Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд пас аз як шабонарӯз боз шуд

Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд пас аз як шабонарӯзи масдудият, баъд аз зӯҳри рӯзи шанбе боз шуд. Рӯзи гузашта бинобар резиши барфи зиёд ҳаракат дар ин масир қатъ шуда буд.

Масъулони вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳаракат дар масири Душанбе-Хуҷанд баъд аз як шабонарӯзи басташавӣ, ҳамакнун имконпазир шудааст. Як масъули ин вазорат рӯзи 14 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамакнун мошинҳо аз ҳар ду самт бидуни ҳеҷ мушкилӣ ба равуои худ идома медиҳанд. Масъулони ширкати IRS ҳам ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки баъд аз зӯҳри имрӯз роҳ боз шудааст.

Бинобар резиши барфи зиёд, аз нимаи аввали рӯзи гузашта ҳаракат дар дар ин масир қатъ шуда буд. Хабарнигори Радиои Озодӣ Фарзон Муҳаммадӣ субҳи имрӯз хабар дод, ки бар асари резиши барфи сангин дар гарданаи Анзоб, садҳо мошин банд мондаанд ва ҳаракати нақлиёт аз Душанбе ба Хуҷанд қатъ шудааст. Ба гуфтаи хабарнигори Озодӣ, нимарӯзи 13 ноябр чанд мошини борбар дар қисмати ин шоҳроҳ аз аз километри 63 то 70 -- аз тунели Анзоб то минтақаи Майхӯра лағжида ва роҳро банд кардаанд ва бинобар ҳамин ҳаракати роҳ қатъ шудааст.

Дар пайи баста шудани роҳ, кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳаракати нақлиёт аз минтақаи Ҳушёрӣ ба самти Хуҷандро иҷозат надоданд ва садҳо мошин ва мусофирон дар интизори боз шудани роҳ монданд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2009 ба асоси қонуни контсесионӣ назорати роҳи Душанбе - Чаноқро ба ихтиёри ширкати Innovative Road Solutions Ltd (IRS) дод. Ин ширкат ахири соли 2009 аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи офшори Вирҷинияи Бритониё номнавис шудааст.

Қатъи ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд