Ҳомиди Карзай дар изҳороте ҳамла болои намозгузорони масҷиди Майманаро, ки камаш 40 кушта ба ҷой гузошт, маҳкум кард.
Дар ҳамлаи интиҳорие дар дохили як масҷиди Афғонистон камаш 40 нафар кушта шуданд. Ин ҳодиса дар лаҳзаҳое рух дод, ки мардум барои ширкат дар намози Иди Қурбон дар шаҳри Майманаи маркази вилояти Форёб гирди ҳам меомаданд. Ба иттилои генерал Абдулхолиқ Оқсой, раиси пулиси вилоят, ин амал кори дасти Толибон аст. Сухангӯи Толибон гуфтааст, дунболи мушаххас кардани масъули ин ҳодиса мебошанд.
Сухангӯи пулис дар минтақаи шимоли Афғонистон Лаълмуҳаммад Аҳмадзай гуфт, ҳамлагар лаҳзае бомбаро ба кор андохт, ки намозгузорон якдигарро бо фарорасии ид табрик мекарданд. То ин лаҳза шумори маҷрӯҳон 40 нафар гуфта мешавад. Ба қавли масъулин, нисфи кушташудаҳо ходимони пулис буданд. Аҳмадзай гуфт, ба эҳтимоли ғолиб ҳадафи аслии ҳамла генерал Оқсой будааст, чунки таркиш дар лаҳзае рух дод, ки ин мақомдори пулис ба мошини худ нишаст.
Хабарнигори Ройтерз мегӯяд, дар маҳалли таркиш ҷасади тақрибан 20 нафарро дидааст, ки баъзеашон либоси пулис дар тан доранд.
Ин таркиш дар соатҳои нӯҳи субҳи рӯзи аввали таҷлили ид, чанд лаҳза баъд аз он рух дод, ки президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай аз Толибон дубора даъват ба амал овард, ки ба ҳукумат бипайванданд. “Агар Шумо хоҳед, ки ба ҳукумат ҳамроҳ шавед, бифармоед. Шумо ба унвони як афғон ва мусалмон аз чунин ҳақ бархӯрдор ҳастед”,-гуфт Карзай дар баёнияи табрикотиаш ба ҳангоми таҷлили ид дар Кобул.
Дар пешорӯи соли 2014, ки нерӯҳои хориҷӣ бояд хоки Афғонистонро тарк кунанд, Кобул ва Вашингтон бо Толибон музокироти ҷудогонаро ба роҳ мондаанд. Дар як изҳорот Карзай ҳамла болои намозгузорони масҷиди Майманаро маҳкум кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад