"Душанбе" қаҳрамони Тоҷикистон миёни дастаҳои бонувон шуд

Акс аз сомонаи ФФТ

Дастаи футболи «Душанбе» зери раҳбарии мураббӣ Зебо Гасимова бори панҷум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон байни тимҳои бонувон мушарраф шуд. Ин даста, ки пештар «Зебонисо» ном дошт, солҳои 2018, 2020, 2022 ва 2023 дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ғолиб гардида буд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқаи қаҳрамонии кишвар миёни бонувон имсол бо иштироки даҳ бошгоҳ - «Душанбе» (Душанбе), «Вахш» (Бохтар), МДМВ (Кӯлоб), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав), «Ситора» (Шаҳринав), «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), «Канд» (Конибодом), «Бунҷикат» (Шаҳристон) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) - доир шуд.

Дастаҳо дар ду марҳила мубориза бурданд. Дар марҳилаи аввал дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Дар гурӯҳи «А» шаш даста дар чаҳор давр ва дар гурӯҳи «Б» чаҳор даста дар панҷ давр қувваозмоӣ карданд. Аз рӯйи натиҷаи марҳилаи муқаддамотӣ аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд.

Дар даври ниманиҳоӣ «Вахш» бар «Бунҷикат» бо ҳисоби 2:0 ва «Душанбе» бар “Хуҷанд” бо ҳисоби 13:0 пирӯз шуда, ба финал баромаданд. Замони асосии бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои «Душанбе» ва «Вахш» бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Аз рӯйи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ душанбегиҳо бо ҳисоби 4:1 ғолиб шуданд.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюм «Бунҷикат» бар “Хуҷанд” бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, барандаи ҷоизаи биринҷии мусобиқот гардид.

Бар асоси натоиҷи мусобиқот Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон, инчунин, барандагони ҷоизаҳои инфиродиро муайян кард. Муниса Гулова («Душанбе») беҳтарин дарвозабон дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин нишонзан бо 43 гол насиби Сайёра Саидова («Душанбе») гардид. Шаҳноза Бобоева («Вахш») ҷоизаи беҳтарин бозигари дастаи шаҳри Бохтарро гирифт. Зебо Гасимова («Душанбе») беҳтарин мураббии мавсими соли 2024 дониста шуд. Ором Насруллоева аз дастаи «Бунҷикат» беҳтарин бозигари лига эълон гардид.