Сокинони Душанбе субҳи ҷумъа, 30 сентябр дар фазои ғуборолуд бедор шуданд. Мегӯянд, ҳавои пойтахт пургарду чанг аст, офтобро ба сахтӣ дида мешавад.
Вале интизор меравад, ки дар рӯзҳои баъдӣ ҳаво сербориш шавад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 29 сентябр сокинонро огоҳ кард, ки шурӯъ аз 30 сентябр то 2 октябри соли равон ҳарорати ҳаво якбора паст шуда имкони фаромадани сел дар манотиқи куҳсор вуҷуд дорад. Умеда Юсуфова, масъули Дафтари матуботи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 30 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, шурӯъ аз имруз то рӯзи якшанбе дар манотиқи Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад ва аз 27-29 дараҷаи имрӯза то ба 17 ва 20 дараҷа поин меравад.
Вай гуфт, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо назардошти паст шудани ҳарорати ҳаво ва эҳтимоли боришоти зиёду фаромадани сел ба сокинони манотиқи кӯҳсор машварат медиҳад, ки дар чарогоҳҳо аз эҳтиёт кор гиранд. Ҳамчунин вуқӯи раъду барқ дар манотиқ аз эҳтимол дур нест ва аз сокинон, бахусус ронандагон дархост шудааст, ки бо назардошти тағйироти ҳаво эҳтиёткорона ҳаракат кунанд.
Масъулини Идораи обу ҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 30 сентябр дар пойтахт гармии ҳаво ба 27 ва 29 дараҷа баробар буда, дар вилояти Суғд ба 18-23 дараҷа ва дар Хатлон ба 27-32 дараҷа баробар аст.
Хокрезиши имрӯза баъзе сокинони гирифтори маризиҳои қалбу диққи нафас ва ҳам фишори баланди хунро азият додааст. Файзулло Раҳмонови 61-сола мегӯяд, аз бемории қалб ранҷ мебарад ва пургарду ғубор шудани ҳаво вазъи саломатии ӯро бад кардааст. Ӯ мегӯяд, ҳавои тозаву пок гарави мӯътадил будани ҳолати нафарони мисли ӯ гирифтори бемории қалб аст ва дар ҳолати номусоидии ҳаво азият мешавад.
Як сокини дигари пойтахт Муҳаббат Саидова, ки 45 сол дорад, аз пасту баланд шудани фишори хун шикоят кард. Ӯ мегӯяд, тамоми шаб хоб надошт ва аз шаб то саҳар пайваста доруву дармон мехӯрд. Ҳоло, мегӯяд ӯ, роҳ ба сӯи бемористон гирифтааст.
Табибон машварат медиҳанд, ки ба ҳангоми номусоидии ҳаво, гирифторони дарди қалб бештар об нӯшанд, берун нараванду дар хона бимонанд ва дар ҳолати зарурӣ хешовандонашон омода бошанд, ки барояшон ёрии тиббиро даъват кунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад