Шаҳрдории Душанбе дар як номаи расмӣ ба унвони дафтари душанбегии Радиои Озодӣ ба матлаби нашршуда дар сомонаи Озодӣ таҳти унвони «Шамсиддин Мирзоев: "Мақомот гапи президентро ҳам намегиранд» вокуниш кардааст.
Дар номае ки рӯзи 8 май бо имзои раҳбари дастгоҳи шаҳрдории Душанбе Ф.Улмасов ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфта мешавад, ки даъвои донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ Шамсиддин Мирзоев дар мавриди ин ки гӯё раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳрдори Душанбе амр додааст, ки Шамсиддин Мирзоевро бо манзил таъмин кунанд, “ягон асоси воқеӣ надорад, зеро супориш ё дастур маҳз оиди бо манзил таъмин намудани Шамсиддин ба Раиси шаҳр дода нашудааст."
Шикояти Шамсиддин Мирзоев аз беманзилӣ рӯзи 7 май дар сомонаи Озодӣ нашр шуд.
http://www.ozodi.org/content/story-of--tajik-youth-complaint-twice-to-tjk-president/25374711.html
Дар ин ҷо матни пурраи номаи расмии шаҳрдории Душанбе дар вокуниш ба ин матлабро нашр мекунем:
Ба директори бахши тоҷикистонии
радиои «Озодӣ» Андамов Х.Ш.
Муҳтарам Хуршед Шамсович,
Бо баррасии матлаби 07 майи соли 2014 дар сомонаи радиои «Озодӣ» интишоршуда - «Шамсиддин Мирзоев: "Мақомот гапи президентро ҳам намегиранд», Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе расман изҳор менамояд, ки андешаҳои иброздоштаи муаллиф: «Шамсиддин мегӯяд, раиси ҷумҳур ба раиси шаҳри Душанбе супориш дода буд, ки ба мушкили вай дар бораи манзили зист расидагӣ кунанд. Аммо шабу рӯз дар фикри он аст, ки баъд аз як сол, ки донишгоҳро хатм мекунад ва дигар барои вай дар хобгоҳи донишгоҳ ҷой намемонад ҷомадонашро аз хобгоҳ гирифта ба куҷо мебарад?» ягон асоси воқеӣ надорад, зеро супориш ё дастур маҳз оиди бо манзил таъмин намудани Шамсиддин ба Раиси шаҳр дода нашудааст.
Ба хотири раҳгум назадани хонанда ва пешгирӣ аз махлутсозии фазои иттилоотӣ нисбати фаъолияти шаҳрдорӣ зикр менамоем, ки муроҷиати электронии донишҷӯи соли дуюми факултаи физикаи бахши ғоибонаи Донишгоҳии миллии Тоҷикистон Мирзоев Шамсиддин, зимни ворид гардиданаш 5 марти соли 2012 мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор гирифта буд ва 9 марти соли 2012 ба ӯ ба маблағи 921 сомонӣ барои харидории маводи хӯрока ва сару либос кӯмаки молиявӣ ва чиптаи моҳонаи истифодаи автобусу троллейбус ва як адад телефони мобилӣ бо рақами 95-148-62-09 дастрас карда шуд.
Илова бар он бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №146 аз 3 апрели соли 2012 ба Мирзоев Шамсиддин кӯмаки моддии якдафъаина ба маблағи 1500 сомонӣ расонида шуд.
Ҳамзамон тазаккур бояд дод, ки ба номбурда мувофиқ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда бинобар дар шаҳри Душанбе надоштани қайди ҷойи зист ғайриимкон будани қонеъсозии дархосташ бобати бо ҷои зист таъмин кардан, фаҳмонида, илова бар он посухи расмӣ низ дастрас гардида буд.
Гузашта аз ин, Ш. Мирзоев дар курси чоруми шуъбаи ғоибонаи факултаи физика мехонад ва новобаста аз он, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо ба донишҷӯёни шуъбаи ғоибона хобгоҳ намедиҳанд, раёсати донишгоҳ ӯро дар хобгоҳи №5, воқеъ дар шаҳраки 46-ум бо ҳуҷра таъмин кардааст.
Бо таъкиди андешаҳои боло бо тамоми масъулият талаб менамоем, ки ҳангоми таҳлилу бардоштҳои дилхоҳ масъалаҳо аз ҷониби рӯзноманигорони муҳтарам аз ҳаёти шаҳрдорӣ сирф бидуни таҳрифи воқеият, бо инобати андешаи тарафи масъул муносибат карда шавад, зеро таҳрифкорӣ дар тафаккури ҷомеа хисорот ворид месозад, ки пайомадҳои он ба муаллиф ва идораи сомона ҷавобгарии қонунӣ дорад.
Бо эҳтиром, Ф. Ӯлмасов.»