Додситонӣ амр додааст, ки ду баландошёнаи навсохтро дар Душанбе вайрон кунанд

Сохтмони ду биноро додситонӣ ғайриқонунӣ донистааст.

Додситонӣ амри тахриби ду бинои баландошёнаи навсохт дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо додааст.

Пулиси Душанбе рӯзи 13-уми октябр дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод, ки ин ду бино дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансур “худсарона” ва бо роҳи омода намудани санадҳои “сохта” бунёд шудаанд.

Назари соҳиби ин ду сохтмон, ки пулиси Душанбе аз ӯ Ҷамшед Азизмуҳаммадзода ном бурдааст, ба ин тасмим ҳанӯз дастрас нашудааст.

Пулис иддао дорад, ки Азизмуҳаммадзода ба 16 нафар дар ин ду бино ғайриқонунӣ хона фурухтааст.

Корбарони Фейсбук ба ин хабар бо шубҳа нигоҳ кардаанд.

Онҳо дар зери хабар навиштаанд, мумкин нест, ки моҳҳо сохтмон идома кунад, вале мақомот пас аз анҷоми он хабар ёбанд ва амри тахриби онро диҳанд.

Шариф Салимов, як корбар навиштааст, ки “худсарона касе як капа намесозад.” Ӯ гуфтааст, ки боинсоф бошед, то тоҷире зиён набинад.

Ҳомӣ Уропов, корбари дигар сокинонро танқид кардааст, ки носанҷида дар ҳар бино хона мехаранд ва вақте онро чаппа карданд, саргардон мешаванд.

Мақомот ҳанӯз шарҳ надодаанд, ки ин тоҷир чӣ гуна ин ду баландошёнаро бино кардааст ва чаро то анҷоми сохтмон санадҳои онро касе тафтиш накардааст.