Мақомот мегӯянд, Ӯзбакистон Тоҷикистони ҳамсояро дар бораи таъмири қитъаи роҳ огоҳ накард.
Масъулони идораи "Роҳи оҳан"-и ҷониби Узбакистонро дар сар задани ҳодисаи субҳи 10-уми октябр дар қаламрави вилояти Ҷиззах гунаҳгор мекунад. Мақомот мегӯянд, ки сабаби садамаи қатори Тоҷикистонро, ки дар ин мавзеъ таъмир мерафтааст, арзёбӣ карданд.
Маҳмадюсуф Абдураҳмонов, сардори Хадамоти мусофирбари Роҳи оҳани Тоҷикистон 11-уми октябр ба радиои Озодӣ дар робита ба натиҷаи садамаи қатораи Душанбе-Конибодом гуфт, ки мақомоти Роҳи оҳани Узбакистон мебоист аз суръати ҳаракат дар маҳалли таъмири роҳи оҳан мошинисти тепловозро қаблан огоҳ мекард, вале бинобар дар ҷараён нагузоштан аз таъмири роҳ суръати баланди ҳаракати қатора боиси садама шудааст.
Ин манбаъ гуфт, ки комиссия дирӯз хулосаи худро пешинҳод кард ва ҳоло мақомоти Роҳи оҳани Тоҷикистон бо идораи роҳи Узбакистон ин масъаларо баррасӣ хоҳад кард. Идораи роҳи оҳан дар маҳаллаи Ҷиззахи Узбакистон қисмати роҳи оҳани худро таъмир мекардааст, аммо тибқи қонунгузориҳои байналмилалӣ, кишварҳо муваззаф ҳастанд аз ҳолати роҳи худ қатораро дар ҷараён гузоранд.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъ рӯзи ҷумъаи 11-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамаи 33 ҷароҳатбардошта шоми дирӯз ба вилояти Суғд оварда шуда ва дар бемористонҳо ва госпитали низомӣ ҷо ба ҷо карда шуданд.
Ҷаноби Маҳмадалиев афзуд, ки бақияи сарбозону афсароне, ки аз ин ин садама солим ба дар омаданд, сафарашро идома дода ва ба воҳидҳои низомӣ интиқол дода шуданд ва ҳамакнун хидматашонро дар Артиш ба роҳ мондаанд. Аз сухангӯи вазорати дифоъ сабаби рух додани садамаи қаторро пурсидем, аммо дар посух гуфт, ки то комиссияи муштараки вазорати дифоъ ва Роҳи оҳан, ки ҳоло дар маҳалли ҳодиса ба таҳқиқи он машғул ҳастанд, натиҷаи фаъолияти худро эълом накунад, дар маврид сабабҳои вуқуи ин ҳодиса ҳарф задан барвақт аст.
Тибқи иттилои хабарнигори Озодӣ дар Хуҷанд, мусофирони маҷрӯҳ, аз ҷумла сарбозон дар бемористонҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов ва шаҳри Хуҷанд ҷо дода шудаанд Раёсати тандурустии вилояти Суғд мегӯяд, 45 нафар сарбозону шаҳрвандони оддӣ бар асари садамаи қатора ҷароҳатҳои мухталиф бардошта, аз онҳо 20 нафар дар бемористонҳо бистарӣ карда шудаанд.
Баҳодур Урунов, сарҷарроҳи раёсати тандурустии Суғд ба Озодӣ гуфт, 6 нафари ҷароҳатдида дар бемористони ноҳияи Спитамен, 2 кас дар Ҷаббор Расулов ва боқимонда маҷруҳон дар бемористонҳои шаҳриву вилоятӣ дар Хуҷанд шаби гузаштаи 10-уми окятбр зуд баъд аз расидани қатора бистарӣ карда шудаанд. “Танҳо вазъи саломатии 2-3 нафар вазнин аст ва онҳо дар шӯъбаҳои эҳё таҳти муроқибати табибон қарор доранд. Лекин ба беҳтар шудани вазъи саломатии онҳо умед дорем,” – афзуд вай. Ба гуфтаи вай, дигар бистаришудагон вазъи беҳтар доранд: “Вазъи боқимондаҳоро беҳтар гуфтан мумкин. Ҷароҳатҳояшон ба ҳаёти онҳо таҳдид намекунад.”
Бино ба хабарҳо, боқӣ сарбозону афсарон дар гарнизони шаҳри Чкалов қарор доранд. Ва табибон ба онҳо ёриҳои равонӣ мерасонанд. Мақомоти раёсати тандурустии вилояти Суғд ному насаби сарбозону афсарони осебдида аз садамаи қатори Душанбе–Конибодом дар қаламрави Узбакистонро ифшо намекунанд.
Аммо падари як мусофири осебдиди бидуни зикри номаш гуфт, ки аз шаби гузашта то ҳол баъди ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ аз фарзандаш дарак ёфт. Вай гуфт, ки фарзандаш дар беморхонаи Спитамен бистарист ва як лаҳза пеш бо телефони табибе бо пайвандонаш суҳбат карда, гуфтааст, "хавотир набошанд, ҷароҳаташ вазнин нест".
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, 33 нафар сарбозе, ки бар асари садамаи қатор дар қаламрави Узбакистон ҷароҳат бардошта буданд, дар бемористонҳо ва госпиталҳои низомии қалкамрави вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон бистарӣ шуданд.
