванданд. Агар якеашон барои созиш ба назди касе равад, пас, он ба ҳамаи хадамот хоҳад рафт ва ҳама даст хоҳанд дод: Бале, бале, бале, бигузор кор кунанд”, -- гуфтааст Чернаков ба манбаи Радиои Озодӣ, ки ин сабтро дар ихтиёри мо гузошт. Вай афзудааст: “Шахси калидӣ дар ҳамаи корҳо Жилин аст. Агар дуздакон ба вай муроҷиат кунанд, ӯ ҳамаро огаҳ хоҳад кард, ки “бачаҳо ба онҷо мераванд, баъдтар мо онҳоро меорем”. Ва ҳама даст хоҳанд дод”.
Дар умум нақшаи ҳамкории гуруҳҳои ҷиноӣ бо пул ба нақшаи ҳамкорияшон бо ФСБ монанд аст. Ба гуфтаи чандин манбаъ (манобеъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти амнияти ширкатҳои нафтӣ, манобеи наздик ба ниҳодҳои ҷиноӣ), кормандони пулис барои ҳар як интиқол маблағеро хоҳанд гирифт, ки бо раҳбарашон тақсим мекунанд. Ба гуфтаи яке аз кормандони собиқи пулис, дар Ханти-Мансийск нақшаи ришвагирӣ аст, ки сардорони идораҳои пулиси ноҳияҳо бояд иҷро кунанд.
Нақшаи ошкор кардани ҷиноятҳо низ ҳаст ва, бино бар ин, кормандони пулис ва ФСБ гоҳ-гоҳе аз пеши роҳи "интиқолдиҳандагон" мебароянд.
Бино ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, ҳомии низоми дуздии нафт аз сӯи Вазорати умури дохилии Русия генерал Василий Романитса буд. Романитса солҳои 2002-2007 шуъбаи вазоратро дар фурудгоҳи Домодедово раҳбарӣ мекард ва баъд аз тарконида шудани ду ҳавопаймо аз сӯи зани маргталаб дар соли 2007 муовини сардори Департаменти таъмини тартиботи нақлиёти Вазорати корҳои дохилӣ таъйин гардид. Соли 2011 пас аз рух додани ҳамлаи террористӣ дар ҳамон фурудгоҳ аз мақом барканор карда шуд.
Василий Романитса солҳои 2011–2020 сардори Раёсати корҳои дохилии Ханти-Мансийск-Югра буд ва ҳоло муовини сардори Сарраёсати нақлиёти Вазорати корҳои дохилии Русия аст. Романитса ҳомии асосии низоми дуздии нафт дар ин вазорат номида мешавад.
Баъд аз ин, Романитса тавонист, ба курсии сардори Раёсати корҳои дохилии Ханти-Мансийск такя занад ва онҷо 9 сол кор кард. Ӯ соли оянда 60-сола мешавад, вале моҳи октябри соли гузашта, ҳангоми таҳияи ин матлаб вайро ба ҷойи ба нафақа фиристодан, муовини Раёсати нақлиёти ВКД Русия таъйин карданд ва сардори Раёсати корҳои дохилии Ханти-Мансийск-Югра Дамир Сатретдинов шуд, ки пештар муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурии Хакасии Русия буд. Мо ҳам Василий Романитса ва ҳам ба Дамир Сатретдинов дархост фиристодем, вале посухе нагирифтем.
Ҷонибдори асосии гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар Ханти-Мансийск Владимир Малгинро меноманд, ки ба ҳайси муовини сардори шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил аст. Номи ӯ дар сабти Владимир Чернаков ва ҳамчунин дар гузориши сардори пешини Нижневартовск гирифта мешавад. Коргоҳи Малгин дар кӯчаи Индустриалнойи Нижневартовск воқеъ аст, ки дар он Маҷмааи сӯзишворӣ-энержӣ, Идораи амнияти иқтисодӣ ва мубориза бо коррупсияи ВКД Русия ҷойгир ҳастанд.
Сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Радужнийи Ханти-Мансийск Александр Валюхов бо гумони додани ришва барои маълумот дар бораи “амалиёти пешгирӣ аз дуздии маводи хоми карбогидрид” соли 2018 боздошт шуд ва додгоҳ ӯро соли 2019 8,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Дар ҳимояти дуздиҳо Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (РБДА)-и минтақа низ нақши алоҳидаро мебозад. Сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Нижневартовск Руслан Федоренко (соли 2017 дар садамае ҷон бохт) соли 2016 аз мақом барканор карда шуд. Дар дасти Радиои Озодӣ баёноти бозрасҳои қатории ноҳия ҳаст, ки гуфтаанд, бо дастури раҳбарият мошинҳои ҳомили нафти шубҳанок ва бидуни ҳуҷҷатро раҳо мекарданд.
Яке аз собиқ бозрасҳои Нижневартовск дар суҳбат бо Озодӣ формати “роҳҳои сабз”-еро, ки дуздони нафт тавассути онҳо корҳои худро пеш мебаранд, тасдиқ кард. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати дигар, маблағ бар ивази чашмпӯшӣ ба дуздии нафтро на бозрасҳо, балки раҳбарияташон мегиранд ва баъди рафтани Федоренко низ ин низом тағйир наёфт. Барои ҳар мошин ҳафтае 5 ҳазор рубл “пардохт” карда мешавад. Намояндаи гуруҳи ҷиноӣ ҳар ҳафта маблағро бо рӯйхати рақами мошинҳои нафткаш мерасонад.
Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии Ханти-Мансийск ба номаи Радиои Озодӣ посух надод.
МУҲОФИЗОН НИЗ “ҲАҚ” МЕГИРАНД
Хадамоти амниятии ширкатҳои нафт дастрасӣ ба конҳоро муҳофизат мекунанд. Яъне, назорати мувофиқати ронандагону мошинҳо ба талаботи муайяншуда бар зиммаи онҳост, ки заминае барои фасодкорӣ хоҳад буд. Ба ҷуз ин, кормандони хадамоти амниятии ширкатҳо харитаи қубур ё лӯлаи нафтро дар даст доранд.
Хадамоти амниятӣ бо ширкатҳои хусусии кирояшуда мастақим кор мекунанд. Кормандони хадамоти амниятӣ ба монанди маъмурони пулис ва ФСБ одатан дар дуздии нафт бевосита даст надоранд, вале аз дуздҳо “ҳақ” меситонанд.
Ду манбаи Радиои Озодӣ аз Нижневартовск – корманди пешини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва нафари наздик ба доираҳои ҷиноӣ номи яке аз раҳбарони хадамоти амниятии ширкати "Самотлорнефтегаз" (ба "Роснефт" тааллуқ дорад)-ро гуфтанд, ки тавассути ӯ ҳамаи масоили марбути дастрасӣ ба чоҳҳо «ҳал» мешавад. Ба гуфтаи манобеъ, ҳамсари ин корманд дар Хадамоти амнияти дохиллии пулиси Ханти-Мансийск кор мекунад. Вале як манбаи дигар аз "Самотлорнефтегаз" гуфт, корманди мазкур ба дуздии нафт ҳеч рабт надорад. Баръакс, ӯ ба зидди дуздон мубориза мебарад. Ба далели мавҷуд набудани санадҳои тасдиқкунанда тасмим гирифта шуд, ки ному насабҳо оварда нашаванд.
Раҳбарияти "Самотлорнефтегаз" ба суолҳо дар бораи эҳтимоли даст доштани кормандони ширкат дар дуздии нафт посух надод.
Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ аз "РН-Охрана-Нижневартовск", манбае, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ханти-Мансийск кор мекунад ва ҳамчунин манбаи рӯзноманигор Шмонин гуфтанд, дар "Роснефт" «ришта» ба самти Дмитрий Ложкин, мудири кулли ширкати муҳофизатии "РН-Нефтькапиталинвест", зертобеи "Роснефт" (номи он то моҳи майи соли 2020 "РН-Охрана буд) тоб мехӯрад.
