Ба донишҷӯёне, ки имсол ба далели ширкат дар раҳпаймоӣ аз таътили тобистона маҳрум монданд, давоми нӯҳ моҳ автобусу троллейбусҳои пойтахт ройгон хизмат мерасонанд.
Шаҳрдори Душанбе рӯзи 20 уми январ қароре қабул кард, ки тибқи он 12 ҳазор донишҷӯи ҷалбшуда дар барномаҳои театрикунонидашудаи ҷашни истиқлолият, аз пардохти роҳкиро дар автобусу троллейбус озод хоҳанд буд.
Донишҷӯён аз ин таваҷҷӯҳ ва қадрдонии шаҳрдори Душанбе истиқбол мекунанд, аммо ба гуфтаи аксарият автобусу троллейбусҳо, танҳо дар роҳҳои марказӣ хизматрасонии хуб доранд ва дар роҳҳои дигар чандон ба дард намехӯранд. Мирзораҳим Сафаров, донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ аз мусофирони аслии троллейбус аст. Ӯ ҳар рӯз бо ин мусофирбар ба дарс меравад. Хабари ройгон шудани автобусу троллейбус барои донишҷӯёне, ки дар раҳпаймоии бахшида ба иди истиқлолият ширкат доштанд, бештар аз ҳама Мирзораҳимро хушҳол кардааст. “Роҳи донишгоҳи мо аз роҳи марказии пойтахт мегузарад ва ин ҷо троллейбусҳо зуд-зуд мегузаранд. Агар ройгон шавад, албатта кӯмаки хубе барои мо хоҳад буд.”
Сафар, як донишҷӯи донишгоҳи омӯзгорӣ мегӯяд, хонааш дар маҳаллаи 112 пойтахт аст ва аз он ҷо ягон автобус ё троллейбус ба ин ҷо намеояд. Ман бо ду маршрутка 25 ва баъд 22 меоям. Аз автобус истифода намекунам, агар ба маршруткаҳо имтиёз медоданд, беҳтар буд”.
Фирдавси донишҷӯи донишгоҳи миллӣ, ки дар басти дуввум мехонад ва барои сарфа кардани маблағ аз троллейбус истифода мекунад, мегӯяд ин нақлиёти душоха ӯро дар як соат ва дар як шароити ифлос то ба донишгоҳ мерасонад. Ба бовари Фирдавс 9 моҳи истифодаи ройгон аз нақлиёт албатта кӯмаки хубест барои донишҷӯ, аммо ба шарте, ки сифати хизматрасонии ин нақлиётҳо ҳам беҳбуд ёбад. Фирдавс гуфт:
«Ман дар маҳаллаи 46 зиндагӣ мекунам, агар ба маршрути хатсайри 54 рафта оям, дар як рӯз 4 сомонӣ сарф мешавад, агар бо троллейбус равам 70 дирам, барои рафту баргашт 1 сомону 40 дирам сарф мешавад. Агар 9 моҳ барои мо ройгон бошад, як имконияти хеле хуб фароҳам хоҳад шуд, аммо сифати хизматрасонӣ дар троллейбус ба ман писанд нест. Аз як тараф хуб аст, ки фароху васеъ аст, аммо тозагӣ риоя намешавад ва ҷойҳои нишасте, ки барои мардум муқаррар шудааст, тоза нест ва ба ин чиз аҳамият дода намешавад».
Ба гуфтаи муттахассисони соҳаи нақлиёт, дар пойтахт солҳои пеш як бахши аслии мусофирони автобусу троллейбусҳо донишҷӯён буданд. Аммо ҳоло донишҷӯён бештар ба микроавтобусҳо бартарӣ медиҳанд. Масъулини муассисаи давлатии “Душанбенақлиётхадамотрасон” мегӯянд, далелаш на мушкил дар кори автобусу троллейбусҳо, балки танбалии худи донишҷӯён аст.
Абдуҳалим Маҷидов, мудири шӯъбаи равобит бо аҳолӣ ва ахбори оммаи муассисаи давлатии комуналии шаҳри Душанбе мегӯяд: «Дар роҳҳо ягон мушкилӣ нест. Умуман автобусу троллейбус тибқи норма 16-18 километр роҳро дар як соат тай мекунанд. Мусофирони мо одат кардаанд, ки аз нақлиёти сабукрав истифода баранд ва тез расанд. Барои истифода аз автобусу троллейбус ним соат пештар баромадан даркор. Мо ҳам дар вақташ донишҷӯ будем ва як соат барвақттар хеста ба роҳ мебаромадем”.
Барои омодагӣ ба ҷашни истиқлолият бо супориши ҳукумат ва қарори взаорати маориф аз Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон 5 ҳазор ва аз донишгоҳи омӯзгорӣ 3500 нафар ҷалб шуданд. Раъно Бобокалонова, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ мегӯяд, донишгоҳ тибқи ваъда ба ширкатдорони “маршировка” кӯмакпулӣ дод. «Барои 500 нафар донишҷӯёне, ки ду моҳ дар барномаи театрикунонида машқ карданд, ду дафъа дар ҳаҷми 227-сомонӣ кӯмакпулӣ дода шуд, бо роҳкиро, хӯроки якдфъаина ва ҳамчунин бо оби нушокӣ таъмин кардем. Онҳо дар ин ду моҳ бо хобгоҳи ройгон ҳам таъмин буданд”, гуфт Раъно Бобокалонова.
Аммо донишҷӯён мегӯянд, на ҳама ваъдаҳое, ки ба онҳо барои ширкат дар раҳпаймоии идона дода шуда буд, иҷро шудааст. Бархе мегӯянд, як ваъда ин буд, ки ба шахсоне, ки стипендия намегиранд, стипендияи якмоҳа дода мешавад. Ҳоло ин донишҷӯён умедвори гирифтани ин ваъдаҳо мебошанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад