Баҳси Убайдуллоев, Файзов, Шоҳиён бар сари пешниҳоди президент Раҳмон

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ гуфт, номзадии додраси Додгоҳи конститутсионӣ бо маҷлиси вилоятӣ ҳамоҳанг нашудааст, ҳарчанд аз он намояндагӣ мекунад.

Дар ҷаласаи Маҷлиси миллии Тоҷикистон рӯзи 11 июл ҳангоми баррасии номзад ба узвияти Додгоҳи Қонуни Асосӣ, ки ба намояндагӣ аз ВМКБ таъйин шудааст, баҳсе ба миён омад. Вақте пешниҳоди додраси Додгоҳи конститутсионӣ таъйин шудани Ҷамшед Ҷамшедзода қироат шуд, Ёдгор Файзов, раиси вилоят ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ дар бораи шеваи пешниҳод ва таъйини судя аз Бадахшон пурсид.

Файзов аз Абдулҳафиз Ашӯрзода, раиси Додгоҳи конститутсионӣ пурсид, ки магар бе мувофиқа бо маҷлиси вилоят пешниҳод кардани намоянда аз Бадахшон дуруст аст. Раиси Додгоҳи конститутсионӣ гуфт, пешниҳоди номзадҳо ба ҳайси додрас дар ин додгоҳ ҳаққи истисноии раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст ва бар асоси қонун ӯ, ҳақ дорад, бе машварат номзади хостаашро пешниҳод кунад.

Баъдан ба суоли Ёдгор Файзов, Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ айни посухро бо шарҳи бештар дод ва Муҳаммадсаид Убайдуллоев ҳам баъди варақ задани чандин санад гуфт, таъйини судяҳо дар ҳама додгоҳҳо дар ихтиёри раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст:

“Ин танҳо салоҳияти президенти Тоҷикистон аст, ки онро Конститутсия муқаррар кардааст. Ҳамон тавре, ки яке аз муовинони ман ҳатман бояд аз вилояти Бадахшон бошад. Маҷлиси миллӣ танҳо фармонҳои раиси ҷумҳурро тасвиб мекунад. Президенти кишвар тибқи салоҳияти худ нафари мавриди назарашро ба ин ё он вазифа таъйин мекунад”.

Зариф Ализода, намояндаи раиси ҷумҳур дар Маҷлиси Олӣ ҳам гуфт, ки бе мувофиқа бо маҷлиси вилоятӣ пешниҳод шудани номзадии Ҷамшед Ҷамшедзода мухолифи қонун нест. Баъди ин бо раъйи вакилони Маҷлиси миллӣ Ҷамшедзода Ҷамшед ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Тоҷикистон таъйин шуд. Бар асоси қонун, яке аз додрасҳои додгоҳи мазкур бояд аз Бадахшон бошад.

Дар поёни ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Маҷлиси миллӣ аз дигар вакилони маҷлис хост, зимни баррасии масоил суол кунанд ва тавзеҳ бихоҳанд, то масъала рӯшан шавад. Вай гуфт: “аз хомӯшии вакилон нигарон ҳастам ва ин аст камбудии шумо ва лаббастагии шумо нишон медиҳад, ки аз моҳияти масъала дур ҳастед. Маҷлиси миллӣ ҷои баҳсу машварат аст”.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ 11-уми июл гуфт дар ин баҳс ҳаққ бар ҷониби ҳарду тарафҳо аст, зеро, қонун муқаррар кардааст, ки раиси ҷумҳур бидуни машварат касеро ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ таъйин мекунад. Айни замон ба гуфтаи ӯ: “Дар Қонуни асосии Тоҷикистон омадааст, ки кишвари мо демократӣ мебошад. Пас, мақомот вазифадоранд, ки арзишҳои демократӣ ва мардумсолориро риоя кунанд. Фикр мекунам, ҳеҷ мушкиле набуд, агар раиси ҷумҳур номзадии нафареро ба ин вазифа нахуст бо мақомоти вилоят матраҳ мекард. Он вақт ҳеҷ зарурате набуд, ки баҳс ба сатҳи Маҷлиси миллӣ кашида шавад."

Ёдгор Файзов рӯзи 4 марти имсол аз ҳавзаи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд. Ёдгор Файзов дар курсии порлумон ва раиси вилоят ҷойгузини Шодихон Ҷамшед, раиси собиқи ин вилоят шуд.

Шодихон Ҷамшед то 1 октябри соли 2018 дар мақоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор карда, баъди интиқодҳои президенти Тоҷикистон аз тартибу интизом дар вилоят аз мақомаш барканор шуд. Маҷлиси Миллӣ қарору қонунҳои аз сӯи Маҷлиси намояндагон тасвибшударо тасдиқ мекунад ва ҳамчунин салоҳияти таъину барканории раҳбарону додрасҳои Додгоҳи Қонуни Асосӣ, Додгоҳ олӣ ва Додгоҳи олии иқтисодиро дошта, таъйин ва барканории додситони кулл ва муовинони ӯ низ бо ризоияти палатаи болоии парлумони Тоҷикистон сурат мегирад. Аз замони таъсисаш дар соли 2000 раёсати Маҷлиси миллиро Муҳаммадсаид Убайдуллоев бар ӯҳда дорад.