Тоҷиннисо ҳар сол охири моҳи августро бесаброна интизор мешуд, то ҳамроҳи модараш ба бозор равад ва беҳтарин либосҳои мактабиро харидорӣ кунад. Аммо имсол таъбаш хира аст, зеро бо дастури маъмурияти мактаби рақами 19, ки Тоҷиннисо дар он таҳсил мекунад, муваззаф шудааст, ки либосҳои духтаи Корхонаи нассоҷии Душанберо харидорӣ кунанд. Мо бо Тоҷиннисо дар назди фурӯшгоҳи Корхонаи нассоҷии Душанбе рӯзи 20 август вохӯрдем. Ӯ мегӯяд, бори дувум аст, ки бо модараш ба ин фурӯшгоҳ меояд, аммо либоси табъи дилашро, ки бояд тамоми соли хониш ба бар кунад, намеёбад.
“Ин либос ба ман маъқул нашуд, дӯхту матоаш безеб аст. Либосҳои бозор зӯр буд, хушрӯ ҳастанд,” – мегӯяд Тоҷиннисо.
Модари Тоҷиннисо ду фарзандашро барои харидории либоси мактабӣ ба ин фурӯшгоҳ овард, аммо барои писари хурдияш либоси муносиб ба андозаи ӯ пайдо накард. Вай мегӯяд ҳоло маҷбур аст, бори сеюм ба фурӯшгоҳ равад.
Айни видео дар Ютуб:
Ғуломалӣ Қурбонов сокини шаҳри Душанберо бо се наберааш дар назди ин фурӯшгоҳ серташвиш пайдо кардем. Ӯ мегӯяд, набераҳояш дар мактабҳои гуногун таҳсил мекунанд ва ҳар мактаб либоси хоси худашро таъин кардааст ва акнун ӯ сару калобаашро гум кардааст ва намедонад ба кадоме аз набераҳояш кадом либос ва бо кадом рангро харидорӣ кунад.
“Ман шахсан тарафдори либоси ягонаам ва мехоҳам, ки онро корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ истеҳсол кунанд ва мо онро харем. Лекин дар ин ҷо нархи либос аз бозор гаронтар асту сифаташ аз он паст. Наход як “брюкча”-ю “костюм”-и синфи як 150 сомонӣ шавад? Ин ба як тиҷорати афроди алоҳида табдил ёфтааст, ки дар ин шабу рӯз ҷайби онҳо варам мекунад,” -- мегӯяд Ғуломалӣ Қурбонов.
Қурбонов мегӯяд, ӯ гумон дошт, ки матои либосҳои мактабӣ аз пахтаи маҳаллӣ истеҳсол шудааст ва бо хариди либос ӯ ба рушди иқтисоди кишвараш кумак мекунад. Аммо акнун фаҳмидааст, ки дар либоси мактабии набераҳояш заррае аз пахтаи тоҷик вуҷуд надорад ва матоъҳо асосан синтетикӣ буда, боз ҳам аз Чину Туркия ворид шудаанд.
Бахши умдаи волидон ва хонандагоне ҳам, ки бо мо ҳамсӯҳбат мешуданд, аз таркиби матои либосҳо нигарон буданд. Бархе дигар аз сифати паст, номувофиқ будани андоза ва маҳдуд будани имконияти интихоби либос шикоят доштанд.
Либосҳое, ки дар рафҳои фурӯшгоҳи Корхонаи нассоҷии Душанбе гузошта шудаанд, аксаран барчасп ва этикетка надоштанд, то маълум шавад таркиби матоъ аз чӣ иборат аст. Танҳо дар бархе аз либосҳо барчаспе вуҷуд дошт, ки дар он гуфта мешавад таркиби матои шиму костюм 80 дарсад аз зағирпоя ва 20 дарсад аз лавсан иборат аст. Қимати арзонтарин бастаи либосҳои болоӣ дар ин фурӯшгоҳ аз 150 сомонӣ оғоз шуда, то ба 350−400 сомонӣ мерасад. Нархи либос дар бозорҳои пойтахт дар муқоиса ба ин фурӯшгоҳ арзонтар буда, ба эътирофи аксар волидон сифати либосҳо низ ба беҳтар аст.
Раҳматтулло Ғуломов, сармуҳандиси Корхонаи нассоҷии Душанберӯзи 20 август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан матои ин либосҳо ва дигар қисмҳои зарурӣ мисли тугмаву зиреҳи хиштак (ширинка) аз Чину Туркия ворид мешаванд. “Мо дар ин ҷо танҳо матоъҳоро аз нахи пахта истеҳсол мекунем. Аммо аз нахи пахта либоси болопӯш омода карда намешавад. Барои ҳамин, мо матоъро аз хориҷа ворид мекунем, ки дар таркиби он қисман маҳсулоти синтетикӣ ҳаст, бе ин намешавад. Аммо аксараш он аз лён (зағирпоя) ва лавсану дигар маҳсулоти табиӣ барои саломатӣ безарар иборат аст,” -- гуфт сармуҳандиси Корхонаи нассоҷӣ.
Ҳадафи даъвати мақомот ва Вазорати маориф ва илм аз волидон, ки либоси мактабиро аз ширкатҳои худӣ харидорӣ кунанд, ба хотири пуштибонӣ аз истеҳсолкунандаи ватанӣ буд. Аммо ба назар мерасад, ин ташаббуси ватандӯстонаро ширкатҳои алоҳида ба фоидаи худ истифода кардаанд ва боз ҳам ҳамон матои чиниро бо дӯхти ба маротиб бадтар аз либосҳои бозор ба талабаҳо мефурӯшанд.
Ҳамидуллохон Фақиров, мудири раёсати маорифи шаҳри Душанбе мегӯяд, харидории либосҳои мактабӣ аз ширкатҳои худӣ танҳо як тавсия буд. “Мо танҳо тавсия додаем, ки либосро аз корхонаҳои ватанӣ бихаранд. Аммо ин маҷбурӣ нест, волидон ҳақ доранд, ки аз бозорҳо низ либос харидорӣ кунанд, ба шарте ки ба рангу тарҳи либоси қабулкардаи мактаб мувофиқат кунад,”--гуфт ин мақомдори тоҷик.
Дар Тоҷикистон 3845 мактаб вуҷуд дорад ва дар онҳо наздики ду миллион талаба таҳсил мекунад. Агар хонаводаҳо барои харидории либоси мактабӣ барои як кӯдак 200 сомонӣ сарф кунанд, пас, дар маҷмӯъ тоҷикистониён барои хариди либоси мактабӣ 340 миллион сомонӣ ё ҳудуди 50 миллион доллар харҷ мекунанд. Аммо таври маълум дар ҳар оилаи тоҷик на камтар аз чаҳор талаба таҳсил мекунад.