Diyor FM - нахустин радиои интернетии тоҷикони Амрико

Сайти интернетии Diyor FM

Хабарҳои охир ва таронаҳои дилангези овозхонҳои ватанӣ дар сайти ин радиои интернетӣ дастраси ҳамагон аст.
Дар шабакаи Интернет радиои тоҷикони Амрико бо номи Diyor FM ба фаъолият оғоз намуд. Барномаҳои радиои Diyor FM-ро мешавад тариқи онлайн, яъне тавассути Интернет гӯш кард - http://www.radiodiyor.com/. Дар сайти интернетии ин радио инчунин аксу нигораҳои муаррификунандаи фарҳанги миллии тоҷикӣ ба забонҳои русиву англисӣ нашр шудаанд.

Аз ҷумла, ин сомона аз баргузории ҷашни Наврӯзи-2013-ро дар шаҳри Вашингтон дар таърихи 17 март хабар дода гуфтааст, ки ин маърака имсол дар сохтмони Conference Center бо ширкати тоҷикони Амрико, сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон ва Анҷумани фарҳангии тоҷикони Амрико доир мешавад. Як манбаи радиои Озодӣ гуфт, ин радио аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони тоҷики муқими Амрико, ки дар атрофи Вашингтон ба сар мебаранд, ташкил шудааст.


Дар бахшҳои дигари сомонаи радиои Diyor FM нигористони аксҳо бо лаҳзаҳо аз ҷашнгириҳои Наврӯзи соли 2012, бахши чандрасонаӣ ва сабтҳои мусиқии овозхонҳои маъруфи тоҷик, аз ҷумла, Нигина Амонқулова, Ҷонибеки Мурод, Шабнами Сураё ва Баха-84 муаррифӣ шудаанд.

Бино ба гузориши Дафтари саршумории аҳолии Иёлоти Муттаҳида, дар ин кишвар 4385 шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Дар даҳ сол – аз оғози соли 2001 то поёни 2010 ба сурати умум 1573 шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрвандии Амрико пазируфта шудaанд.

Ҷамъияти тоҷикони Амрико яке аз фаъолтарин ҷомеаҳои муҳоҷирони тоҷик дар беруни кишвар ба шумор рафта, пайваста дар бораи ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ хабар медиҳад. Серҷамъияттарин маъракаи ин ҷамъият Наврӯз аст, ки бо ширкати тоҷикистониҳои муқими Амрико ва хориҷиҳо барпо мешавад.

Радиои Озодӣ