Сарбозони маҷрӯҳро ба Тоҷикистон оварданд
Сарбозонеро, ки қаторашон дар қаламрави Узбакистон ба садама дучор шуд, соатҳои 10 шаби панҷшанбе ба Тоҷикистон оварданд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Спитамен, маҳалли қабули сарбозон ҳузур дошт, гуфт, билофосила баъди расидани қатор тақрибан 10 сарбозро дар занбарҳои тиббӣ аз истгоҳи роҳи оҳан берун оварда ва дар мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба шифохонаҳо интиқол доданд. Ба гуфтаи ӯ, сару дасту пойи баъзе аз онҳо баста буд ва баъзеашон ҳаракат намекарданд ва шояд беҳуш буданд.
Азбаски хабарнигоронро ба саҳни истгоҳи роҳи оҳан ва ба назди қатор роҳ надодаанд, ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ маълум кардани вазъи воқеии сарбозон имконнопазир буд, вале ба ҳамкори мо муяссар шудааст, ки ба як мошини ёрии таъҷилӣ наздик шавад. Маъсум афзуд, ки як сарбоз зоҳиран дард мекашид ва табибон ӯро тасалло медоданд, ки ҷароҳаташ хатарнок нест ва ӯ шифо хоҳад ёфт: “Дар истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Спитамен мақомоти милиса ва маъмурони амниятӣ ҳузур доштанд ва ҳеҷ касро ба саҳни истгоҳ роҳ намедонанд. Аксҳои бардоштаи хабарнигоронро ҳам пок карданд”.
Бақияи сарбозон, ки дар садамаи қатор осеб надидаанд, ба маҳалли хидматашон дар воҳидҳои низомии вилояти Суғд фиристода мешаванд ва ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ чанд мошини мусофирбари низомӣ барои бурдани онҳо дар саҳни истгоҳи роҳи оҳан мунтазир буданд.
Бино ба хабарҳо, қатори Душанбе-Конибодом субҳи 10 октябр, соатҳои тақрибан 10-15 дар минтақаи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи Узбакистон аз роҳаш берун ва 5 вагони он сарнагун шуд. Дар ин гузоришҳо гуфта мешуд, ки 33 нафар ва бино ба хабарҳои дигар, аз 52 то 69 нафар аз мусофирони ин қатор ҷароҳат бардоштаанд. Аксари мусофирон наваскароне будаанд, ки барои адои хидмат ба қисмҳои низомии воқеъ дар вилояти Суғд эъзом шудаанд.
Коммиссариати ҳарбии вилояти Суғд қаблан хабар дод, ки мусофирони қаторае, ки дар Узбакистон дучори садама шудааст, то поёни рӯз тавассути қатори дигар аз Ҷиззах оварда хоҳанд шуд. Қатори Узбакистон сарбозони тоҷикро то марз овардааст ва онҳоро аз онҷо тавассути қатори Тоҷикистон ба истгоҳи роҳи оҳани Спитамен, 30 километрии шаҳри Хуҷанд овардаанд.
Коммиссариати ҳарбии Суғд мегӯяд, қаторае, ки дар Узбакистон ба садама дид, даъватшудагон ба хидмати ҳарбиро аз Душанбе ба Хуҷанд меовард. Сарвар Ғаниев, корманди коммисариати низомӣ ба Озодӣ гуфт, ки дар ин садама касе ба ҳалокат нарасидааст. Бино ба гузориши бахши узбакии Радиои Озодӣ 8 сарбозе, ки ҷароҳатҳои вазнинтар бардоштаанд, дар бемористони маҳаллӣ хоҳанд монд.
Вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари садамаи қатори шудагон Душанбе - Конибодом 33 нафар маҷрӯҳ шуда, ба шифохонаи Ҷиззах интиқол дода шудаанд. Фаридун Маҳмадалиев - сухангӯи Вазорати дифоъи Тоҷикистон рӯзи 10 октябр ба Озодӣ гуфт, ин вазорат як ҳайъати худро ҳамроҳ бо Куммисиюни махсуси ширкати роҳи оҳан ва вазорати нақлиёт ба вилояти Ҷиззахи Узбакистон фиристодааст.
Оқои Маҳмадалиев гуфт, дар қаторе, ки соати даҳи субҳи панҷшанбе дар ҳудуди вилояти Ҷиззахи Узбакистон дучори садама шуд, ҳудуди 200 сарбози тозадаъватшуда озими қисмҳои низомии худ дар вилояти Суғд будаанд.
Вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфт, сабаби садама маълум нест ва як ҳайат барои таҳқиқ ба маҳалли ҳодиса фиристода шудаанд.
Як намояндаи ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон рӯзи 10 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо дар бораи садамаи қатори Душанбе - Конибодом дар ҳудуди вилояти Ҷиззах аз ҷониби Узбакистон барқияи расмӣ гирифтаанд. Вале ба гуфтаи ин намоянда, ҷузъиёти садама дар ин барқия ироа нашудааст.
Қаблан як манбаъи бахши узбакии Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомии Узбакистон хабар дод, ки қаторе, ки эҳтимолан аз Конибодом ба Душанбе ҳаракат мекард, дар минтақаи Ғаллаарали вилояти Ҷиззах дучори садама шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, 5 вагони ин қатор аз роҳи оҳан берун рафта ва сарнагун шудааст. Ин манбаъ гуфт, дар ин садама дастикам 52 нафар ҷароҳат бардошта, ба бемористони Ғаллаарал интиқол дода шудаанд.
Вазорати дифоъи Тоҷикистон сарбозонро барои такмили қисмҳои низомӣ дар шимоли Тоҷикистон ва сарбозони ин вилоятро барои хидмат гӯшаҳои дигари кишвар умдатан бо қатори Душанбе-Конибодом- Душанбе интиқол медиҳад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад