“Як гектар замини гелосро ба иҷора гирифта, барои парвариши ҳар дарахти он ба 300 сомонӣ карбомид харидам. Барои нест кардани ҳашарот 3000 сомонӣ харҷ кардам.
Пас аз гирифтани ҳосил мехоҳам ба бозор бурда, бо нархи дастрас барои сокинон фурӯшам, аммо дар онҷо одамон ҷойҳоро банд кардаанд ва бо зӯрӣ ҳам моли моро мегиранд ва ҳам аз як то ду баробар зиёд ба савдо мезананд. Дар бозор, воқеан, гӯшаи махсус боз кунанд, мардум бо нархи дастрас як кило гелоси “наполеон”-ро 20 ё 25 сомонӣ нахарида, то 6 сомонӣ ё 10 сомонӣ мехаранд”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сафаралӣ Назаров, боғбони хоҷагии деҳқонии ноҳияи Ҳисор мегӯяд, аҳволи ҳамаи деҳқонон дар хоҷагиҳо ҳамин аст ва тайи ин чанд сол мешавад, ки деҳқони асил ба бозор роҳ намеёбад. Ҳоло танҳо гелоспарварон нестанд, ки дар рӯзҳои Рамазон дастурхонҳоро оро медиҳанд ва аз маҳдудияти роҳ ёфтан ба бозор шикоят мекунанд. Моликони замини картошкаву пиёзу сабзӣ низ ҳам айни ҳамин шикоятро доранд.
Ҳукумати шаҳри Душанбе ба хотири танзим ва коҳиши нархи маҳсулоти бозор то шурӯи моҳи Рамазон бо масъулони бозори “Деҳқон”-и пойтахт -- яке аз бозорҳои муҳими шаҳр машварат намуд, вале натиҷаи мусбат ба бор наовард ва дар рӯзи аввали Рамазон нархҳо баръакс гаронтар шуданд ва хашму норозигии харидоронро ба вуҷуд оварданд.
Муҳаммадрасул Муҳаммадқулов тайи чанд сол аст, ки дар як хоҷагии ноҳияи Рудакӣ картошкакорӣ мекунад. Вай гуфт, як гурӯҳе ҳастанд, ки ба сари замин рафта ва аз онҷо бо нархи арзон маҳсулотро харида, аммо бо нархи ду баробар гаронтар дар бозор мефурӯшанд.
Ин соҳибкори сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд,“вақте ки худамон маҳсулотро ба бозор барем, дар назди дарвозаи бозор як гурӯҳ пайдо мешаванд. Баъди баҳси нарх дар кисаамон пулро мезананд ва халтаҳои картошкаро дар ароба бор карда, дохили бозор мебаранд. Агар гӯем, ки худамон дар бозор мефурӯшем, аллакай “милиса” аз куҷое пайдо мешавад ва намегузорад. Агар мабодо борамонро дохили бозор барем, дар дарун ҷой надорем ва барои пайдо кардани ҷой ҳарчанд зӯр занем, ҳатто раиси бозор гӯшро ба карӣ мезанад.»
Ҳукумати шаҳри Душанбе ба хотири танзим ва коҳиши нархи маҳсулоти бозор то шурӯи моҳи Рамазон бо масъулони бозори “Деҳқон”-и пойтахт-- яке аз бозорҳои муҳими шаҳр машварат намуд, вале натиҷаи мусбат ба бор наовард ва дар рӯзи аввали Рамазон нархҳо баръакс гаронтар шуданд ва хашму норозигии харидоронро ба вуҷуд оварданд.
Чунин вазъият корро ба ҷое кашонд, ки раиси Бозори “Деҳқон” ва бозори “Шоҳмансур” аз мақомҳои худ барканор шуданд ва инак чаҳор рӯз мешавад фазои ин бозорҳо бо тадбирҷӯиҳои раисони нави он андаке дигар шуда, нархи картошка, ки ба 5 ва 6 сомонӣ баробар буд ба 3,5 сомонӣ коҳши ёфтааст. Ё нархи гушт, ки то ба 40 сомонӣ расида буд, ҳамакнун ба 36 сомонӣ поин оварда шудааст.
