Нархи $100 дар саррофиҳои Тоҷикистон ба 834 сомонӣ расид

Нуқтаи мубодилаи асъори Бонки Эсхата дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ. 1 апрели соли 2017

Нархи 100 доллари амрикоӣ дар саррофиҳои расмии Тоҷикистон ба 834 сомонӣ баробар ва дар муқоиса ба ҳафтаҳои гузашта хеле камчин шудааст. Дар аксар саррофиҳои шаҳри Душанбе рӯзи 1 апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар як ҳафтаи охир ҷаҳиши чашмраси доллар дар баробари пули миллии сомонӣ мушоҳида шуд, вале аз баёни иллатҳои он худдорӣ карданд. Муҳаммад, як сокини ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ, низ рӯзи шанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сад долларашро дар намояндагии бонки "Эсхата" дар ин минтақа ба 834 сомонӣ иваз кардааст.

Дар Тоҷикистон барои муомилаҳои ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, аз ҷумла бо доллару евро фурӯхтани манзилу мошин ва мубодилаи асъор берун аз бонк, ҷаримаҳои сангин ва ҳатто ҳукми зиндон ҷорӣ кардаанд.

Аммо ӯ гуфт, "вақте пурсидем, ки барои фурӯш ҳам доллар доред? Онҳо гуфтанд, барои фурӯш доллар нест. Долларҳои мардумро мегиранд, вале ба корафтодаҳо доллар намедиҳанд." Як соҳибкор аз Душанбе мегӯяд, ин раванд эҳтимол дубора бозорҳои пинҳонӣ ва ё ғайрирасмии ивази асъорро дар кишвар фаъол хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз корбарони вебсайти Радиои Озодӣ дар шарҳи худ навиштанд, ки дар баъзе аз минтақаҳо қурби сад доллар то 850 ва аз он бештар ҳам расидааст. Коршиноси масоили иқтисодӣ Меҳрубон Бурҳонов аз як тараф беқурбшавии рӯзафзуни пули миллии сомонӣ ва аз тарафи дигар талаботи зиёд ба долларро аз омилҳои асосии баланд шудани он дар бозори Тоҷикистон донист.

Меҳрубон Бурҳонов

Ӯ гуфт, "сабаби дигараш таъсири бозори сиёҳ аст. Имрӯз агар қурби 100 доллар дар бонкҳо ба 834 сомонӣ баробар бошад, лекин дар бозори сиёҳ мардум омодаанд онро бо 840 ва ҳатто бештар аз он бихаранд. Чун вақте доллар дар бозори бонкӣ ва дар байни мардум гардиш нахӯрад, то ҳамон андоза талаботаш бештар мешавад. Як сабаби дигараш ин боз ҳам кам шудани маблағҳои воридотӣ ба Тоҷикистон аст."

Меҳрубон Бурҳонов мегӯяд, пасту болоравии қурби доллар аз худи мардум ҳам вобаста аст. "Зеро вақте мардум намехоҳанд долларҳои худро бо сомонӣ иваз кунанд, дар бозор доллар камчину қурбаш баланд мешавад. Сабаби ин амр дар камтар шудани эътимоди мардум ба пули миллӣ ва ҳам низоми бонкист", - афзуд ӯ.

Бонки Миллии Тоҷикистон ҳанӯз ин вазъро шарҳ надода, дар вебсайти расмиаш қурби расмии сад долларро барои се рӯзи оянда 827 сомонӣ муқаррар кардааст. Қаблан дар Бонки Миллии Тоҷикистон иллати болоравии қурби доллар ва, инчунин, камчин шудани ин асъори хориҷиро ба "номутаносибии тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон" вобаста дониста ва гуфта буданд, ки "чунин вазъ дарозмуддат нест".

Бинои асосии Бонки Миллии Тоҷикистон

Парвози қурби доллар бахусус дар нимаи дувуми соли 2014 ва нимаи аввали соли 2015 мушоҳида шуд. Дар моҳи майи соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон раис ва тамоми муовинони раиси Бонки миллиро барканор карда ва раҳбарияти нави бонк сиёсати шадидеро барои танзими вазъи бозори асъор рӯи даст гирифт.

Ибтидо дар роҳи фаъолияти саррофони хусусӣ дар кишвар маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ шуда, аз 1 декабри соли 2015 салоҳияти мубодилаи асъори хориҷиро пурра ба ихтиёри бонкҳо гузоштанд ва нуқтаҳои хусусии мубодилаи асъорро аз байн бурданд. Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон барои муомилаҳои ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, аз ҷумла бо доллару евро фурӯхтани манзилу мошин ва мубодилаи асъор берун аз бонк, ҷаримаҳои сангин ва ҳатто ҳукми зиндон ҷорӣ карданд.