Тавре зертобеони Ложкин ба Озодӣ гуфтанд, ӯ «ивазнашаванда» аст, зеро аз як тараф ҳамсари хоҳари муовини сардори Росгвардия Сергей Лебедев аст ва аз тарафи дигар гуиё писари сардори Ростгвардия Виктор Золотовро аз ҷавобгарии ҷиноӣ наҷот додааст. Ложкин охирҳои соли 2000-ум сардори корхонаи воҳиди давлатии "Охрана"-и ВКД Русия буд ва дар доираи парвандаи ҳамла (Сергей Лебедев он замон муовини сардори Департаменти ҳимояти давлатии амвол буд) ҳамчун гумонбар маҳсуб мешуд.
Роман Золотов, ки номаш дар моҷароҳои фасодкорӣ гирифта мешавад, дар "Охрана" вазифаҳои гуногуни раҳбариро бар уҳда дошт. Золотов дар доираи парвандаи мазкур гумонбар нашуд ва ҳатто баъди барканории Ложкин ва ҳамкоронаш ҳам дар «Охрана» монд. Ба гуфтаи як манбаъ, Ложкин ба хотири «наҷот»-и Золотов гуноҳро «ба гардан гирифт». Писари генерал Суходолский Григорий дар доираи парвандаи мазкур ба ҳайси шоҳид ҳузур дошт.
Дмитрий Ложкин ба номаи мо ҷавоб надод. "Роснефт" посух дод, ки «маълумот асоси воқеӣ надорад».
Оҷонси муҳофизатии "Лукойл" -- "Оҷонси "Луком-А"-ро то моҳи июли соли 2020 сардори пешини ФСБ дар вилояти Тюмен Вадим Пятилетов, ки дар бораи ӯ болотар гуфта будем, раҳбарӣ мекард. Бояд гуфт, мансабдорони баландпояи қудратиҳо вазифаҳои пешазнафақавии худро дар хадамоти амниятии ширкатҳои бузург меёбанд.
Иншоот ва қубури нафт бевосита аз сӯи хадамоти амниятӣ муҳофизат намешаванд. Онҳоро ширкатҳои хусусии муҳофизатие нигаҳбонӣ мекунанд, ки ба ширкатҳои нафткаш рабт доранд. Кормандони ин ширкатҳо лӯлаҳои нафтро тавассути дронҳо аз боло назорат мекунанд. Муҳофизони ширкатҳо дар баробари «чашм пӯшидан» ба амали ғоратгарон, ҳамчунин, аз роҳҳои дигар ба онҳо кумак мекарданд. Ба гуфтаи ду манбаи РО, корманди ширкати муҳофизатии "РН-Охрана-Нижневартовск" ("Роснефт") бар ивази маблағи муайян рамзи барномаеро, ки тавассути он мешавад ҳаракати мошинҳои посбононро пайгирӣ кард, ба «дуздон» мефурӯхт.
Ширкати хусусии муҳофизатии "РН-Охрана-Нижневартовск" соли 2015 таъсис ёфта, Сергей Политсковой чандин сол мудири кулли он буд. Дар яке аз номаҳои хидматии корманди ширкат ба раҳбарияти худ дар Маскав, ки нусхаи он дастраси РО шуд, гуфта мешавад, Политсковой хеши Дмитрий Ложкин ва ҳамзамон фармонравои ӯст.
Манобеи рӯзноманигор Шмолин дар "РН-Охрана-Нижневартовск" ва ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ низ аз Политсковой ном бурданд. Ин бархурди манофеъ хилофи қоидаҳои дохилии «Ростнефт» буд ва, бино бар ин, ӯро муовини сардор таъйин карда, ба ҷои вай Ермек Аубакиров, зертобеи пешини генерал Романитса – муовини сардори пулиси Ханти-Мансийск мудири ширкат таъйин гашт.
Раҳбарияти "РН-Охрана-Нижневартовск" ба суолҳои РО посух надод. «Роснефт» посух дод, ки «маълумот асоси воқеӣ надорад».
