Тибқи қонуни нави ҳаракат дар роҳ, ронанда дар сурати манъ кардани мошинаш аз ҷониби нозири роҳ ҳақ надорад аз мошин берун барояд. Дар сурати берун шудани ронанда ӯро 50 сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад.
Дар ҳоле, ки муқаррароти мазкур дар гузашта ҳам амал мекард ва бархе ронандаҳо дар Душанбе ба ин қоида риоя мекарданд, аксари дигарҳо мисли гузаштаҳо баъди баланд шудани чӯби нозири роҳ мошинро манъ карда ба наздаш мерафтанд. Ҳамакнун парлумони
Нозири роҳ мошинро манъ мекунад ва мо наздаш меравем. Сипас, агар қоидаро вайрон карда бошем, тибқи қонун бароямон ҷарима менависад ё санад таҳия мекунад. Чунин расм шудааст, ки нозири роҳ баъд аз манъ кардани мошине назди ронанда намеояд
Тоҷикистон мегӯяд, ки барои дар амал татбиқ шудани ин муқаррарот бояд ронандаҳои вайронкунандаи қоида муҷозот шаванд, то ки аз ин одат даст кашанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ахиран барои таъмини фазои ҳуқуқӣ дар муомилаи миёни ронанда ва нозирони роҳ, ки солҳои тӯлонӣ ба мавзӯи доғе дар ҷомеа табдил шудааст, барои ронандаҳое, ки ба пешвози нозири роҳ аз мошин берун мешаванд, муҷозот тайин карданд.
Дар Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагон рӯзи 7 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тарҳи нави қоидаи ҳаракат дар роҳҳо охири моҳи гузашта ба тасвиб расида, мутобиқсозии қонунҳои Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалиро ҳадаф дорад. Ҳамакнун тибқи қоидаҳои нав ронандаҳое, ки аз мошин берун баромада, ба сӯи нозири роҳ мераванд, тибқи қисми дувуми моддаи 333 қонуни ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз 25 то 50 сомонӣ ҷарима мешаванд.
Гузашта аз ин, тибқи қонуни нави ҳаракат дар роҳ ронандаҳои мошинҳои мусофирбар зимни ҳаракат дар роҳ ҳақ надоранд бо мусофирон сӯҳбат кунанд ё сигору нос бикашанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Фарҳанги муошират бо нозири роҳ
Ҳамарӯза ҳазорҳо ронандаи мошинҳо водор мешаванд дар роҳ бо нозирони Бозрасии давлатии автомобилӣ муошират дошта бошанд. Маъмулан, ҳангоме, ки нозири роҳ мошинеро манъ мекунад, ронандаи он зуд бо ҳуҷҷатҳояш назди корманди БДА равон мешавад.
Мансур Маҷидов як ронандаи таксӣ дар шаҳри Душанбе аст. Вай аз соли 2007 ба ин сӯ машғули интиқоли мусофирон аст ва мегӯяд, тарзи муомила бо нозири роҳ мисли як фарҳанги нонавишта шудааст. Мошинро, ки манъ карданд, ронанда худро вазифадор эҳсос мекунад, ки ба назди нозир равад, бо ӯ даст дода салому алейк кунад ва санадҳои мошинашро нишон диҳад. Мансур Маҷидов мегӯяд, бисёриҳо чунин эҳсосе доранд, ки гӯё берун нашудан аз мошин камоли беэҳтиромӣ ба нозири роҳ аст ва аз тарси ин ки ин рафтори онҳо нодуруст арзёбӣ нашаваду онҳоро муҷозот накунанд, ба сӯи нозир мешитобанд.
Мансур Маҷидов дар бораи шеваи рафтори ронандагии худи ӯ чунин гуфт: “Нозири роҳ мошинро манъ мекунад ва мо наздаш меравем. Сипас, агар қоидаро вайрон карда бошем, тибқи қонун бароямон ҷарима менависад ё санад таҳия мекунад. Чунин расм шудааст, ки нозири роҳ баъд аз манъ кардани мошине назди ронанда намеояд”.
Қоидаро ронандаҳои таҳсилкарда бештар риоя мекунанд?
Аксар ронандаҳо мегӯянд, қоидаи берун нашудан аз мошинро ба ҳангоми ишораи нозири роҳ бештар онҳое риоя мекунанд, ки таҳсилкарда ҳастанду қоидаи ҳаракат дар роҳро медонанд. Ин ронандаҳо дар сурати пеш омадани баҳс ё нофаҳмӣ метавонанд бо такя ба қонун аз амали худ дифоъ кунанд. Дар миёни онҳое, ки ин қоидаро нодида мегиранд, бештар ронандаҳои мусофирбарҳои ҷамъиятӣ ё ронандаҳои ҷавону камтаҷриба ҳастанд.
