Додгоҳи шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб талаби ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати истирдоди Умаралӣ Қувватов ба ин кишвар рад кард ва мурофиаи додгоҳиро то 10-уми апрел мавқуф гузошт.
Николай Николаев, вакили дифои Умаралӣ Қувватов, роҳбари созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон бо номи “Гурӯҳи 24”, зимни суҳбат бо радиои «Озодӣ» рӯзи якшанбеи 10-уми март гуфт, ки мурофиаи додгоҳӣ барои истирдоди Умаралӣ Қувватов соати 10-и ҳамин рӯз бо вақти Дубай оғоз гардид: «Мурофиаи додгоҳӣ паси дарҳои пӯшида сурат гирифт. Ҷониби Тоҷикистонро сафири Тоҷикистон дар Дубай ҳамроҳ бо роҳбари Интерполи ин кишвар ва нафари сеюм, ки шахсияташ то ҳол барои мо маълум нест, намояндагӣ мекарданд. Ин ҳайат дар бахши кушодаи мурофиа ширкат доштанд, вале ба бахши пӯшидаи мурофиа онҳо роҳ дода нашуданд».
Ҷаноби Николаев афзуд, додгоҳи шаҳри Дубай, инчунин, вакили дифои кирокардаи сафорати Тоҷикистонро низ, ки мебоист мавқеи мақомоти давлатиро ҳимоя мекард, ба ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ роҳ надод. Николаев гуфт, ки додраси додгоҳ талаби ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати фавран истирдод кардани Қувватовро ба ин кишвар рад кард ва мурофиаи додгоҳиро то санаи 10-уми апрели соли равон мавқуф гузошт.
Николаев мегӯяд, чун ҷониби Тоҷикистон айбномаҳои нав ба навро алайҳи Қувватов ба додгоҳи шаҳри Дубай пешниҳод мекунад, бинобар ин, мурофиаи додгоҳӣ то ба ҳол тӯл кашида истодааст: «Аз тарафи шахсоне, ки имрӯз Тоҷикистонро дар додгоҳ муаррифӣ мекарданд, кӯшиши фишор ба додгоҳ мушоҳида мешавад. Ҳамчунин, мо огоҳем, ки чанд нафар аз мансабдорони Тоҷикистон барои истирдоди Қувватов бо ҳамтоёни худ дар Дубай ба таври махфӣ ҳамсуҳбат шуда, талаб кардаанд, ки Қувватов бояд ба Тоҷикистон истирдод шавад.»
Ба таъкиди Николаев, кулли айбномаҳое, ки ҷониби Тоҷикистон нисбати Қувватов эълон кардааст, баъд аз боздошти вай дар Дубай таҳия шудаанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи Николаев, мақомоти қудратии Тоҷикистон ба наздикону пайвандони Қувватов, ки дар Душанбе қарор доранд, фишори равонӣ ва ҷисмонӣ расонида истодаанд.
Умаралӣ Қувватов, раҳбари пешини ширкати "Фароз" ва "Тоҷирон" аст, ки тобистони соли 2012 Тоҷикистонро ба қасди Русия тарк кард. Ӯ бо ташкили "Гурӯҳи 24" дар хитоб ба ҳукумати Тоҷикистон гуфт, бояд Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи соли 2013 иштирок накунад.
Пас аз эълони “Гурӯҳи 24” моҳи сентябри соли 2012 Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо нашри санаде Умаралӣ Қувватовро ба “девонагӣ” муттаҳам кард. Вазорат гуфт, Қувватов аз соли 1998 ба ин сӯ дар қайди бемориҳои руҳист. Ҳамчунин, наворҳое дар шабакаи Ютюб пайдо шуданд, ки дар онҳо гуфта мешавад, Умаралӣ Қувватов аҳли тасаввуф аст ва ӯ сӯфигиро дар Афғонистон қабул кардааст.
Умаралӣ Қувватов рӯзи 23-юми декабри соли 2012 дар фурудгоҳи шаҳри Дубай аз сӯи маъмурони амниятии Амороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Ба гуфтаи афроди наздик ба Қувватов, ӯ бояд аз Дубай ба Брюссел мерафт. Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар мавриди истирдоди гумонбарҳо 5 сол пеш созишнома имзо карда буд.
Созмони Афви байналмилалӣ рӯзи 11 январи соли 2013 дар як изҳорот бо нигаронӣ аз сарнавишти Умаралӣ Қувватов гуфта буд, ки ӯ дар сурати истирдодаш аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон ба хатари шиканҷа ё шаклҳои дигари бадрафторӣ дучор хоҳад шуд.
Дар зимн, Мирзоаҳмад Бобоев, додраси додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт, рӯзи 13 феврали соли равон ба радиои "Озодӣ" гуфта буд, ки бо пешниҳоди мақомоти тафтишотӣ додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор кард, ки Умаралӣ Қувватов дар ғайбаш ба ҳабси пешакӣ гирифта шавад. Ба таъкиди Мирзоаҳмад Бобоев, азбаски Умаралӣ Қувватов дар хориҷи Тоҷикистон қарор дорад, мақомоти тафтишоти пешакӣ дар як муҳокимаи додгоҳие, ки моҳи январ сурат гирифт, ҳукм кардаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳабси пешакӣ гирифта шавад.
Аммо Николай Николаев, вакили дифои Умаралӣ Қувватов, худи ҳамон рӯз, 13 феврали соли 2013, ба радиои "Озодӣ" гуфт, аз манобеи худ санаде ба дасташ расидааст, ки тибқи он гӯё 15 декабри соли 2012 дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти сарварии додрас Мирзоаҳмад Бобоев, котиб З.Абдурозиқов ва бо ширкати муовини Додситони кулли Тоҷикистон, сарвари раёсати назорати молиявӣ Б. Асоев мурофиаи додгоҳӣ баргузор шудааст. Николаев иддао дошт, ки Умаралӣ Қувватов дар ғайбаш аз рӯи моддаи 247, қисмати 4, банди «б» дар қаллобӣ дар ҳаҷми бузург айбдор дониста шудааст. Ин дар ҳолест, ки таърихи боздошти Қувватов дар фурудгоҳи шаҳри Дубай 23 декабри соли 2012 мебошад.
Вале Мирзоаҳмад Бобоев, додраси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, бо таъкиди нодурустии иддаои вакили дифои Қувватов гуфта буд, ки додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ин гуна қароре дар мавриди муттаҳамсозии Қувватов содир накардааст, балки қаблан мақомоти тафтишотӣ ӯро бо қаллобӣ айбдор карда буданд.