Пас аз марги ду ҷонвар дар Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе, ки ба вокунишҳои зиёде дар ҷомеа рӯ ба рӯ шуд ва иддае барои бастани он дар Интернет имзо ҷамъ оварданд, мудири ин муассиса аз мақоми худ барканор шудааст. Маҳмадалӣ Шарифов се сол боз раҳбарии боғи ҷонварони Душанберо ба дӯш дошт.
Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, қарори барканории Шарифов рӯзи 18-уми ноябр эълон шудааст, аммо ҷузъиёти қарор ва сабаби барканории ӯ маълум нест. Саидхоҷа Сафаров, муовини раиси Боғи ҷонварон ба Радиои Озодӣ гуфт, "қарор аст, имрӯз иҷрокунандаи вазифаи раҳбари боғ эълон шавад", вале тафсилот надод. Манобеи хабаргузории "Азия-Плюс" дар ҳукумати Душанбе гуфтаанд, ки дар кори Маҳмадалӣ Шарифов камбуд ёфтаанд. Маълум нест, камбуд аз чӣ иборат аст.
Тағйирот дар Боғи ҳайвоноти Душанбе дар ҳоле сурат гирифт, ки тақрибан як моҳ пеш ду ҷонвар талаф ёфтанд. Марги гавазн ва шутурмурғ дар моҳи октябри имсол борони танқидҳоро ба сари масъулони Боғи ҳайвоноти Душанбе рехт ва баҳси шароити нигаҳдории ҷонваронро дар ин боғ дубора доғ кард.
Видеоро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бино ба иттилои фаъолони муҳити зист, қабл аз ин ду рӯбоҳ ҳам дар боғ нобуд шуданд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва дӯстдорону ҳомиёни ҳайвонот вазъи нигаҳдории ҷонваронро дар ин боғ ҳузнангез тасвир карда, аз мақомот хостаанд, вазъро ислоҳ кунанд.
Он замон масъулони боғ шикоятҳо аз шароити нигаҳдории ҷонваронро беасос хонда ва гуфта буданд, ки сабаби марги ҷонварон табиӣ ва беморӣ будааст.
Барканории мудири Боғи ҳайвонот ҳам ба шабу рӯзе рост омад, ки гурӯҳе аз фаъолони муҳити зист барои ҳифзи ҷонварони боғ аз сардӣ ва гуруснагӣ дар Душанбе маҳфиле баргузор карда, пул ҷамъ оварданд.
Ин маҳфили саргармӣ ба хотири таъмини ғизову маводи дигари зарурӣ барои ҷонварони боғи ҳайвонот ба ибтикори Иттиҳодияи муҳити зист, гурӯҳе аз фаъолони ҳифзи муҳити зист ва намояндагони созмонҳои хориҷӣ шоми 15-уми ноябр дар Душанбе баргузор шуд.
Видео аз бойгонии Озодӣ. Гавазну шутурмурғ аз чӣ мурданд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба гуфтаи ташаббускорон, дар ин маърака беш аз 15 ҳазор сомонӣ (беш аз якуним ҳазор доллар) ҷамъ шудааст. Онҳо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ин маблағ дар ихтиёри Боғи ҷонварон гузошта намешавад ва фаъолони муҳити зист худашон ба ҷонварон ғизо мебаранд.
Мирзоназар Мирзоев, як намояндаи Иттиҳодияи муҳофизони табиат ба Радиои Озодӣ гуфт, "масалан, шер дар як рӯз бояд то 5 кило гӯшт хӯрад. Ё ҷонвари дигар як миқдори муайяни коҳ мехӯрад. Нархи хӯрок ҳоло қимат аст. Дар боғ ҷонварон зиёданд. Новобаста ба он ки боғ буҷаи худро дорад, фикр мекунем, ғизо намерасад. Бино бар ин, аввал аз кумаки ғизоӣ шуруъ мекунем."
Елена Бухориева яке аз мубтакирони ёрӣ ба ҷонварони боғи ҳайвонот аст. Вай даҳ сол боз пайваста аз ҳисоби маоши худ ба ҷонварони боғи ҳайвонот маводи ғизоӣ мебарад ва кумак мерасонад. Бухориева аз мушоҳидаҳои худ гуфт, "як сабаби марги ҷонварон камбуди ғизо ва шароити бади қафасҳо аст."
Бухориева мегӯяд, дар Боғи ҳайвоноти Душанбе ба ҷонварон ба таври кофӣ хӯрок дода намешавад ва онҳо аз гуруснагӣ азият мекашанд. "Ҷонварон бояд дар як рӯз ду дафъа хӯрок хӯранд. Вале ба фикри ман дар боғи ҷонварон ба онҳо чунин хӯрок дода намешавад. Чун ман ҳам ҳар бор як рӯз баъд ба назди онҳо меоям мебинам, ки чӣ тавр ҷонварон ба хӯрок ҳамла мекунанд," -- афзуд ӯ.
Масъулони Боғи ҳайвоноти Душанбе мегӯянд, вазъияти ҷонварон ба он ҳадде бад нест, ки баъзе аз намояндагони созмонҳои муҳити зист тасвир мекунанд. Ду рӯз пеш Маҳмадалӣ Шарифов, раиси ҳоло барканоршудаи Боғи ҳайвоноти Душанбе, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин муассиса хӯроки кофӣ дорад ва ҳатто омодаанд ёрии созмонҳоро напазиранд.
Боғи ҳайвоноти Душанбе солҳои шастуми асри гузашта сохта шудааст ва то ин замон бозсозии зиёдеро аз сар нагузарондааст. Дар ин боғ ҳоло беш аз 1000 ҷонвар нигаҳдорӣ мешавад. Боғи ҷонварони Душанбе борҳо бо ҳодисаҳои гуногун сархатти ахбори расонаҳои Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Се сол пеш додситонии шаҳри Душанбе баъди талаф шудани ду мор дар сӯхтор, алайҳи як масъули "Боғи ҳайвонот" барои хунукназарӣ парванда боз кард. Марги “Турсунбой” -- ягона баҳмути ин боғ ҳам, ки ба гуфтаи мақомот аз "сактаи дил" мурд, таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба ин муассиса ҷалб кард.
Тамошочиён ва сокинон пайваста бо нашри аксу навор аз ҳоли ҷонварон дар дохили панҷараҳо шароити боғро интиқод мекунанд. Бархе аз ин боғ ба унвони “зиндони ҷонварон” ном мебаранд ва бархе ҳам нигаҳдории ҷонваронро дар чунин шароит номумкин медонанд.
Аммо мудири акнун собиқ ва муовинони ӯ пайваста мегуфтанд, мувофиқи имкон барои ҷонварон шароитро фароҳам овардаанд.
Солҳост ҷонваршиносон барои сохтмони як боғи нав бо меъёрҳои замонавӣ садо баланд мекунанд ва ин мавзуъ дар ҷаласаҳои ҳукумат ҳам баррасӣ шудааст. Барои бунёди боғи нави ҳайвонот ҳукумати шаҳр дар канори Душанбе минтақаи Чорбоғро интихоб кардааст, аммо ҳанӯз маълум нест ин боғ кай ва дар чӣ шакле сохта хоҳад шуд.