Дар раддабандии нави “Doing business-2019” ва ё “Пешбурди тиҷорат”, ки аз сӯи мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ таҳия мешавад, мавқеи Тоҷикистон се зина поин рафт.
Ягона ислоҳоте, ки Тоҷикистон имсол барои сабук кардани кори тиҷорат роҳандозӣ кардааст, ин ҳам бастани созишномаи гумрукӣ бо ҳамсоякишвари Узбекистон будааст
Тоҷикистон имсол дар мақоми 126 қарор гирифт, ки нисбат ба як соли пеш се зина поинтар аст. Соли гузашта Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар мақоми 123 қарор дошт.
Ягона ислоҳоти соли 2018...
Муаллифони “Doing business-2019” дар шарҳи он навиштаанд, имсол Тоҷикистон ҳамагӣ як ислоҳотро роҳандозӣ карда, мавқеашро ба қадри 0.08 зина беҳтар кард. Аммо аз сабаби оне ки кишварҳои дигар ислоҳоти бештар ва босуръатеро ба роҳ мондаанд, мавқеи Тоҷикистон дар баробари дигар кившарҳо се зина поён рафтааст.
Ягона ислоҳоте, ки Тоҷикистон имсол барои сабук кардани кори тиҷорат роҳандозӣ кардааст, ин ҳам бастани созишномаи гумрукӣ бо ҳамсоякишвари Узбекистон будааст. Ба гуфтаи муаллифони Doing business, ин созишнома иҷрои амалиёти гумрукиро дар марз сабуктар кардааст.
“Дар натиҷа, вақте барои ба расмиятдарории санадҳои гумрукӣ ҳангоми содирот маҳсулот сарф мешавад, аз 75 соат дар соли (2016-17) то ба 51 соат дар соли (2017-2018) коҳиш ёфтааст”, менависанд муаллифон.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: СБП мегӯяд, ки танҳо пас аз иҷрои тавсияҳояш ба Тоҷикистон пул медиҳадГурҷистон пешсаф аст
Таҳиягарони ин гузориш ба Тоҷикистон тавсия додаанд, барои беҳтар кардани мақеаш дар ин раддабандӣ ислоҳоти бештареро ҷиҳати осон кардани пешбурди тиҷорат дар кишвар роҳандозӣ кунад. Аз миёни кишварҳои пасошӯравӣ Гурҷистон дар ин раддабандӣ аз ҳама пешсаф аст ва дар мақоми 6-ум қарор дорад.
Гузориши Doing Business, ки мизони соддагии пешбурди тиҷоратро дар 189 кишвари ҷаҳон арзёбӣ мекунад, аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилаллии молӣ аз соли 2005 ҳар сол нашр мешавад ва як навъ роҳнамои соҳибкорону сармоягузорони байналмилалӣ ба шумор меравад.
Мақоми ҳар кишвар дар ин гузориш аз рӯи 10 шохис - сабти номи корхона, иҷоза гирифтан барои сохтмон, дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ, дастрасӣ ба нерӯи барқ, бақайдгирии моликият, дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ, ҳимояи сармоягузорон, андозбандӣ, тиҷорати байналмилалӣ, муфлисшавӣ ва монанди инҳо - муайян мешавад.