Ёрмаҳмад Иброҳимзода худро аз он ронандаҳое меномад, ки қоидаву қонунро риоя мекунад ва аз ҷумла, ба ҳангоми манъ шудан, пушти чанбари мошин мунтазири расидани нозири роҳ мешавад. Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар назди бозори “Корвон” Ёрмаҳмад гуфт:
“Ман боре ҳам аз мошин берун баромада, назди нозири роҳ нарафтааст. Тибқи қоида нозири роҳ бояд назди ронанда биёяд ва худро муаррифӣ карда, агар ронанда қоидаро вайрон карда бошад, моҳияти қоидавайронкуниро бигӯяд. Аз мошин фаромадани ронандаҳо дар пайи надоштани донишҳои ҳуқуқии ронандаҳо сурат мегирад”.
Масъулияти нозири роҳ дар баробари ронанда
Як тағйироти дигаре, ки дар ҷаласаи парлумонии рӯзи 7 май ба Қонуни ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шудааст, мегӯяд, ронанда танҳо дар сурате ба нозири роҳ бояд ҳуҷҷатҳои заруриро нишон диҳад, ки маъмури пулиси роҳ ҳуҷҷатҳои хидмативу санади дар ҳамин маҳал нозир буданашро ба ронанда нишон диҳад. Яъне ҳарду ҷониби муомила – нозири роҳ ва ронанда бояд дар мавқеи баробар бо ҳам санадҳои худро муаррифӣ кунанд.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз тасвиби Қонуни нави ҳаракат дар роҳ истиқбол кард ва гуфт, ки дар гузашта низ аз мошин берун шудани ронанда ҳатмӣ набуд, вале бархе ронандаҳо ба хотири камбуди ҳуҷҷатҳои зарурӣ фарҳанги назди нозир баромаданро ба худ роиҷ медонистанд.
Вай мӯътақид аст, ки ҳанӯз ҳам теъдоди зиёде аз ронандаҳои тоҷик дар сурати манъ кардани нозири роҳ зуд аз мошин берун мешаванд. Вай афзуд:
“Аз лиҳози қонунӣ ронанда соҳибмулки воситаи нақлиёт мебошад ва агар нозири роҳ ӯро манъ кунад, мантиқӣ аст, ки нозир бояд назди ронанда биёяд, на баръакс. Фарҳанги аз мошин берун шудани ронанда аз замони шӯравӣ ба мерос мондааст ва ҳоло дар бештаре аз кишварҳои пасошӯравӣ қонунан ин амал манъ шудааст. Гузашта аз ин, дар бархе аз кишварҳо, назири Русия ва Гурҷистон иҷозат шудааст, ки ронанда тавассути дастгоҳи сабти видеоӣ муомилаи худ бо нозири роҳро ба навор бигирад.
Ин қонун пешравии хубест ва мақомотро зарур аст тавассути расонаҳо, аз ҷумла, шабакаҳои телевизионӣ моҳияти ин қонунро ба шаҳрвандон бештар тавзеъ диҳад. Набояд фаромӯш кард, ҳангоме, ки ронанда аз мошин берун мешавад, нозирони роҳ метавонанд ба дохили мошин маводҳоеро назири маводди мухаддир бипартоянд, ки дар оқибат боиси оғози парвандаи ҷиноӣ мешавад”.
Ин дар ҳолест, ки дар солҳои ахир дар заминаи ҳаракат дар роҳҳо дар Тоҷикистон тағйироте мушоҳида мешавад. Дар Душанбе тарҳи “Шаҳри бехатар” роҳандозӣ шуд, ки ба гуфтаи мақомот боиси коҳиши мавридҳои вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ шуд. Гуфта мешавад, ки танҳо дар соли гузашта дурбинҳои назоратӣ дар ҷодаҳои пойтахти Тоҷикистон ба маблағи беш аз 500 миллион сомонӣ ҷаримаҳоро сабт кардаанд.
Ҳоло мақомот дар фикри насби чунин дурбинҳои назоратӣ дар шаҳрҳои дигари кишвар ҳам шудаанд. Шаҳрдори нави Душанбе чанд моҳи қабл пешниҳод кард, ки теъдоди нозирони роҳ дар кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон бамаротиб коҳиш дода шавад. Аммо бо гузашти вақт мушоҳида мешавад, ки нозирони роҳ дубора дар хиёбонҳои шаҳр пайдо шудаанд.