Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён дар нишасти хабарии рӯзи 19 июлаш зимни шарҳи тағйитроти ҷадид ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, ки дар ғайбашон муҳокима кардани парвандаи афродеро, ки аз кишвар фирор кардаанд, иҷозат медиҳад, вале гуфт, фикр намекунад, ки ин тағйирот мазҳ ба “собиқ мухолифин” рабт мегирад.
Шоҳиён дар идома афзуд, “Мо ҳоло ибораи мухолифин надорем. Ҳамаи ин чизҳо то ба имзо расидани созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ буд. Аз рӯзе ки ин созишнома ба имзо расид ва дар давоми қариб дувуним сол Комиссияи оштии миллӣ фаъолият кард, тамоми талаботи чӣ созишномаи умумӣ ва чӣ дигар санадҳое, ки ба имзо расида буданд, ба пуррагӣ иҷро гардиданд. Яъне мо дигар ибораи мухолифин надорем ва ба ҳамин хотир (дар Кодекс) ворид карда нашудааст.”
Ин ҳарфи Шоҳиён, ки “мо ҳоло ибораи мухолифин надорем” ба сурати ғайримустақим ба ҷавви ҳоким дар зеҳни бархе доираҳо дар арсаи сиёсии Тоҷикистони кунунӣ бармегардад, ки дар шароити феълӣ аз “оппозитсия”-созӣ худдорӣ кардан ва аз як гиребон сар баровардан дар атрофи Эмомалӣ Раҳмон ба унвони “Пешвои миллат”-ро ба сӯди кишвар мешуморанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Усмони Солеҳ, сухангӯи ҳизби халқии демократӣ бар ин аст, ки манзури раиси Додгоҳи олӣ шояд танҳо ҳизби наҳзат буд, ки ба гуфтаи ӯ, “на дар чорчӯби қонун, балки бо яроқу аслиҳа мехост ҳукуматро ба ҳам занад.”
Усмон Солеҳ ҳамзамон вуҷуди мухолифинро дар саҳнаи сиёсии ҳар кишвар як амри зарур номид ва гуфт, фаъолияти 7 ҳизби сиёсӣ нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон мухолифин вуҷуд доранд ва озодона амал мекунанд: “Барои мисол, ҳизби коммунист на дар ҳамаи масъалаҳо бо ҳизби мо ба унвони ҳизби ҳоким назари яксон дорад. Ё ҳизби сотсиалист, ё сотсиал-демократ. Як ҷамъият бидуни мухолифат буда наметавонад. Агар мухолифат набошад, ё рақобат набошад, ё фикри ғайр набошад, ҷамъият пеш намеравад. Вале ҳар гуна муборизаҳои сиёсӣ бояд дар чорчӯби қонун бошад, на мисли ҳизби наҳзати исломӣ.”
Дар пайи саркӯби ошӯби генерал Назарзода даҳҳо тан аз аъзо ва тарафдорони ҳизби наҳзат дастгир шуда, дар моҳи апрели соли равон Додгоҳи олии Тоҷикистон 13 узви аршади ин ҳизбро дар робита ба ошӯби генерал Назарзода маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон кард. Аз ҷумла ду муовини раиси ҳизб ҳукми зиндони абад гирифтанд.
Аммо раҳбарони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҳар навъ иртиботи худ бо ошӯби генерал Назарзодаро рад мекунанд ва чандин бор гуфтаанд, ки ин ошӯб танҳо баҳонае барои манъи фаъолият ва саркӯби як рақиби қавии ҳукумати имрӯза шуд.
Ба назари мунтақидон, майдони муборизаҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон чунон идеалие нест, ки мақомоташ мехоҳанд тасвир кунанд ва дар як соли охир ин кишвар дар зери либоси мубориза бо ифротгароӣ аз масири озодиҳои демократӣ хеле ақиб рафтааст. Онҳо мегӯянд, манъи фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ – як ташаккули умдаи мухолифин – дар пайи саркӯби ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015 танҳо нуқтаи авҷи маъракаи чандинсолаи аз рақибони билқувваи ҳизби ҳокими халқии демократӣ холӣ кардани ин майдон шуд.
Раҷаби Мирзо, таҳлилгари масоили сиёсии Тоҷикистон мегӯяд: “Барои пайдоиши оппозитсияи комил ҳукумати қавӣ ва андешаи давлатмардона зарур аст. Фикр мекунам, азбаски ҳукумат ба нерӯву тавонмандии худу аъзояш мутмаин несту заъфи онҳоро эҳсос мекунад, ба пайдоиши оппозитсияи комил имкон намедиҳад.”
Дар ҳоли ҳозир, дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ – ҳизби халқии демократӣ, ки 44 курсӣ аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон ва аксарияти кулли мансабҳои давлатиро аъзои он дар даст доранд, ҳамчунин аҳзоби коммунист, аграрӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, демократ, сотсиал-демократ ва сотсиалист расман амал мекунанд.
Вале нозирони умур аксари ин аҳзоб, ба истиснои ҳизби сотсиал-демократро аз шарикони ҳизби ҳоким мешуморанд. Ба ақидаи нозирон, маҳдуд кардани майдони фаъолиятҳои сиёсӣ чанд қартаи умдае, ба мисли танҳо ҳизби расман сабтиномшудаи исломӣ дар минтақа ваё мурооти ҳадди ақал зоҳирии асли чандандешии сиёсиро, ки қаблан мояи нози ҳукумати Тоҷикистон дар чашми ҷомиаи байналмилалӣ буд, аз дасти Душанбе пас гирифт ва бисёриҳоро ба ин хулоса овардааст, ки ин кишвари пасошӯравии Осиёи Марказӣ торафт ба сӯи як низоми худкома (авторитарӣ) ҳаракат мекунад.
