Рӯзҳои 11-12 сентябр Душанбе мизони нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай аст. То лаҳзаҳое ки ин гузориш омода мешуд, алакай 9 президент ва 1 муовини сарвазир ба манзури ширкат дар ин нишасти муҳими минтақавӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шуда буд.
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, дар маҷмӯъ қарор аст, дар нишасти Душанбе 10 кишвар дар сатҳи президентҳояш ва 2 кишвари дигар дар сатҳи вазирони хориҷа ширкат кунанд.
Ба ин тартиб, шаҳри Душанбе дар ин шабу рӯз як шаҳри пур аз президент аст ва мизбони нафароне ки сози аввалро дар сиёсати як минтақаи бузург мезананд. Аммо сокинони пойтахти Тоҷикистон раҳбарони кишварҳои узви ин созмонро то куҷо мешиносанд? Пурсиши хабарнигорони Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе натиҷаҳои то як андоза ғайриинтизоре дод.
Ин навори ҷолибро инҷо тамошо кунед:
Дарҳои Шанхайро дар Душанбе калонтар хоҳанд кушод?
Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, рӯзҳои 11-12 сентябр мизбони нишасти солонаи сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай мешавад. Тоҷикистон бо ҳамин раёсати яксолааш дар ин созмони минтақавиро анҷом дода, раҳбариро ба Маскав месупорад.
Баррасии қоидаҳои қабули аъзои нави Созмони ҳамкориҳои Шанхай яке аз муҳимтарин масъалаҳои матрӯҳа дар рӯзномаи кори нишасти сарони кишварҳои узви ин созмон дар "Кохи Наврӯз" дар пойтахти Тоҷикистон хоҳад буд. "Кохи Наврӯз" бори аввал маҳз барои меҳмонони ин нишаст дарҳои худро боз мекунад, вале маълум нест, ки худи созмон дарҳояшро ба рӯи аъзои нав то куҷо бозтар хоҳад кард. Дар ҳар сурат, Эрон гуфтааст, бо мушаххас шудани ин қоидаҳо барои пайвастан ба узвияти комили Созмони Шанхай ҷаҳд хоҳад кард.
Нишасти сарони Шанхай дар Душанбе рӯзи 11 сентябр бо вуруди сарони кишварҳои узв ва нозир ба пойтахти Тоҷикистон оғоз хоҳад ёфт. Шоми 11 сентябр консерти тантанавие ба шарафи меҳмонони нишасти Душанбе баргузор мешавад.
Аммо рӯзи асосии нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Шанхай ҷумъаи 12 сентябр аст. Тибқи барнома, нишастҳои рӯзи ҷумъа аз аксбардории муштараки сарон дар соати 09-50 шурӯъ шуда, ба дунболи он ҷаласаи сарони кишварҳои узв дар ҳайати маҳдуд, сипас аксбардории муштараки сарони кишварҳои узву нозир ва меҳмони ифтихории нишасти Душанбе ва ҷаласаи сарони Созмони Шанхай дар ҳайати васеъ доир хоҳад шуд. Барномаи нишаст, интизор меравад, бо тасвиби аснод ва пахши изҳорот барои матбуот дар соати 14-05 ба поён бирасад. Баъд аз зӯҳри 12 сентябр аксари меҳмонони нишасти Душанбе ба кишварҳои худ бармегарданд.
Дар ҳошияи нишасти сарон
Дар ҳошияи нишасти сарони Шанхай дар Душанбе баргузории як силсила мулоқотҳову нишастҳои дуҷонибаву чандҷонибаи сарони ин кишварҳо низ дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ҳанӯз рӯзи 10 сентябр вориди Душанбе шуд ва то оғози нишасти Шанхай сафари расмиаш ба Тоҷикистонро анҷом медиҳад.
Ҳамчунин баъди анҷоми нишасти Шанхай рӯзҳои 13-14 сентябр раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин сафари давлатиаш ба Тоҷикистонро доир хоҳад кард. Ҷинпин дар чорчӯби ин сафар дар расми хатми сохтмони маркази дуюми гармидиҳии Душанбе ва ҳам дар маросими оғози сохтмони хатти чоруми лӯлаи гази “Осиёи Марказӣ –Чин” дар рустои Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ширкат мекунад. Мақомоти Душанбе мегӯянд, харҷи сохтмони ин лӯла, ки 400 километраш аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад, тақрибан 3 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.
Рӯзи 11 сентябр нишасти раҳбарони кишварҳои форсизабони Тоҷикистону Эрону Афғонистон низ дар назар дошта шуда, имкон дорад, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ин фурсати муносиб барои мулоқотҳои дуҷониба бо ҳамтоёни русу қазоқу қирғиз ва узбакаш низ истифода кунад. Хусусан дар ҳоле ки байни онҳо ҳарфҳои гуфтанӣ зиёд ҷамъ шудааст. Ин нахустин сафари раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ба Тоҷикистон дар 6 соли охир ва нахустин боздиди раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз Душанбе дар пайи силсилаи даргириҳои хунин дар марзи ин ду кишвар аст. Ҳамин тавр, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин низ баъд аз бӯҳрони Украина барои бори аввал ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Мақомоти Душанбе мегӯянд, дар нишасти сарони Шанхай 10 давлат раҳбарони аввали худро мефиристанд ва 2 кишвар дар сатҳи вазирони хориҷаашон ҳузур хоҳанд ёфт. Дар ин нишаст раҳбарони 7 созмони байналмилалӣ низ ширкат хоҳанд кард. Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 8 сентябр дар як брифинги вижа бо ишора ба ҳузури 10 президент дар нишасти солонаи созмони Шанхай гуфт, “имсол пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба маркази геополитикии ҷаҳон мубаддал мегардад.”
