Беш аз 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар рустоҳо зиндагӣ мекунанд, аммо маҳз ба сокинони русто дар шаш моҳи сарди сол интиқоли барқ маҳдуд карда мешавад ва ягона усули гармкунии хонаҳо печка ва бухории бобоӣ боқӣ мемонад.
Саидҷаъфар Саидов, як фурӯшанда дар бозори маҳаллаи Водонасоснаяи шаҳри Душанбе рӯзи 7-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, баъде, ки Идораи боду ҳавосанҷии кишвар аз боридани барф сокинонро ҳушдор дод, харидорони бухориҳо ба маротиб бештар шуд. Вай мегӯяд: “Ҳар як ашё вобаста ба мавсими сол ба фурӯш меравад. Дирӯзу имрӯз ки ҳаво сарду шуду барф борид, харидорони печкаҳо ва трубаҳои дудбаро хеле зиёд шуданд. Ин печкаҳоро кафшергарони маҳалии худамон месозанд.”
Саидҷаъфар мегӯяд, нархи бухориҳо дар фурӯшгоҳи ӯ аз 250 то 700 сомонӣ нарх дорад. Вай мегӯяд, воқеан нархи бухориҳо аз солҳои қаблӣ дида гарон шудаанд, чунки нархи ашёи хом, қубур ва тунука гарон шудааст. Ба таъкиди ӯ, баъд аз оне, ки чиниҳо дар Душанбе ва атрофи он чанд нуқтаи оҳангудозӣ бунёд кардаанд, нархи ҳама гуна маҳсулотӣ оҳанӣ дар кишвар гарон шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар паҳлуи фурӯшгоҳи Саидҷаъфар дӯкони батарея ва дигар гармкунакҳои барқӣ низ вуҷуд дорад. Аммо бинобар камбуди барқ харидорон ба маҳсулоти ин кам таваҷҷуҳ доштанд. Ба фарқ аз ин дӯкон назди фурӯшгоҳи ангишт ва ҳезум пуродам ба назар мерасид.
Дар ин фурӯшгоҳ як линга ангиштро сокинон вобаста ба сифаташ аз 20 то 25 сомонӣ харидорӣ мекарданд. Як банд ҳезум ба ҳисоби миёна 30 сомонӣ нарх дошт. Дар канори ин бозор эълони фуруши таппак− сӯзишворӣ аз поруи чорво низ ба назар мерасид, ки нархи як донааш 1 сомонӣ навишта шуда буд. Аммо фурӯшандаҳо гуфтанд, ин намуди сӯзишворӣ дар анбори махсусе берун аз шаҳр ҷойгир аст ва ҳар касе хоҳиши хариданро дорад, инҷо метавонад ҳисобӣ кунаду аз анбор борашро бигирад. Ин дар ҳолест, ки маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 260 сомон ва ё баробар ба 50 доллар аст.
Як сокини шаҳри Душанбе, ки ҳезум мехарид ва худро Музаффар муаррифӣ кард, мегӯяд дар фасли сармо бухорӣ ва ё печка ягона тарзи гарм кардани хонаҳо боқӣ мемонад: “Ҳоло дар ягон ҷо барқ нест. Хай, дигар чӣ хел хонаро гарм мекунем. Магарам бо ангишту ҳезум ва оташ афрӯхтан дар печка.”
Ба сӯҳбати мо бо Музаффар ҳамсояаш Бобои Шариф ҳамроҳ шуд, ки аз ноҷӯрии интиқоли барқ ва риоя нашудани реҷаи он шикоят кард: “Як соат ним соат барқе, ки медиҳанд, ҳамон ҳам ноҷур аст. Гоҳо қувваи барқ беш аз ҳад меояд, гоҳо кам. Бисёре аз таҷҳизоти хона, телевизиону ин чизҳо вайрон шуданд.”
Мақомоти Тоҷикистон солҳои қабл, бо судури як қарори махсуси ҳукумат оғози мавсими маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ба манотиқи кишвар эълон карда, ҳамчунин муқаррар мекарданд, ки дар фасли сармо ба манозили сокинон чанд соат нерӯи барқ дода мешавад. Аммо тайи ду соли охир ин гуна қарор содир намешавад ва ширкати “Барқи тоҷик” бидуни ҳеҷ огоҳии пешакӣ интиқоли барқро ба манотиқ кишвар маҳдуд мекунад ва сокинон ҳам намедоданд, ки дар фасли сармо онҳо чанд соат барқ бояд гиранд.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” дар сӯҳбат ба Радио Озодӣ рӯзи 7-уми ноябр гуфт, ки ширкати мазкур реҷаи интиқоли барқро на аз рӯи соат, балки аз ҳисоби киловатт\соат ба минтақаҳои кившар тақсим кардааст. Вай гуфт: “Ҳоло мо барқро аз рӯи киловатт\соат медиҳем, на аз рӯи соат. Ҳар ноҳия лимити муайяни худро аз рӯи киловатт саот дорад.”.
Зимнан ҷаноби Ёдгорӣ аз додани тафсилоти бештар дар ин робита худдорӣ кард. Тоҷикистон аз рӯи доштани захираи об ва имкони тавлиди энержӣ аз кишварҳои умдаи минтақа ҳисоб мешавад, аммо бинобар вуҷуди масоили сиёсӣ дар бунёди баландтарин сарбанди неругоҳе бо номи Роғун, ҳоло на танҳо наметавонад аз содиркунандаҳои аслии барқ бошад, балки тавони онро низ надорад, ки аҳолии худро бо барқ таъмин кунад. Кишвари поёноби Узбакистон то ҳол аз монеъаҳои аслии бунёди Роғун номбар мешавад.
Барои сокинони рустонишини Тоҷикистон камбуди нерӯи барқ падидаи наве набуда касе аз онҳо ҳам ба умеди гарм кардани манзилҳояшон бо бухориҳои барқӣ нестанд. Аммо миёни сокинон ин бор овозае паҳн шудааст, ки зимистони ин сол ба фарқ аз солҳои пешин сардтар мешавад. Аз ин рӯ, сокинон ҳам назар ба соли пеш бештар ҳезуму ангишт харидорӣ мекунанд, ки нархи онро гаронтар кардааст.
Дар ҳамин ҳол, аз Идораи обу ҳавосанҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки онҳо танҳо барои як ҳафтаи оянда метавонанд вазъи обу ҳаворо дақиқ пешгӯӣ кунанд, на бештар аз он.