Тоҷикистон дар соли 2013 беш аз як миллиард киловатт соат барқ ба Афғонистон содир хоҳад кард.
Ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, ки ба дунболи музокироти ҳайатҳои мақомоти энержии Тоҷикистон ва Афғонистон дар Душанбе, созишномаи интиқоли барқ ба Афғонистон ба имзо расид.
Дафтари матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» рӯзи 19 апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки як ҳайати мақомоти энержии Афғонистон дар авоили ҳамин ҳафта барои баррасии масъалаи интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистон, ба Душанбе омад.
Дар мулоқот рӯзи 17-уми апрел дар ширкати «Барқи тоҷик», ҳайатҳои ду кишвар ба ин натиҷа расиданд, ки бо назардошти интиқоли неруи барқе, ки дар семоҳаи авали соли равон ба Афғонистон содир шуд, то поёни ҳамин сол ба Афғонистон ҳудуди 1 миллиард киловатт соат барқ дар ивази беш аз 36 миллион доллар интиқол дода хоҳад шуд
Ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, ки ба ин тавофуқ расиданд, ки дар ивази ҳар киловатт соат неруи барқ, ҷониби Афғонистон 3, 64 сенти амрикоӣ пардохт хоҳад кард.
Дар ҳоли ҳозир харидории аслии неруи барқи тоҷик Афғонистон буда ин кишвар 90 дарсади захоири содиротии "Барқи тоҷик"-ро харидорӣ мекунад.
Дар соли гузашта Тоҷикистон беш аз 600 миллион киловатт соат барқи худро дар ивази беш аз 21 миллион доллар ба кишвари ҳамсояаш содир карда буд.
Ду сол пеш низ Тоҷикистон ҷиҳати афзоиши бакарати содироти нирӯи барқаш бо мақомоти Афғонистон тавофуқ карда буд. Вале ба дунбол, Узбакистон ба онҷониб барқашро бо нархи хеле арзонтар пешниҳод кард ва Кобул ба ҳамкорӣ бо Тошканд бартарӣ дод.