Ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон талош доранд пеши роҳи шикоятҳои зиёди сокинони маҳалҳои зери назораташонро ба Дастгоҳи иҷроияи президент бигиранд, то шуморашон камтар шавад. Аз рӯи муқаррарот, Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон баъди омӯзиши мавзӯи шикоят масъулини маҳаллиро вазифадор мекунад, ки бар асоси ин нома ба дарди сокинон расидагӣ шавад.
200 мактуби Арафамоҳ ба дастгоҳ
Арафамоҳ Саидова, як сокини 63-солаи ноҳияи Фархор пас аз ирсоли як мактуб ба дастгоҳи президент аз ҷониби масъулони ҳукумати маҳаллӣ сарзаниш шунидааст. Ӯ мегӯяд, чун дар ноҳияи Фархор ҳеҷ ниҳоде ба додаш нарасид, ба дастгоҳи президент мактуб навишт. Ин зан давоми чор сол ба мақомоти маҳаллӣ ва дастгоҳи президент наздики 200 мактуб навиштааст.
Шодихон Ҷамшед масъулони маҳаллиро барои он сарзаниш кардааст, ки ба мушкили сокинон сари вақт расидагӣ намекунанд ва онҳо маҷбур мешаванд даъвои худро то ба дастгоҳи президент бубаранд
Номанависиҳои шикоятии ин зан ба дастгоҳи иҷроияи президент аз замоне оғоз шуд, ки додгоҳи ноҳияи Фархор даъвои ӯро дар мавриди соҳиби манзили шахсӣ шудани ӯ аз ҳисоби шавҳари ҷудошудааш бекор кард. Хонум Арафамоҳ мегӯяд, 33 сол бо ҳамсараш зиндагии муштарак дошт, вале ҳамсар ӯро талоқ дода, аз манзил пеш кард. Ҳоло дар маркази ноҳия дар як хонаи иҷора зиндагӣ мекунад ва 200 сомонӣ нафақа мегирад.
"Ин қадар сол меҳнат кардам, дар сари пири дар кӯча мондам. Наход аз хонае, ки худам сохтаам, ҳақ надошта бошам", - гуфт ӯ.
Дар ҳукумати ноҳияи Фархор гуфтанд, шавҳари ин зан расман ба номаш ҳеҷ дороие надорад ва бинобар кӯдаки хурдсол надоштанаш додгоҳ наметавонад ӯро дар манзили зисти собиқ шавҳар, ки ба номи дигар нафар сабт шудааст, маскун кунад.
Вақте дарахти боғамро буриданд...
Маъмулан мактубҳое, ки то Дастгоҳи иҷроияи президент мерасанд, дубора барои баррасӣ ба мақомоти зинаи аввал фиристода мешавад, ки онро пеш аз дигарҳо баррасӣ кардааст ва сокинон маҳз аз натиҷаи он норизо ҳастанд. Бо ин вуҷуд, сокинон бовар доранд, ки мактубҳои онҳо ба дасти Озодаи Раҳмон, раҳбари Дастгоҳи иҷроия ва ё Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар намерасад ва онро зердастони онҳо баррасӣ намуда, дубора барои баррасӣ ба маҳалҳо мефиристанд.
Ҳамид Шарипов, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, соли гузашта ҳудуди як гектар боғашро масъулони ҳукумати маҳаллӣ бо фармони як коргари додгоҳ ба харобазор табдил доданд. Бар асари як иштибоҳ ба гуфтаи ин сокинон онҳо 200 бех дарахтони мевадиҳандаи боғашро буридаанд.
“Он ҷо 12 сотих замини ғайриқонунӣ будааст. Онҳо ба ҷои онро озод кардан боғи маро, ки тамоми ҳуҷҷатро дорам, хароб кардаанд. Ду бор ба дастгоҳи президент навиштам, барои баррасӣ боз ба ноҳия фиристоданд", - гуфт ӯ.
Бадахшон: Сарзаниш барои шикояти ба Дастгоҳи Президент
Ҳафтаи гузашта дар як ҷаласса Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти мухтори Бадахшон масъулони маҳаллиро барои он сарзаниш кардааст, ки ба мушкили сокинон сари вақт ва дуруст расидагӣ намекунанд ва онҳо маҷбур мешаванд даъвои худро то ба дастгоҳи президент бубаранд, чунки медонанд, ки дар сатҳи боло ҳарфи онҳо шунида мешавад. Вай рафтори зердастонашро “бемасъулиятӣ” номидааст. Танҳо аз Бадахшон ба дастгоҳи президент 220 мактуб ворид шудааст, ки дар қиёс ба соли пеш 49 адад бештар будааст. Раиси вилоят гуфтааст, бояд шикояти сокинон дар ноҳия ҳал шавад ва арзи онҳо то дастгоҳ нарасад.
Як манбаи радиои Озодӣ гуфт, шикоят аз минтақаи дурдаст ба дастгоҳи президент гоҳо маънои поймол шудани ҳуқуқи шаҳрванд аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ арзёбӣ мешавад ва дар сурати ҳақ будани даъвогар, мақомот дар маҳалҳо сарзаниш мешаванд. Аз ҳамин хотир ҳам, кам будани шикоят аз маҳал барои бархе мақомот ба маънои “раҳбари хубу адолатпеша” буданаш аст, ва дар сурати ғайр, ин раҳбарро дар симои манфӣ дар Душанбе муаррифӣ мекунад. Гоҳо шикояти зиёд аз раҳбарони маҳал метавонад баҳонаи аз кор озод шудани ин мақом шавад.
Охирин умед - муроҷиат ба президент
Коршиносон мегӯянд, муроҷиати сокинон ба Дастгоҳи президент охирин умеди онҳо аз ноумедиҳост. Ҷаҳонгир Бобобоев, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, вақте дар ҳеҷ ниҳоде ба қадри кофӣ арзи сокинон шунида намешавад, онҳо ба президент муроҷиат мекунанд.
“Онҳо дар телевизион борҳо дидаанд, ки президент ҳамзамони шунидани мушкили як сокин онро ҳал кардааст. Аз ин рӯ, онҳо гумон мекунанд, ки вақте мактубашон ба президент расад, ҳатман арзашон гӯш карда мешавад”, - гуфт ӯ.
Омори расмие, ки дар як сол чанд сокини Тоҷикистон ба унвонии президент тариқи Дастгоҳи иҷроия мактуб менависад, маълум нест. Вале аз рӯи арзёбиҳои тахминии коршиносон, ноҳияе нест, ки камтар аз даҳ мактуби шикоятӣ ба унвони президент дар як сол нарасида бошад. Бештари ин мактубҳо, ки баъзан дар матбуот низ нашр мешаванд, баҳсҳои догоҳӣ бар сари замин ва дигар моликияти шахсӣ аст.