"Ҷиҳодӣ"-ҳои қазоқ дар ҷанги Сурия

Ин порча аз як навори Ютюб дар бораи қазоқистониҳоест, ки дар Сурия меҷанганд

Пас аз як ҳафтаи нашри як навори видеоӣ Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон эълон дошт, ки амалиёти бозгардони "ҷиҳодӣ"-ҳои қазоқро аз Сурия шурӯъ кардааст.
Намояндаи расмии Маркази зиддитеррор дар Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, пас аз кашфи ҳувияти чандин нафар, ки дар як видеои таблиғотӣ гуфтаанд, ба Сурия барои ҷангидан бо режими Башор Асад омадаанд, Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон бо наздикони онҳо дар тамос шуда, талош доранд, то ин «ҷиҳодӣ-ён ба Қазоқистон баргардонида шавад.

Вай афзуд: «Дар Қазоқистон таблиғи терроризм манъ аст ва дар навори аломатҳои ин ҷиноят дида мешавад. Ҳоло ҳамроҳ бо ниҳодҳои масъул амалиёти ҷустуҷӯ, дарёфт ва ба ватан баргардонидани "ҷиҳодӣ-ҳои қазоқ оғоз ёфтааст.» Ҳамчунин ба Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дастур дода шудааст, ки афрод ва шабакаҳои ҷалби ҷавонони қазоқ ба низоъҳои мусаллаҳонаи хориҷиро кашф ва аз интиқоли ҷавонон ба хориҷ барои ширкат дар чунин низоъҳо пешгирӣ намояд.

Дар ҳамин ҳол, сардори Маркази зиддитеррор дар Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Кендебой Адамбеков рӯзи 23-юми октябр гуфт, ки наздик ба 100 шаҳрванди Қазоқистон дар маҳалли ҷангҳо дар кишварҳои хориҷӣ ҳузур доранд. Ин ва дигар мансабдорони қазоқ намегӯянд, ки сухан аз Сурия меравад, дар ҳоле ки дар видеои таблиғотӣ дар Интернет ҷавонони қазоқ мусалсалҳои Калашников дар даст шиор мезананд, ки «барои наҷоти Сурия» ва «шаҳодат дар роҳи Исломи пок» омадаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон мегӯяд, чунин афрод дар ҳисобҳои консулии сафоратҳои ин кишвар номнавис нашудаанд ва шояд ба қаламрави Сурия бидуни раводид, ба воситаи урдугоҳҳои паноҳандагони сурёнӣ дар Туркия ворид шудаанд.

Порае дигар аз ин видео

Видеои «ҷиҳодиҳои қазоқ дар Сурия» ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ зад ва сарусадои зиёд ба бор овард. Дар он даҳҳо нафари ҳарбипӯш, ки бисёрии онҳо дар даст силоҳ доштанд, Қуръон мехонанд ва ҳикоят мекунанд, ки «барои ширкат дар ҷиҳод ба Сурия омадаанд ва бо хости Аллоҳ дар ин ҷо шаҳид мешаванд, то ба биҳишт роҳ ёбанд.»

Ҳамаи ин дар як бӯстонсарони дуошёна, ки фаршу роҳравҳояш мармарист, наворбардорӣ шудааст. Дар он кӯдакони ин «ҷиҳодиҳо» низ дида мешаванд. Духтарчаҳо ҳиҷоби комил доранд ва писарон ҷудо аз онҳо нишастаанд.

Нахустин вокуниши мақомоти Қазоқистон ба ин навор эҳтиёткорона буд. Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар огоҳ кард, ки аввал бояд шаҳрванди Қазоқистон будани ин афрод дақиқ шавад. Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфт, «навор бо аҳдофи таблиғотӣ нашр шуда, ин афрод шаҳрвандони Қазоқистон нестанд.» Аммо чанде нагузашта, номи яке аз қаҳрамонони видео ошкор шуд. Ин шахс сокини вилояти Оқмулло Аманжул Жансенгиров будааст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ наздикони ӯро ёфтанд, ки мегӯянд, ин ҷавон бо фиребу найранг ба Сурия бурда шудааст.

Ҷустуҷӯи афроди дигаре, ки дар навор дида мешаванд, идома дорад.

Низоъи Сурия дар соли 2011 сар шуд ва дар он асосан сунниҳо ва шиъаҳо ширкат доранд. Ҷунбиши «Ал-Нусра», ки бахше аз «Ал-Қоида» шумурда мешавад, зидди ҳукумати президент Башор Асад меҷангад ва созмони «Ҳизбуллоҳ» якҷо бо даҳҳо гурӯҳи дигари тундравони мазҳабӣ аз ин ҳукумат дифоъ мекунад. Дар ҷангҳои Сурия то ҳол беш аз100 ҳазор нафар кушта ва зиёда аз се миллион нафар бехонавудар шудаанд.

Чанде пеш мақомоти амниятии Қирғизистон бо изҳори нигаронӣ аз ширкати шаҳрвандони ин кишвар дар низоъи Сурия дар бораи дастикам 8 ҷавон аз вилояти Ҷалолобод сӯҳбат карда буданд, ки гӯё аз тариқи Туркия ба ҷанги Сурия рафтаанд. Ба гуфтаи ин мақомот, ин танҳо як мавриди мушаххасшудаи ширкати "муҷоҳидон" аз Қирғизистон дар низоъи он кишвари дури арабист.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон низ дар бораи ширкати шаҳрвандони ин кишвар дар ҷангҳои Сурия сӯҳбат мекунанд. Дар моҳи майи соли ҷорӣ як намояндаи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, дар ҷангҳои Сурия дастикам 3 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд. Вале мақомот дар ин бора ки оё шумори эҳтимолии ҷангиёни тоҷик дар ин низоъи ҳазорҳо километр дур аз ватани онҳо чанд нафар аст, изҳори бехабарӣ мекунанд. мақомоти амниятии Душанбе гароиш ба равияҳои тунди дини Ислом ва пайвастан ба гурӯҳҳои тундрави мазҳабиро аз манбаъҳои умдаи такмили суфуфи "ҷиҳодӣ"-ҳо аз ҳисоби атбоъи Тоҷикистон ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ мешуморанд.