Ба қавли иқтисоддонҳо, нархи бозорҳои Душанбе аз қимати маҳсулоти ҳиппермаркетҳои кишварҳои Аврупо ҳам гузашта буд. Нурулло Алиев, раиси нави бозори “Шоҳмансур” дар сӯҳбати ҳузурӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, инак чаҳор рӯз мешавад барои поин бурдани нархи картошкаву пиёз, гушт, сабзӣ караму меваҷот ва ҳар маҳсуоти мавриди ниёзми мардум намояндҳои худро ба навоҳии Дустӣ, Шаҳритус, Рудакӣ, Ҳисор фиристодаанд, то маҳсулоти дасти аввалро мустақим ба бозорҳои шаҳр интиқол диҳанд.
Вақте дар дохили бозори “Шоҳмансур” бо фурӯшандаҳо сӯҳбат мекардем, онҳо гуфтанд, ки нисбат ба се ва чаҳор рӯзи гузашта нархҳо каме поин омадаанд. Бар рӯи тағораҳои анвои гелос аз 8 сомонӣ то 15 сомонӣ навишта буд. Ҳоло нархи як кило гӯшти гов 36 сомонӣ ва гӯшти гусфанд 35 сомонӣ, картошка 3,8 сомонӣ баробар аст.
Аз як сӯ ба таври маснӯӣ гарон шудани нарх дар бозорҳо, фаъол набудани гӯшаҳои деҳқон ва роҳ наёфтани деҳқон ба ғурфаҳои бозор, аз сӯи дигар монеъагузории миёнҷигарон ва бемасъулиятии маъмурияти бозорҳо, ба сурати умум як фазоеро ба вуҷуд овардааст, ки ба қавли иқтисоддонҳо, аз нигоҳи назарияи иқтисодӣ “мафияи бозор”-ро шакл додааст, ки шикастани он кори саҳл набудааст.
Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик ба ин назар аст, ки фазои бозорҳои Душанберо ҳамин “мафия”, ки шомили миёнравон низ ҳаст, муайян мекунад. Ба гуфтаи Ҳоҷимуҳаммад Умаров, ин дигар кардани раисони бозорҳо бори аввал нест ва дар давраи раҳбарии шаҳрдори пешин Убайдуллоев низ чаҳор-панҷ дафъа раиси они бозорҳо иваз карда шуданд, вале фоидае нашуд, яъне "бо иваз кардани раисони бозорҳо барои як давраи кӯтоҳ нархҳо кам мешаванд, вале ба динамикаи вазъи бозорҳо нигоҳ кунед, ҳамеша дар ҳоли боло рафтан аст."
Ин иқтисоддони тоҷик дар идома гуфт, "як нигоҳ кунед ба нархҳои картошкаву сабзиву караму гушту меваҳову дигару дигар. Дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта чанд баробар қимат шудааст ва агар боз ба як соли пештар нигоҳ кунад, боз гаронтар аст. Ин чӣ маъно дорад?
Сабаби асосӣ дар ин аст, ки як нерӯи қавӣ вуҷуд дорад, ки номи он "мафияи бозор" аст ва намегузорад, ки истеҳсолкунанда ба бозор роҳ ёбад. Ин мардуме, ки аз деҳқон харид мекунад, аз истеҳсолу парвариши сабзиҷоту меваҷот хабар надоранд ва парвои онро ҳам надоранд”.
Тавре тоҷирону иқтисоддонҳо мегӯянд, чунин вазъ танҳо бастагӣ ба бозорҳои Душанбе надошта, тақрибан дар ҳамаи бозорҳои кишвар ҳамин вазъ ҳукмфармост. Онҳо мегӯянд, хусусан бо фарорасии моҳи Рамазон нархҳо дар ҳама гушаҳои кишвар боло рафтааст.
Ҳукумати шаҳри Душанбе дар авоили ҳафтаи равон раиси бозори "Деҳқон" Саидмаҳмуд Муминовро барканор кард ва ба ҷои ӯ Сунатулло Назаров мансуб шудааст ва дар бозори дигари калонтарини пойтахт ба ҷои Зиёваддин Наҷмиддинов соҳибкор Нурулло Алиев таъин шудааст.