Додгоҳи шаҳри Душанбе як сокини 25-солаи пойтахти Тоҷикистонро барои фурӯши наворҳои гурӯҳи мамнӯъи «Давлати исломӣ» дар назди масҷид ва дӯкони фиттафурӯшӣ ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ мегӯяд, Х.И наворҳои дорои хусусияти ифротгароиро аз шабакаҳои иҷтимоӣ, мисли «Одноклассники» дар дискҳо сабт карда, ба сокинон фурӯхтааст.
Дар дохили фиттаҳои фурӯхташудаи ӯ сӯҳбатҳои ҷавонони тоҷики узви «Давлати исломӣ» (ДИИШ), сӯҳбатҳою роликҳои таблиғотии аъзои «Гурӯҳи 24» ва дигар наворҳои қатлу куштор аз саҳнаҳои ҷанги Ироқу Сурия будааст.
Алишо Қурбониён, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 8-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҷавон бар асоси моддаи 307, қисми 2, банди “а”-Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне даъвати оммавӣ ба фаъолияти ифротгароӣ дар ду зинаи додгоҳӣ пурра гунаҳкор дониста шуд. Ба гуфтаи ӯ, ин ҷавон аввалан фиттаҳоро дар масоҷиди Душанбе ба сокинон ҳамчун «суруду клипҳои исломӣ» муаррифӣ карда, бо нархи то се сомонӣ мефурӯхтааст. Қурбониён мегӯяд, дар наворҳо ифротгароӣ ва суханҳои зидди сохти конститутсионӣ сабт шуда буданд.
Аммо ин фурӯшандаи наворҳои, ба гуфтаи мақомот, ифротӣ замоне боздошт мешавад, ки шаш сокини Душанбе пас аз тамошои онҳо ва дарки мӯҳтавои онҳо ба мақомот шикоят мебаранд.
Дар ҳалномаи додгоҳ омадааст, бо фурӯши фиттаҳо миёни сокинон ин ҷавон қаноат накарда, намунаҳои дигареро бо номи “Клипҳои исломӣ №3“ ва “Сурудҳои исломи №4” бо теъдоди 94 дона нашр ва ба як дӯкони фиттафурӯшӣ ба таври яклухт, бо нархи 1 сомонию 20 дирам мефурӯшад. Замоне мақомот ба дукони фиттафурӯшӣ мераванд, алакай 68 фитта фурӯхта шуда буд.
Алишо Қурбониён, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе мегӯяд, маҳкумшуда огоҳона ва ба хотири таблиғи ақидаҳои ифротӣ ва зидди ҳукуматӣ ин корро анҷом додааст. Аммо фурӯшандаи фиттаҳо ва сокиноне, ки онро харидорӣ кардаанд, дар мурофиаҳои додгоҳӣ гуфтаанд, замони харидорӣ аз мӯҳтавои онҳо огаҳӣ надоштанд ва фикр карданд, ин фиттаҳои амри маъруфу сурудҳои исломист.
Ҳоло фурӯши фиттаҳои диниву мазҳабӣ дар Тоҷикистон бе хулосаи диншиносии Кумитаи дини Тоҷикистон ва идораи «Тоҷиккино» мумкин нест. То соли 2011 фиттаҳо бо маъвизаҳои рӯҳониён бидуни мушкил дар хиёбонҳои шаҳрҳои Тоҷикистон фурӯхта мешуд. Аммо моҳи сентябри соли 2011 «Тоҷиккино» бидуни иҷоза фурӯхтани ин гуна фиттаҳоро манъ кард. Ҳоло наворҳои гурӯҳҳои ифротӣ бештар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нашру паҳн мешаванд.
Ҷамшед Темуров, як коршиноси тоҷик мегӯяд, фурӯши хиёбонии чунин фиттаҳо дар шароити кунунӣ аҷиб ва ғайриинтизор ба назар мерасад. Ӯ мегӯяд, ҳоло паҳн кардани фиттаҳо бо ҳадафи тарғиби гурӯҳҳои ифротӣ ба як усули кӯҳнашуда табдил ёфтааст.
«Ҳоло тариқи шабакаҳи иҷтимоӣ, барномаҳои телефонии Вайберу ВотсАпп ин наворҳо паҳн мешаванд ва рӯз то рӯз шеваи кори гурӯҳҳои ифротӣ ба истилоҳ «муосиртар» мешавад. Ҳоло ҷавонеро пайдо кардан мушкил аст, ки ақалан аз шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» истифода накунад ва ё барномаи Вайбер дар телефонаш насб нашуда бошад. Усулҳои тарғиботии ифротиён нав шудааст, аммо мубориза зидди онҳо бо ҳамон усули қадима идома дорад. Шеваи идеологии мубориза бо ин гурӯҳҳо бояд нав ва муосиртар шавад,» -мегӯяд ӯ.
Бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон як ҷавонро барои фурӯш ва паҳни наворҳои гурӯҳи мамнӯъи «Давлати исломӣ» зиндон мекунанд. Ин гурӯҳ бештар наворҳои таблиғотии худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунад. Гурӯҳи худхондаи «Давлати исломӣ», ки бо кушторҳои берҳамонаи худ шинохта мешавад, ҳоло қисмате аз ҳудудҳои Сурия ва Ироқро зери назорат дорад. Рӯҳониёни тоҷик ва дигар уламои маъруфи олами Ислом ин гурӯҳро зиддиисломӣ хонда, пайвастан ба онро хилофи «Қуръон» меноманд.
Тибқи иттилои расмӣ, ба ин гурӯҳ беш аз 500 ҷавони тоҷик пайваста буд, ки зиёда аз 300 нафараш кушта шудааст. Аммо зиёда аз 50 нафар ба Ватан баргашта, дар наворҳои шабакаҳои давлатӣ аз эҳсоси пушаймонии худ ва бераҳмиҳои ин гурӯҳ қисса кардаанд.