Даҳҳо қурбонии таркиши мудҳиш дар Кветта. ВИДЕО

Шумори кушташудаҳо дар ҳамлаи маргталабона дар назди дарвозаи бемористони шаҳри Кветта дар шимолуғарби Покистон ба дастикам 63 нафар расид. Мақомот мегӯянд, дар натиҷаи таркиши рӯзи 8 август, ки чанд лаҳза баъди ба ин бемористон овардани ҷасади кушташудаи вакили дифои шинохта Билол Касӣ рух дод, беш аз 100 тани дигар захмӣ шуда, аксаран дар вазъи сангин қарор доранд.

Сарбоз Бугтӣ, вазири дохилаи вилоят ин ҳамларо ҳамчун “амали террористӣ” маҳкум кард. Касе ҳанӯз масъулияти ҳамлаи Кветтаро ба дӯш нагирифтааст. Сухангӯи ҳукумати Балуҷистон гуфт, тафтиш идома дорад. Ин ҳам маълум нест, ки дар пушти қатли Билол Касӣ, ки субҳи 8 август дар роҳ ба сӯи додгоҳ ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт, кӣ истодааст?

Телевизионҳои маҳаллӣ наворҳоеро намоиш доданд, ки мардум чигуна ба ваҳм уфтода, аз бемористон мегурезанд. Пулис гуфт, аксари кушташудаҳо вакилони дифоъ буданд, ки дар пайи интиқоли ҷасади Касӣ дар назди бемористон ҷамъ шуда буданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шумори қурбониён дар Кветтаи Покистон аз 50 кас бештар шуд