Тибқи суҳбатҳои РО бо манбаъҳои гуногун дар Ханти-Мансийск, иқтисоди дуздиҳо тақрибан ба шакли зерин аст:
- Як тонна нафти полудашуда дар нуқтаҳои қабул 17-20 ҳазор рубл аст.
- Барои як мошини ҳомили 25,5 тонна нафт метавон наздики 450 ҳазор рубл дарёфт кард.
- Дар як шаб интиқоли 4-6 мошин имкон дорад. Яъне, даромад аз ҳисоби дуздии нафт дар як шаб аз 1,8 миллион то 2,7 миллион рубли русӣ аст.
- «Ҳақпулӣ» мутаносибан 2 миллион рублро ташкил медиҳад: 300 ҳазор барои кормандони маҳаллии ФСБ, 300 ҳазор барои кормандони ФСБ дар Тюмен, 300 ҳазор барои кормандони фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, 300 ҳазор барои сардори пулиси Ханти-Мансийский ва 300 ҳазор барои хадамоти амниятии ширкатҳои нафткаш, ки иҷозати фаъолият дар он минтақаро доранд. Ба ин маблағ «ҳақ»-и кормандони БДА низ илова мешавад. Барои намуна, тавре дар гузориши сардори пулиси Нижневартовск Сергей Зинченко аз соли 2014 омадааст, дар моҳи июли соли 2014 танҳо гуруҳи Сухов бар ивази 60 миллион рубл нафт фурӯхтааст ва пулис танҳо дар бораи 18 ҳолати дуздӣ дар «Лукойл» ва «Транснафт» хабар дошт, вале дар робита ба ин ҳолатҳо касе боздошт карда нашудааст.
Ягон ҳамсуҳбати РО ҳатто натавонист ҳаҷми тахминии нафти дуздиро дар яке аз ноҳияҳои Ханти-Мансийск номбар кунад. Пас, маълум аст, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ солона сухан аз миллиардҳо рубл хоҳад рафт.
"Тавре пеш буд: намояндагони гуруҳҳои ҷиноӣ, пулис, ФСБ, ширкатҳои хусусии муҳофизатӣ, БДА сари мизи гирд ҷамъ омада, нақшаи ояндаи корҳои ҷиноии худро баррасӣ мекунанд. Раҳбар аз ширкати муҳофизатӣ мепурсад, ки «Чӣ мушкил доред?», онҳо «мегӯянд, «ҳама хуб аст». Пулис, Шумо чӣ мушкил доред?», БДА? ФСБ? Агар мушкиле нест, пас, корро идома медиҳем ва ҳама чиз таҳти назорат аст", - нақл кардааст як манбаи рӯзноманигор Эдуард Шмонин дар "РН-Охрана-Нижневартовск" соли 2016. Барои Радиои Озодӣ маълум нест, ки ҳоло низ ин гуна «мизҳои мудаввар» баргузор карда мешаванд, ё не. Вале ба гуфтаи чандин манбаъ дар Ханти-Мансийск “низом тағйир наёфтааст”.
Як корманди ҳозираи ФСБ, ки дар гузашта дар муборизаҳо бар зидди дуздии нафт иштирок дошт, ба РО гуфт, агар дар ибтидои соли 2010 авҷи фаъолияти дуздҳо дар Ханти-Мансийск маҳсуб шавад, пас, то соли 2015 тавонистаанд, пеши роҳи гуруҳҳои асосии ҷиноиро бигиранд. Зеро дастгоҳи марказии ВКД Русия соли 2015 бахшҳои мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсияро дар бештари шаҳру вилоятҳо, ба ҷуз аз Ханти-Мансийск, Сургут ва Нижневартовск баст.
Ҳамин манбаъ ҳамчунин илова кард, ки на Вадим Пятилетов ва на генерал Василий Романитса ба дуздии нафт даст надоштанд ва суханҳое, ки дар бораи онҳо гуфта мешуд, танҳо "чёрний пиар" буд.
Сергей Хазов-Кассиа,
бахши русии Радиои Озодӣ