Духтарони футболбози тоҷик тими Саудиро шикаст доданд

Акс аз сомонаи ФФТ

Дастаи мунтахаби ҷавонзанони то 20-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев дар бозии дӯстона бар тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби духтарони то 20-солаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон, ки 25-уми октябр дар шаҳри Ҷидда баргузор шуд, бо ғалабаи меҳмонон бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи Тоҷикистон голҳоро Марҷона Саидова ва Шукрона Устоева ба самар расонданд.

Бозии дуюми дӯстонаи духтарони футболбози Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 29-уми октябр дар Ҷидда доир мегардад.

Бояд гуфт, ки бозиҳои дӯстона дар Ҷидда барои дастаи ҷавонзанони Тоҷикистон (U-20) як марҳилаи омодагӣ ба даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маҳсуб мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занонаи то 20-сола аз 8-ум то 16-уми марти соли оянда доир мегардад. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дертар муайян мегарданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби Арабистони Саудӣ:

Дарвозабонҳо: Фараҳноз Холдорова («Ҳосилот»), Нозофарин Иброҳимова («Душанбе»);

Ҳимоятгарон: Ором Насруллоева («Бунҷикат»), Зарина Сафарзода, Улҷамол Элмуродова, Нозия Узоқова (ҳама аз «Бешкент»), Шарофат Ашурова («Варзоб»), Гулзира Султонова («Ситора»), Омина Қодирова («Душанбе»), Мафтуна Шанбиева, Таҳминаи Баҳром, Дилдора Имомалиева (ҳама аз «Панҷшер»);

Нимҳимоятгарон: Нозия Абдуғаффорова («Бешкент»), Марҷона Саидова, Манзура Қаюмова (ҳарду аз «Душанбе»), Фаришта Саидова («Вахш»), Шоҳсанам Ҳоҷиматова («Хуҷанд»), Хуршедахон Ҷураева («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Меҳрона Давлатова, Шукрона Устоева (ҳарду аз «Душанбе»), Чаросхон Нормуродова («Бешкент»), Уғулой Сатторова («Регар-ТадАЗ»).

СармураббӣЮсуф Рабиев.