Шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев бо изҳори нигаронӣ аз фаъолияти марказҳои дилхушии пойтахт хостори танзим ва "ба реҷаи муайян даровардан"-и кори ин марказҳо шудааст.
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳри Душанбе рӯзи 29-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҷаласаи рӯзи душанбеи ҳукумати шаҳр Муҳаммадсаид Убайдуллоев аз он нигаронӣ кардааст, ки баъзе марказҳои дилхушӣ «хилофи қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ» то субҳгоҳон фаъолият менамояд. Шаҳрдори Душанбе сабаби инро « камфаъолиятии сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» донистааст.
Сухангӯи шаҳрдорӣ ҳеҷ маркази дилхушиеро номбар накард, ки Убайдуллоев аз он ном бурда бошад. Аммо ба гуфтаи шаҳрдории Душанбе, фаъолияти аз низом беруни марказҳои дилхушӣ боиси коҳиши фазои ахлоқӣ ва таблиғи арзишҳои номатлуб миёни ҷавонон мешавад.
Ба гуфтаи ҷаноби Саидов, раиси шаҳр ба масъулони раёсати корҳои дохилии Душанбе ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур додааст, ки барои пешгирии фаъолияти ғайриреҷавии марказҳои дилхушӣ ва ҳам нисбат ба хилофкорон тадбирҳои «таъхирнопазир» андешанд.
Ҳамзамон Бурҳон Назаров, муовини раиси шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки то 1-уми январи соли 2014 барои ба низом даровардани масъалаи додани тартиби реҷаи корӣ ба марказҳои дилхушӣ ва риояи он чораҳо андешад. Ҳамчунин аз додситони шаҳр даъват шудааст, ки чунин марказҳоро мавриди санҷиш қарор диҳад.
Марказҳои дилхушии шабона бояд аз соати 22 то нимаи шаб кор кунанд, вале аксари онҳо бар хилофи муқаррарот, то субҳ кор мекунанд. Гуфта мешавад, ин марказҳо макони фароғати асосан фарзандони мансабдорони баландпоя ва сарватмандон аст ва мақомоти интизомӣ қудрати сарбасар шудани бо соҳибони "пушташон хеле зӯр"-и ин марказҳоро надоранд.
Дар Душанбе чандин маркази дилхушӣ фаъолият доранд, ки "People", "Snet83", "Opera", "Pyramida", "Manhatten", "VIP" ва "Choco" аз ҷумлаи маъруфтаринҳои онҳост. Вале ҷавонон мегӯянд, шумори зиёди тарабхонаҳо низ баъд аз поси шаб самти фаъолияти худро каме тағйир дода, ба диско-клубу найт-клуб табдил мешаванд. Ахиран мақомот ҳатто як манзили хусусиро ҳам кашф карданд, ки шабона ғайриқонунӣ ҳамчун маркази дилхушӣ амал мекард.
Мояи дигари нигаронӣ аз фаъолияти чунин марказҳо ба як макони таҷаммӯъи танфурӯшҳо ва ҳам фурӯши маводи мухаддир ва мадҳушкунанда табдил шудани марказҳои дилхушист. Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки дар давоми 7 моҳи аввали соли равон дар марказҳои дилхушии кишвар 6 мавриди харидуфурӯши маводи психотропиро ошкор кардааст. Рустам Назаров, раиси ин ниҳод дар як нишасти хабариаш гуфта буд, дар бархе аз дискоклубҳо ё марказҳои дилхушӣ мавориди хариду фурӯш ва истифодаи маводи психотропӣ ба мушоҳида расидааст.
Дар Тоҷикистон фаъолияти клубҳои дилхушӣ аз рӯи реҷаи муайян ва танҳо шабона бояд кор кунанд ва ноболиғон ба чунин клубҳо роҳ дода нашаванд. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки клубҳои шабона ба ин меъёрҳо риоя намекунанд ва ноболиғон ҳам, бахусус фарзандони ноболиғи мансабдорони баландпоя, бидуни мушкил ба ин маконҳо роҳ меёбанд.
Ин бори нахуст нест, ки шаҳрдори Душанбе аз фаъолияти марказҳои дилхушии шаҳри Душанбе ва косташавии ахлоқи ҷавонон дар ин марказҳо нигаронӣ карда бошад. Аммо баҳси охири ин марказҳои шабона дар ҷаласаи шаҳрдорӣ ба дунболи садамаи пурсарусадои шаби 9 октябр дар кӯчаи марказии Душанбест, ки 3 кушта ба ҷо гузошт ва исми раиси ширкати роҳи оҳан ва писари ноболиғи ӯро дар мавриди ин фалокат вирди забонҳо кард. Гумон меравад, ки сарнишинони ҳарду мошине, ки 20 рӯз пеш, соати дувуними шаб, дар чорроҳаи байни кӯчаи Шоҳтемур ва хиёбони Рӯдакӣ ба ҳам бархӯрданд, аз чунин марказҳои дилхушии шабона берун омада буданд.