Қоидаҳои қабули аъзои нав
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як мусоҳибаи нодираш бо матбуоти маҳаллӣ, ки дар арафаи нишасти Душанбе ба ҳафтаномаи “Тоҷикистон” додааст, низ ба имкони тағйироти ҷиддӣ дар таркиби Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар ин нишаст ишора кардааст. Дар ин сӯҳбат, ки рӯзи 9 сентябр нашр шуд, оқои Раҳмон аз ҷумла гуфтааст: “Дар вохӯрии навбатӣ лоиҳаҳои Тартиби додани мақоми кишвари узви СҲШ ва Ёддошти намунавӣ дар бораи ӯҳдадориҳои кишвари дархосткунандаи мақоми кишвари узви СҲШ дар таҳрири нав мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Ин ҳуҷҷатҳо ба тавсеаи ҳудуди ҷуғрофии СҲШ равона шуда, дар навбати худ ба густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба дар минтақа ба таври самаранок таъсир хоҳанд гузошт.”
Аммо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров масъалаи қабули аъзои нав ба Созмони Шанхай зоҳиран баъди ба дасти Русия гузаштани раёсати ин созмон матраҳ хоҳад шуд.
Бо ин вуҷуд, сафири Эрон дар Узбакистон Алӣ Мардонифард ба хабарнигорон гуфтааст, дар Теҳрон бовар доранд, ки нишасти Душанбе роҳро барои пазируфтани кишварҳои бештар ба узвияти Созмони Шанхай ҳамвор хоҳад кард ва Эрон ба муҷарради мушаххас шудани қоидаҳои қабул ба сурати фаъолона талош хоҳад кард, то ба узвияти комили ин созмони минтақавӣ ноил шавад. Тоҷикистон дар тӯли солҳо талош карда буд, то ба пазируфтани кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳангаш - Эрону Афғонистон - ба Созмони Шанхай мусоидат кунад, вале ин талошҳояш то ҳол бенатиҷа буданд.
Аммо Украина...
Дар ҳамин ҳол, Юрий Ушаков, ёвари раисиҷумҳури Русия гуфтааст, “дар назар дошта шудааст, ки дар Эъломияи Душанбе ҳарфҳое дар масъалаи Украина, ки дар ҷараёни нишасти пушти дарҳои баста баҳсаш хоҳад шуд, низ ҷо дода шаванд.” Ба гуфтаи Ушаков, интизор меравад, сарони кишварҳо аз идома музокироти сулҳ ба хотири ҳалли бӯҳрони Украина ва истиқрори ҳарчӣ зудтари оромиӣ дар ин кишвар пушутибонӣ кунанд.
Таърихчаи Созмони Шанхай
Манобеи русӣ мегӯянд, дар Душанбе Стратегияи рушди Созмони ҳамкориҳои Шанхай то соли 2025 низ тасвиб хоҳад шуд, ки “боз ҳам боло бурдани нуфузи эътибори ин созмони минтақавӣ дар саҳнаи ҷаҳониро ба ҳадаф дорад.”
Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар ҳоли ҳозир 6 кишвар - Чин, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро муттаҳид мекунад, дар заминаи “Панҷгонаи Шанхай”, ки Чин, Русия ва се кишвари бо Чин ҳаммарзи Осиёи марказиро бо ҳадафи ҳалли баҳсҳои марзиашон бо Пекин муттаҳид мекард, ташкил шудааст. Ин созмон дар чорчӯби "Панҷгона" аз соли 1996 то оғози асри равон амал карда, дар соли 2001 баъди ҳалл шудани баҳсҳои марзии Чин бо ин кишвар ва ба он пайвастани Узбакистон "шашгона" шуд ва номи “Созмони ҳамкориҳои Шанхай”-ро гирифт.
Эрон, Ҳинд, Афғонистон, Муғулистон ва Покистон дар Созмони Шанхай мақоми нозирро дошта, барои пайвастан ба узвияти комили он низ азм нишон додаанд, вале дар 13 соли охир Созмони Шанхай ба пазируфтани дархосте ягон узви бештар алоқа нишон надодааст.
Созмони ҳамкориҳоои Шанхай дар ҳоли ҳозир дар қаламрави 30 миллион километри мураббаъ, ё 60 дарсади қаламрави АвроОсиё доман густурда, дар ҳудуди он 1 миллиарду 455 миллион нафар, ё тақрибан чоряки аҳолии дунё ба сар мебарад. Дар сурати пазируфтани ҳамаи кишварҳои соҳиби мақоми нозир ба узвияти комил шумораи аҳолии кишварҳои узви Созмони Шанхай аз 3 миллиард нафар хоҳад гузашт.
Як соли раёсати Душанбе
Аммо як соли раёсаташ бар Созмони ҳамкориҳои Шанхай барои Душанбе чӣ гуна анҷом мешавад? Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мусоҳибааш бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” раёсат дар ҳама гуна созмонро барои ҳар кишвар “масъулияти бузург” ва “обрӯй ва чеҳраи давлат” номида, раҳбарии Тоҷикистон бар Созмони Шанхайро дар як соли гузашта ба сурати умум “бомуваффақият” баҳо додааст: “Давраи раёсати Тоҷикистон дар СҲШ зери шиори «Ҳамкорӣ, Рушд ва Шукуфоии муштарак» ҷараён дорад. Мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, ки ин шиор дар татбиқи амалии масъалаҳое, ки дар рӯзномаи созмон қарор доранд, нақш дошта бошад.”