Дар Суғд нашъамандӣ “пир” мешавад

Мақомот дар Суғд мегӯяд, ки тибқи омор, шумораи нашъамандон аз ҳисоби ҷавонон дар ин минтақа рӯ ба коҳиш ниҳодааст.
Масъулони Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухадир дар Суғд мегӯянд, ҳоло синну соли ҳудуди 900 нашъаманди сабтиномгашта аз 31 то болотар аз 60 аст. Ва танҳо беш аз 150 нафар аз 18 то 30 сола мебошанд.

Акмал як нашъаманд аз Хуҷанд аст, ки 47 сол дорад. Вай мегӯяд, баъди таваллуди набераи нахустинаш дигар тасмимаш қатъӣ шуд, то табобат гирад:
“Гуфтам, ки акнун боз нашъа задан гирам, айбу шармандагӣ. Қариб 17 - 18 сол шуд, нашъа мезанам. Як рафиқам буд, ки соли гузашта раҳматӣ шуд, гуфт, ки ту ҳам як зан, зӯраш ҳаст. Аввал бӯй мекардам, 2 - 3 бор. Баъдан худ ба худам гуфтам, ки як сӯзан зада бинам, ҳамин хел сар шуда рафт. Ҳамааш аз ҳавою ҳавас сар шуд, аммо ба сарам сад хел, ҳазор хел дарду бало овард.”

Ба гуфтаи Акмал, оилааш иборат аз зану ду фарзанд дар ҳоли пош хӯрдан аст. Аз ин рӯ табобат аз нашъамандӣ барояш маънои ҳифзи оиларо ҳам дорад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нашъамандӣ "пир" намешавад



Ба маълумоти Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухадир дар вилояти Суғд, ба сурати умум, дар минтақаи шимолии Тоҷикистон беш аз 1 ҳазор нашъаманд расман ба қайд гирифта шудаанд. Бархе манобеи ғайрирасмӣ бар онанд, ки ин рақам ба воқеият рост намеояд ва шумораи нашъамандон аз ин бештар аст.

Ҷаъфар Исҳоқӣ, корманди Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Суғд мегӯяд, хушбахтона, солҳои охир шумораи нашъамандон рӯ ба коҳиш ниҳодааст: “Аз соли 2012 то ҳол гурӯҳи то 20 солаи нашъамандон кам шуда истодааст. Ин нағз, чунки чунин маъно дорад, ки сол то сол нашъамандони ҷавон кам ёфт мешаванд. Барои мисол, соли гузаштаи 2012 нашъамандони ҳамин синну сол 162 нафар буд, ҳол он ки ин теъдоди онҳо дар соли 2011 аз ҳафтод нафар зиёд буд. Ба навбати худ, он нашъамандоне, ки пеш ба қайд гирифта шуда буданд, сол то сол пиртар мешаванд. Чунки нашъамандӣ бемории сахт вазнин аст ва аз чанги он халос шудан бисёр мушкил мебошад. Соли 2011 дар вилоят нашъамандони синашон 60 ва аз он боло наздик ба 30 нафар буданд, соли гузашта 45 кас шуданд.”

Вай афзуд, ба коҳиши нашъамандӣ торафт сахттар шудани назорат аз гардиши маводи мухаддир, тарғиби зарари нашъамандӣ ва тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон, мусоидат кардааст. Ҳамчунин, ба гуфтаи ҷаноби Исҳоқӣ, шаҳри Хуҷанд дар қатори Душанбеву Хоруғ яке аз 3 шаҳри Тоҷикистон аст, ки тайи солҳои охир табобати ба “усули ивазкунанда” ба роҳ монда шудааст:

“Нашъамандони таҳти ин табобат ба ҷойи сӯзану нашъа аз “методон” ном нӯшдору истифода мекунанд, ки ба онҳо дар маркази нашъамандӣ ройгон дода мешавад. Ин онҳоро аз азоби хумори нашъаву сӯзанзанӣ, пулкобиву содир намудани ҷиноят наҷот медиҳад. Онҳо вақти табобат метавонанд ҳамроҳи аҳли оилаашон зиндагӣ ва кор кунанд.”

Сурайё Маҳмудова аз табибони маркази “Дина” дар шаҳри Хуҷанд, ки дар самти коҳиши нашъамандиву бемориҳои сироятӣ фаъолият мебарад, мегӯяд, ҷорӣ шудани табобат бо ин усул, ба коҳиши нашъамандӣ ва бемориҳои сирояткунанда мусоидат кардааст.

Вай афзуд: "Солҳои охир бисёр нашъамандонро вақти хариду фурӯши нашъа дастгир карда, паси панҷара андохта истодаанд. Ин ҳам албатта, шумораи онҳоро дар озодӣ камтар кард. Ғайр аз ин, миёни аҳолӣ хусусан, ҷавонони донишҷӯ зидди нашъамандӣ бисёр сахт тарғибу ташвиқ карда истодаанд. Ҷавонони имрӯзӣ аз ин роҳи даҳшатнок худро дур кашида, тарзи ҳаёти солим ва фаъолро интихоб карда истодаанд.“

Ба гуфтаи мусоҳибам, нигоҳи ҷавонони имрӯзаи тоҷик ба зиндагиву ҳифзи саломатии худ назар ба ҳамсолонашон дар солҳои 90 - и асри гузашта ба таври назаррас тағйир хӯрдааст ва ноогоҳиву ҳавою ҳавас онҳоро ба роҳи нашъамандӣ намебарад.