Дар Украина рӯзи 25 январ ба ёди қурбониёни ҳамлаи хунини мушакӣ дар шаҳри Мариупол рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст. Дар ин рӯз парчамҳои миллии Украина нимпойин оварда шуда, дар нимаи рӯз ба вақти маҳаллӣ як дақиқа хомӯшӣ эълон шуд.
Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко ҳамчунин амр дод, ки дар рӯзи 25 январ маъракаву чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ барпо накунанд.
Вазорати дифои Украина мегӯяд, рӯзи 24 январ дар шаҳри бандарии Мариупол бар асари се партоби алоҳидаи мушаки “Град” аз манотиқи таҳти назорати ҷудоиталабони тарафдори Русия 30 нафар кушта ва 97 тан захмӣ шуданд. Нозирони САҲА низ мегӯянд, ки мушакҳо аз манотиқи таҳти назорати ҷудоихоҳон ба сӯи Мариупол шиллик шудаанд. Ҷудоиталабон инро рад карда мегӯянд, дар пушти ин ҳамлаи хунин нирӯҳои Украина истодаанд.
Ин ҳамла дар ҳолест куи ҷудоиталабони тарафдори Русия мегӯянд, ба ҳамла ба ин шаҳри бандарии воқеъ дар соҳили баҳри Азов оғоз кардаанд.
Шаҳрдории Мариупол гуфт, мушакҳо аз қаламрави таҳти назорати ҷудоиталабон партоб шуда, ба бозори пуриздиҳоми шаҳр асобат кардааст. Гуфта мшеавад, ҳамчунин чандин бино дар ҷанубушарқи Мариупол, ки рӯзҳои охир ҳадафи ҳамлаи ҷудоиталабон қарор доранд, ба коми оташ рафтаааст.
Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко дар як баёния ҳамлаи хунин ба Мариуполро “ҷиноят алайҳи башарият” номид ва гуфт, ӯ сафараш ба Арабистони Саудиро ба хотири баррасии ин ҳамла дар ҷаласаи раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ кӯтоҳ карда, ба Украина баргашт. Изҳороти Порошенко ҳамчунин ба “пирӯзии комил” бар ҷудоиталабон даъват мекунад.
Ҳайати нозирони САҲА дар Украина тасдиқ кард, ки мушакҳо аз қаламрави таҳти назорати ҷудоиталабони тарафдори Русия партоб шудаанд. Ин созмон гуфт, ҳайати нозиронаш ба натиҷае расиданд, ки “мушакҳои “Град” аз самти шимолушарқ партоб шудаанд... ва мушакҳои “Ураган” аз самти шарқ омадаанд. Ҳарду самт таҳти назорати “Ҷумҳурии мардумии Донетск” қарор доранд.” Дар баёнияи қаблиаш САҲА гуфт, “мушакборони Мариуполро ҳамлае бемаънӣ, беҳадаф ва нангин” медонад.
Иттиҳодияи Аврупо ҳамлаи Мариуполро маҳкум кард ва ҳушдор дод, ки шиддат гирифтани ҷангҳо ба равобити ин созмон бо Русия таъсир хоҳад кард. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Могерини дар изҳороташ гуфт, шиддати низоъ “ба сурати ногузир ба боз ҳам бадтар шудани равобит миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Русия хоҳад овард.”
Дар ин изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, “манотиқи аҳолинишини шаҳри Мариупол имрӯз аз қаламрави таҳти назорати ҷудоиталабон мушакборон шуд, ки дар натиҷа мардуми мулкӣ куштаю захмӣ шуда, аҳолии бегуноҳ таҳти террор қарор гирифтаанд.”
Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри мушакборони Мариуполро “ҳамлаи даҳшатовари ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия” номид ва гуфт, ин ҳамла ба маҳзи “тасмими бемасъулиятона ва хатарноки Русия ҷиҳати таъминоти дубора”-и ҷудоиталабон бо садҳо адад таслиҳоти навин дар ин рӯзҳои охир муяссар шудааст.
