Ба гузориши хабаргузориҳои русӣ ва ғарбӣ, барои ин ки тарҳи қабулшуда ба қонун табдил шавад, бояд палатаи болоии порлумони Русия тасдиқ ва раисҷумҳур имзо кунад.
Русия дар соли 2003 "Толибон"-ро дар феҳристи созмонҳои террористӣ ҷой дод ва тибқи қонуни ин кишвар ҳар гуна робита бо он ҷазо дорад.
Қабл аз он ки "Толибон" дар тобистони соли 2021 дубора дар Афғонистон ба қудрат баргарданд, Маскав чанд дафъа мизбони ҳайатҳои "Толибон" буд. Русия дар севуним соли гузашта робитаҳои наздик бо ҳукумати "Толибон" дошта, сафорати худро дар Кобул низ боз нигаҳ доштааст.
Пурсиш ин аст, ки бо таваҷҷуҳ ба изҳороти мақомоти баландпояи Русия дар бораи берун кардани номи "Толибон" аз феҳристи сиёҳ барои муддати тӯлонӣ, чаро Маскав ҳоло дар ин замина иқдоми амалӣ мекунад?
Ғавс Ҷонбоз, дипломати пешини Афғонистон дар Маскав, ба бахши афғонистонии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ӯ фикр намекунад Русия ба зудӣ ҳукумати "Толибон"-ро ба расмият бишиносад.
Ҳукумати "Толибон" то кунун дар мавриди ин иқдоми Русия ибрози назар кардааст.
Пеш аз ин, мақомоти баландпояи "Толибон" дар ҷараёни сафари Сергей Шойгу, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия ба Кобул, аз Маскав хостори ҳузури фаъоли Афғонистон дар ҳамаи нишастҳои минтақаӣ шуданд.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Русия робитаҳои худро гом ба гом бо "Толибон" беҳбуд бахшидааст. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар моҳи июл гуфт, ки акнун "Толибон" муттаҳиди онҳо дар мубориза бо терроризм ҳастанд.
Путин ин изҳоротро пас аз ҳамлаи "Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба толори "Крокус" дар моҳи марти имсол дар Маскав, ки боиси кушта шудани 144 нафар шуд, баён кард.
Ин гурӯҳ аз замони рӯйи кор омадани "Толибон", масъулияти бисёре аз ҳамлаҳои хунинро дар Афғонистон ба дӯш гирифт. "Толибон" ҳоло бо ин гурӯҳ дар рӯёрӯӣ қарор дорад.
Пеш аз ин, ду кишвари дигари Осиёи Миёна -- Қазоқистон ва Қирғизистон имсол номи "Толибон"-ро аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ берун карда буданд.
Оё ин иқдомҳо ба ҳалли масъалаи баҳсбарангези ба расмият шинохтани ҳукумати "Толибон" кумак мекунад?
Бисёре аз дипломатҳои ғарбӣ бар ин боваранд, то замоне ки намояндагони "Толибон" ба рафторҳои хушунатомези худ бо ҳуқуқи башар, ба вижа алайҳи занон ва духтарон идома диҳанд, барои ба эътирофи байнулмилалии давлаташон бо монеаҳо рӯбарӯ хоҳанд шуд.
"Толибон" дар бештар аз се соли ҳукумати худ дарвозаҳои мактабҳои миёна ва донишгоҳҳоро ба рӯи занон ва духтарон баста, маҳдудиятҳои сахти дигареро низ бар онҳо ҷорӣ кард.