Гарм шудани "бозори сиёҳ"-и доллар (2 ВИДЕО)

Назорати шадиди мақомоти Тоҷикистон ба гардиши доллар дар савдо ва саррофиҳо, сабаби густариши “бозори сиёҳ” дар шаҳри Душанбе шудааст.

Муроқибати сахти чанд рӯзи ахири мақомот ба гардиши доллар, роҳро барои густариши "бозори сиёҳ"-и доллар, боз кардааст. Азбаски ниме аз саррофиҳо бастаанд ва ними дигари онҳо мегӯянд, “доллар надоранд”, шаҳрвандон берун аз нуқтаҳои табдили асъор ва бонкҳо бо хариду фурӯши доллар машғул мешаванд. Қурби доллар дар ин “бозори сиёҳ” ба 6,50- 6,60 сомонӣ барои 1 доллар баробар шудааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки охири ҳафтаи гузашта Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони бонкҳои тиҷоратӣ ва нуқтаҳои саррофӣ дар як ҳамоиши вижа ба ин мувофиқа расида буданд, ки сад доллари амрикоиро аз 630 сомонӣ гаронтар нахоҳанд фурӯхт.

Рӯзи душанбеи 16 март аз даҳ саррофии кӯчаи марказии пойтахт ва назди бозорҳо, ки мо дидан кардем, танҳо 6-тоаш фаъол ва дар ҳамаи лавҳаҳо қимати як доллар амрикоӣ барои харид 6 сомону 30 дирам ва барои фурӯш 6 сомону 28 дирам муқаррар шуда буд. Вале мушкил дар ин буд, ки саррофон мегуфтанд, доллари нақд надоранд, зеро касе бо ин нарх ба онҳо доллар намефурӯшад. Зоҳиран чунин муомилаҳо акнун дур аз саррофӣ ва бонкҳо бо нархи баландтар ҷараён мегирад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бозори арзи Тоҷикистон ба шароити нав мутобиқ мешавад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки намояндагони Бонки миллӣ ва кормандони прокуратура ва корҳои дохилӣ вазъияти бозори арзро дар ин шабу рӯз шадидан назорат мекунанд. Вазорати корҳои дохилӣ, имрӯз аз боздошти ду нафар гузориш дод, ки ба ҷурми хариду фурӯш бо асъори хориҷӣ боздошт шудаанд.

Ба иттилои дафтари матуботи ин вазорат, 15-уми марти дар бозори “Дустӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мирҳомид Баротов, сокини ҳамин ноҳия ва Фарҳод Сатторов, сокини шаҳри Норак дастгир шуданд, ки аввалӣ ба дувумӣ бар ивази 4 ҳазор доллар ва 65 ҳазор рубли русӣ мошини Opel−ашро фурӯхтааст.

Абдуғаффор Қурбонов

Дар Тоҷикистон хариду фурӯши ашёву хадамоти гаронбаҳо қабл аз ин ҳам бо доллар анҷом мешуд. Аммо бо камчин шудани доллар пас аз коҳиши қобили мулоҳизаи пулҳои интиқолии муҳоҷирон аз Русия, Бонки миллӣ дар иҷроиши қарораш доир ба доду ситад бо пулӣ миллӣ ҳассосияти бештар зоҳир мекунад.

Абдуғаффор Қурбонов, роҳбари хадамоти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, кормандони бонк ҳоло беш аз ҳар вақта вазъи бозори асъорро назорат мекунад. Вай гуфт, “агар қаблан дар як рӯз як маротиба буд, ҳоло кормандони бонк дар як рӯз се маротиба вазъи бозори асъорро таҳлил карда, вобаста ба вазъият амал мекунад. Инчунин мо бо кормандони прокуратура ҳамкориро шурӯъ кардем, то ин ки аз болоравии сунъии қурби доллар ҷилавгирӣ кунем.”

Ҳоло дар Тоҷикистон миёни қурби муқарраркардаи Бонки миллӣ ва қурби асъор дар саррофиҳо фарқияти бесобиқаи ба вуҷуд омадааст. Агар қаблан фарқи қурби муайян кардаи Бонки миллӣ нисбат ба бозор аз 2 то панҷ сомонӣ буд, ҳоло ин фарқият аз ҳар сад доллар ба 70 сомонӣ расидааст.

Дар ҳамин ҳол, иқтисоддонҳо мегӯянд, чораҳои маъмурии Бонки миллӣ ва аз роҳи зӯр таҳмил кардани қурби муайяни доллар ба саррофиҳо бештари онҳоро ба “бозори сиёҳ” тела медиҳад. Константин Бондаренко, роҳбари маркази “Бозори озоди Тоҷикистон” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муътадил нигоҳ доштани қурби доллар тариқи назорат аз боло саррофиҳо ғайримумкин аст.

Константин Бондаренко

Вай мегӯяд: “Ҳама гуна кӯшишҳои бо зӯрӣ устувор нигоҳ доштани қурб дар асл заъфро нишон медиҳад. Ин амалкарди Бонки миллӣ аз он далолат мекунад, ки ин ниҳод имконияти аз роҳи қонунҳои иқтисоди бозорӣ нигоҳ доштани қурби доллар надорад. Назорати шадид дар саррофиҳо тоҷирон ба ин хулоса меорад, ки вазъият воқеан бад аст ва бояд зиёдтар доллар харид ва ин як дарҳамабарҳамиро ба вуҷуд меорад. Агар ин гуна назорат намебуд, вазъ бо маҷрои худ пеш мерафт ва ин гуна бебандуборӣ дар бозори арз ба вуҷуд намеомад.”

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Бонки милли Тоҷикистон, аз аввали соли равон, сомонӣ пули миллӣ дар нисбати доллар тибқи қурби расмӣ 4,1 дарсади арзишашро ва мувофиқи додуситади бозорӣ 10 дарсади қурбашро аз даст додааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Арзиши доллар дар саррофиҳои Душанбе