Паёмади дигаре, ки шояд дар Душанбе интизор надоштанд, бо танг шудани майдони фаъолиятҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ба арсаҳои берун аз низом ва бештар ба хориҷ кӯчидани фаъолиятҳои сиёсии афроду гурӯҳҳои дигарандеш шуд. Дар моҳҳои февралу март ва майу июн мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар чандин шаҳр дар Австрияву Олмону Лаҳистон (Полша) ва дар Истамбули Туркия бо шиорҳои хеле тундтар аз он чӣ, ки дар Тоҷикистон ба худ иҷозат медоданд, раҳпаймоиҳои эътирозӣ доир карданд.
Раҷаби Мирзо бар ин назар аст, ки таҳаввулоти ахир ҳузур ва нақши оппозитсияи берун аз низомро дар майдони сиёсии Тоҷикистон барҷастатар ва мавзеъгирии чунин гурӯҳҳо нисбат ба ҳукумати имрӯзаро тундтар кард ва ин тамоюл идома хоҳад ёфт: “Албатта, оппозитсияи берун аз низом солҳои пеш ҳам вучуд дошт, аммо он рӯшан набуд. Ҳаводиси як соли ахир ҳарфи онҳоро башиддаттар ва таъсирашонро хам бештар кардааст. Вале, азбаски дар ин росто онҳо ҳамоҳангӣ надоранд, дар дохил вуҷудашон эҳсос намешавад. Дар фазои берун ҳарфи онҳо бештар таъсир дорад. Хафви оппозитсияи берун аз низом ин аст, ки онҳоро хадамоту кишварҳои мухталиф метавонад ба манфиатхои худ сӯиистифода барад. Лиҳозо кишварҳои қавӣ кӯшиш мекунанд, ки мухолифонашон аз низом берун набошанд.”
Як корманди як созмони байналмилалӣ дар Душанбе, ки ба шарти набурдани номаш бо Озодӣ сӯҳбат кард, гуфт, танг шудани фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон хеле рӯшан эҳсос мешавад: “Душанбе зоҳиран тағйир ёфт – тарабхонаҳову биноҳои наве сохта шуданд, вале танҳо дар зоҳир. Мардуми оддӣ шояд ҳатто надонад ва ҳис ҳам накунад, ки даҳҳо нафарро бо иттиҳоми сиёсӣ ба зиндон андохтаанд, ё чӣ тавр ҳизбҳоро фишор меоранд? Вале мо мебинем, ки ҳоло дар инҷо шумори онҳое, ки дар бораи масоили сиёсӣ озодона сӯҳбат кунанд, хеле-хеле кам шудааст. Онҳое ҳам, ки ҳарф мезананд, назар ба солҳои гузашта хеле бо эҳтиёт сӯҳбат мекунанд. Фазо хеле маҳдуд шудааст назар ба солҳои гузашта, хеле.”
Вале ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, дар ростои мушкилоти сахти иқтисодӣ қарор гирифтани кишвар хоҳ-нохоҳ мақомоти Душанберо маҷбур мекунад, ки ба тавсияҳои кишварҳои ғарбӣ гӯш бидиҳанд ва ба хотири ҷалби сармояҳое, ки ҳоло ба он хеле эҳтиёҷи зиёд доранд, ҳадди ақал як қисми озодиҳои сиёсиро барқарор кунанд: “Дар сӯҳбатҳо бо мақомоти тоҷик дипломатҳои ғарбӣ ҳам мегӯянд, ки агар Душанбе боз ҳам ба буғӣ кардани дигарандешон идома диҳад, ба ёриҳои бештари иқтисодӣ умед баста наметавонад. Ва як чизи умедворкунанда ин аст, ки инро мақомоти маҳаллӣ низ эътироф мекунанд.”
Дар баҳси сӯҳбатҳои ахири раиси Додгоҳи олӣ дар шабакаи “Фейсбук” аксари корбарон ба ин нукта таъкид мекунанд, ки бидуни оппозитсия ҳеҷ кишваре имкони рушду пешрафт надорад. Ба ақидаи хабарнигори тоҷик Завқибек Саидаминӣ, “демократия ва ҷомеаи демократӣ бе оппозитсия (ҳизбҳову шахсиятҳои мухолиф) вуҷуд дошта наметавонад!” Диловар Вализода навиштааст, “барои ривоҷ ва равнақи мамлакат мавҷудияти мухолифин бар ҳукумати қонунӣ ҳатмист. Бе ин мамлакат рӯз аз рӯз ба ботлоқи авторитаризм, баъд тоталитаризм ғарқ шуда, нобуд мешавад.” Ба эътиқоди Исфандиёри Одина, “мухолиф дар ҳамаи давру замон буд ва ҳаст, чи номи он дар қонун бошад ва чи набошад.” Вале дар муқобил як гурӯҳи дигар ва бештар бо таъкид ба оқибатҳои ихтилофоти сиёсии солҳои 90, ки Тоҷикистонро ба ҷанги хунини шаҳрвандӣ кашонд, чунин назар доранд, ки “ба Тоҷикистон оппозитсия чӣ даркор?”