Дафтари дабири кулли СММ Бан Ки Мун бо пахши як изҳорот мушакборони хунини Мариуполро шадидан маҳкум кард. Ин баёния ҳамчунин тасмими ҷудоиталабон ҷиҳтаи қатъи оташбас ва “бавижа баёнияҳои иғвоангези онҳо бо даъвои қаламрави бештар”-ро низ маҳкум мекунад.
Сарвазири Украина Арсений Ятсенюк хостори баргузории ҷаласаи изтирории Шӯрои Амнияти СММ дар ин масъала шуд. Аммо Русия шаби гузашта монеъи тасвиби изҳороти Шӯрои Амнияти СММ дар масъалаи Мариупол шуд. Матни ин изҳорот, ки аз сӯи Бритониё пешниҳод шуда буд, раҳбари ҷудоиталабони тарафдори Русия дар ба ном “Ҷумҳурии мардумии Донетск” Александр Захарченкороро танқид ва бурузи ахири хушунатҳо дар шарқи Украинаро маҳкум мекард. Захарченко рӯзи 23 январ эълон кард, ки тарафдорони ӯ дигар музокирот пиромуни оташбасро қатъ ва ба ҳамлаи нав оғоз мекунанд.
Сухангӯи низомиҳои Украина Андрий Лисенко дар нишасти хабариаш дар Киев гуфт, “дар ҳамлае, ки мардуми мулкӣ ва минтақаҳои аҳолинишинро ба ҳадаф дошт, дастикам се мушакандози “Град” истифода шудааст.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории русии РИА Новости аз қавли Александр Захарченко, раҳбари ба ном “Ҷумҳурии мардумии Донетск” хабар дод, ки ҷудоиталабон рӯзи 24 январ ҳамла ба Мариуполро оғоз кардаанд. Захарченко , ки дар маҳалли ҳалокати дастикам 8 нафар аз сокинони мулкии Донетск бар асари ба як истгоҳи автобус асобат кардани мушак сӯҳбат мекард, гуфтааст, “ин амалиёт беҳтарин ёдбуди онҳое, ки ҷони худро қурбон кардаанд, хоҳад шуд.”
Бино ба ҳисобҳо, дар ҷангҳои шарқи Украина дар 9 моҳи охир наздики 5 000 ва танҳо дар рӯзҳои охир зери 300 кас ҷон бохтаанд. Ҷудоиталабони тарафдори Русия дар вилоятҳои нисфи аҳолиашон русзабони Донетску Луҳанск дар моҳи апрели соли 2014 бо илҳом аз тасарруфи як моҳ аз он пеши нимҷазираи Қрими Украина аз сӯи Русия сар бардоштанд ва бо тасарруфи марказҳои ин ду вилоят ва қисмате аз навоҳиии онҳо дар моҳи май аз таъсиси ба ном “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” хабар доданд.
Киев ва Ғарб мӯътақиданд, ки оташи ҷудоиталабии аҳолии русзабони шарқи Украинаро Русия аланга додааст ва ҷудоитабалонро бо пулу силоҳу мошинҳои ҷангӣ маҳз Маскав таъмин мекунад. Маскав инро рад мекунад, вале Амрикову Иттиҳодияи Аврупо ва муттаҳидини онҳо ба далели дахолатҳояш дар Украина то имрӯз алайҳи Русия ва ҷудоиталабони тарафдори Маскав дар Украина дастикам 4 бастаи таҳримот ҷорӣ кардаанд. Ғарб ҳушдор додааст, ки дар сурати даст набардоштанаш аз ин дахолатҳо ва дар ғайри сурати кумак ба оддӣ сохтани вазъ дар шарқи Украина, Русия ба таҳримҳои боз ҳам бештар рӯбарӯ хоҳад шуд.
Дар майдони марказии Мариупол ҳудуди 200 нафар аз аҳолии маҳаллӣ дар маросими ёдбуди қурбониёни ахир гирди ҳам омаданд. Видео аз ин маросимро инҷо бубинед.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад