Додгоҳ як хешованди президенти Қирғизистонро шартан озод кард

Додгоҳи ноҳияи Якуми май дар Бишкек

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 18-уми сентябр хешованди раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборовро, ки бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуда буд, ба ҳабси хонагӣ маҳкум кардааст.

Хадамоти матбуотии додгоҳ иттилоъ дода, ки қарори ба ҳабси хонагӣ гирифтани Улан Ҷабборов, писари амакбачаи Содир Ҷабборов бо дархости муфаттишони Кумитаи амнияти миллии он кишвар содир шуда буд.

Улан Ҷабборов то 19-уми август ба ҳабси пешакӣ маҳкум шуда буд. Расонаҳо менависанд, Улан Ҷабборов ба он гумонбар мешавад, ки гуё ба нафаре ваъдаи мансаби давлатӣ дода, дар ивази ин пул гирифтааст.

Ин бори дуюм аст, ки Улан Ҷабборов боздошт мешавад. Бори аввал ӯро моҳи июли соли 2023 бо иттиҳоми фасод боздошт карда буданд.

Эрбол Султонбоев, сухангӯи раисҷумҳури Қирғизистон он замон гуфта буд, ки Улан Ҷабборов дар даст доштан дар фаъолиятҳои коррупсионии марбут ба Хадамоти гумрук гумонбар дониста мешавад.