Шумораи заҳролудшудаҳо дар ноҳияи Ишкошим аз рустании "гелиотроп" дар таркиби гандум ба 39 нафар расид ва аксари гирифторон кӯдакони аз 3 то 5-сола будаанд. Масъулин мегӯянд, эҳтимол шумораи бистариён афзоиш ёбад. Дар ҳоли ҳозир як гурӯҳ аз мутахассисони Вазорати тандурустӣ ба Бадахшон рафта, вазъро аз наздик таҳқиқ доранд.
Аз охири моҳи январ то 10-уми феврали имсол 19 нафар заҳролуд шуда, як навраси 11-сола даргузашт. Насрингул Некӯшоева, сардори Раёсати тандурустии вилояти Бадахшон, рӯзи 12-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи шанбе 20 нафари дигарро ба беморхона интиқол доданд.
Бемории варами ҷигар ё гелиотроп соли 1992 дар замони авҷи ҷанги дохилӣ дар ҷануби Тоҷикистон ва бахусус ноҳияи Фархор хуруҷ кард. Дар он замон беш аз 8 ҳазор нафар дар ин ноҳия заҳролуд шуданд.
Ӯ дар шарҳи ҳодиса гуфт, сокинони ин маҳал аз панҷуним тонна гандуме, ки аз ноҳияи Ҳамадонӣ бурда шудааст, 2 тонаашро орд карда, истеъмол намуданд. "Бар асари ҷой доштани алафи заҳрогини “гелиотроп” дар замини гандум ва истеъмоли орди заҳролуд, осеб диданд. Ҳоло вазъиятро меомӯзем. Вазъият хуб нест ва аз Вазорати тандурустӣ мутахассисони соҳибтаҷруба дар Ишкошим ҳастанд," - афзуд Некӯшоева.
Дар ҳамин ҳол, Қурбонбек Қурбонбеков, як омӯзгор аз рустои Питупи ноҳияи Ишкошим, ки писари 11-солааш дар рӯзҳои аввали заҳролудшавии сокинони деҳа ба беморхона оварда шудааст, гуфт, бо гузашти ду ҳафта вазъи писари дигараш беҳ нашудааст. Вай мегӯяд, рӯзҳои аввал варами шиками писараш 50 сантиметр буд ва ҳоло ба 65 сантиметр расидааст.
"Иштиҳояш хуб аст, хӯрданаш беҳтар аст, вале дард мекашад ва вазъаш хуб нест", - гуфт ӯ.
Қурбонбеков гуфт, дар ҳафтаҳои аввал беморон аз ҳисоби мардум ва наздиконашон муолиҷа мешуданд, вале ҳоло ройгон бо дору таъмин мешаванд. Ба қавли Қурбонбек Қурбонбеков, аз деҳаи онҳо ва рустоҳои дигар заҳролудшудаҳоро ба беморхона овардаанд ва тақрибан 40 нафар бистарӣ мебошанд.
Мақомоти вилояти мухтори куҳистони Бадахшон рӯзи 10-уми феврал гуфтанд, ин афрод аз орди гандуме заҳролуд шуданд, ки тобистони соли гузашта як соҳибкор аз вилояти Хатлон ба онҷо бурдааст. Ҳоло орди боқимондаро мусодира карда, барои нобуд намудан дастур додаанд. Нилуфар Асламшоева, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон, гуфт, аксари заҳролудшудаҳо сокинони деҳаи Питуп ва Шитхарви ноҳияи Ишкошим ҳастанд.
"Мутахассисон гуфтанд, ки як қисми сокинон истеъмоли гандуми заҳролудро аз моҳҳои декабри соли 2017 ва январи имсол оғоз кардаанд. Эҳтимол то моҳи апрел нишонаҳои беморӣ дар вуҷуди дигарон низ мушоҳида шавад", - гуфт Асламшоева. Вай афзуд, ба ин хотир сокинони Питуп ва деҳаҳои атрофи онро зери назорат гирифтаанд, то бо пайдо шудани аавалин нишонаҳои беморӣ заҳролудшудаҳоро табобат кунанд.
Сухангӯи раиси вилояти Бадахшон гуфт, инчунин, миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирифтааст, то аз гандуми заҳролудшуда истифода набаранд. Аз мардум хостаанд, ки ордҳои харидаи худро ба мақомот супоранд ва дар иваз ба онҳо аз хазинаи ҳукумати вилоят ва соҳибкорони инфиродӣ орд дода шудааст.
Моҳи январи имсол панҷ узви як хонавода дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба беморие гирифтор шуданд, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷануби Тоҷикистон даҳҳо нафарро кушта буд. Бемории варами ҷигар рӯзи 31-уми январ писари 13-солаи хонаводаи Қурбонбек Қурбонбеков, як омӯзгор аз рустои Питупи ноҳияи Ишкошимро аз онҳо гирифт ва айни замон аъзои дигари хонавода муолиҷа мегиранд. Рӯзи 3-юми феврал ҳодисаи заҳролудшавӣ дар оилаи Хисравовҳо мушоҳида шуд ва ҳоло аъзои ин хонавода низ дар бемористон қарор доранд.
Бемории варами ҷигар ва ё гератпроп соли 1992 дар замони авҷи ҷанги дохилӣ дар ҷануби Тоҷикистон ва бахусус ноҳияи Фархор хуруҷ кард. Дар он замон бештар аз 8 ҳазор нафар дар ин ноҳия заҳролуд шуданд. На камтар аз 500 нафар ҳалок шуданд, ҳазорон нафар шифо ёфтанд.