Мақомоти шаҳри Санкт-Петербурги Русия мегӯянд, танҳо дар як ҳафтаи охир додгоҳҳои ин минтақа ҳукми ихроҷи 231 муҳоҷири кориро содир кардаанд.
Ба иттилоъи додгоҳҳҳои Санкт-Петербург, «агар қаблан аз фурудгоҳи Пулково (воқеъ дар канори Петербург) дар рӯз 5 шаҳрванди хориҷӣ ихроҷ мешуд, ҳоло ҳар рӯз аз Петербург ҳудуди 30 муҳоҷири ғайриқонуниро берун мекунанд.»
Шаҳрдории Петербург рӯзи 15-уми сентябр дар як ҷаласаи ғайринавбатӣ қарореро тасвиб кард, ки ба зарурати тақвияти боз ҳам бештари «мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ» таъкид мекунад.
Танҳо аз 8 то 13 сентябри соли 2013 бо қарори додгоҳи Санкт-Петербург 139 нафарро хориҷ кардаанд, ки аз ин 32 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон, 78 нафар аз Узбакистон, 19 нафар аз Украина, 2 нафар аз Арманистон, 1 нафар аз Озарбойҷон, 2 шаҳрванди Қирғизистон, 1 нафар аз Гурҷистон, 1 нафар аз Чин ва 2 нафар аз Молдава будаанд. Ҳамчунин рӯзҳои шанбе ва якшанбеи 14 ва 15-уми сентябр 92 нафари дигарро бо ҳукми додгоҳ аз ин шаҳр рондаанд. Аз ин миён 33 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, 53 нафар аз Узбакистон ва 6 нафари дигар аз Қирғизистон будаанд.
Ба ин тартиб, аз 231 нафаре, ки дар як ҳафтаи охир аз Санкт-Петербург ихроҷ шуданд, 65 нафар, ё 28 дарсадаш муҳоҷирони тоҷик будаанд. Петербург то кунун як макони асосии кору иқомати муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор мерафт. Тоҷикон дар "пойтахти шимолӣ"-и Русия асоан дар бозорҳову сохтмонҳо ва дар соҳаи нақлиёти мусофиркашӣ кор мекунанд.
Чунин «мубориза» дар дигар шаҳрҳои калони Русия, хусусан Маскав, Сочи ва ҳамчунин дар минтақаи Югра низ идома дорад.
Ахиран додгоҳи минтақавии Югра, воқеъ дар шимоли Русия, ҳукми ихроҷи 51 шаҳрванди Тоҷикистонро баровард. Ба гуфти додгоҳ, ин шаҳрвандон дар ин минтақағайриқонунӣ ба сар мебурдаанд. Мақомоти ин минтақа аз зиёд будани муҳоҷирони ғайриқонунӣ изҳори нигаронӣ карда гуфтаанд, ки давоми соли ҷорӣ 965 муҳоҷири ғайриқонуниро хориҷ кардаанд.
Миёни муҳоҷирони ихроҷшуда аз ҳавзаи Югра низ бештар аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, ки шуморашон ба 417 нафар мерасад. Ҳамчунин дар ин 7 моҳи охир аз Югра 135 шаҳрванди Қирғизистон, 56 тан аз Озарбойҷон, 50 кас аз Украина 50 нафар ва 13 муҳоҷир аз Молдоваро рондаанд.
Мақомоти ин минтақа гуфтаанд, айни ҳол дар ин минтақа 228 муҳоҷири ғайриқонунӣ ҳузур доранд, ки онҳоро ҳам хориҷ карда мешавад.
Ҳарсол беш аз 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои муҳоҷират ба Русия меравад. Пуле ки муҳоҷирон мефиристанд, баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баровард шуда, як василаи асосии пешбурди аробаи рӯзгори аксари хонаводаҳои сокини ин фақиртарин кишвари пасошӯравӣ ба шумор меравад.
Ҳукми ихроҷ аз Русия вуруди дубораи шаҳрванди ихроҷшуда ба он кишварро барои 5 сол манъ мекунад. Бино ба ҳисобҳо, дар ҳоли ҳозир тақрибан 42 500 шаҳрванди Тоҷикистон ба иллати ихроҷашон аз қаламрави Русия ҳаққи сафар ба он кишварро надоранд. Ҷомиашиносон мегӯянд, ихроҷи ҳар муҳоҷири тоҷик ба маънои аз як манбаъи муҳими таъмини рӯзгораш маҳрум шудани дастикам як хонаводаи тоҷик аст.