Зебуннисо Сафароваи ҷавонро беэътимодӣ ба шавҳар маҷбур кард, то талоқ бигирад. Ин сокини 30-солаи ноҳияи Ёвон мегӯяд, сӯҳбатҳои тӯлонии шавҳар бо занҳои бегона рашки ӯро бештар кард ва дар ниҳоят бовариаш аз ӯ канда шуд.
Зебуннисо рӯзи 24-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "аз зиндагии якҷои мо як солу 8 моҳ нагузашта буд. Як саҳар ҳавлӣ мерӯфтам, ки зане омаду номи шавҳарамро гирифта пурсид, оё дар хона ҳаст, ё не. Гуфтам, ки нест. Ҳеҷ чиз нагуфт ва танҳо вақти рафтан таъкид кард, ки номаш Санавбар аст. Гуфт, шавҳарат медонад, ки ман кӣ ҳастам. Вақте ин гапҳоро ба шавҳарам расондам, рангу рӯяш парид, аммо ҳеҷ чиз нагуфт. Ман дигар чӣ хел бовар мекардам?"
Ҷомеъашиносон ва равоншиносони тоҷик бар ин назаранд, ки афзоиши мизони талоқ ва аз ҳампошии хонаводаҳо дар Тоҷикистон ҳарфи тоза нест, аммо беҳтар он аст, ки роҳҳоеро бояд ҷуст, то мизони аз ҳампошиҳои хонаводаҳои ҷавон коҳиш ёбад.
Баръакси Зебуннисо, як сокини 26-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, гуфтугӯи пинҳонии ҳамсарашро дар соати 12-и шаб дар ҷойгаҳи хоб мушоҳида кард ва ин сабаб гардид, ки ба нишони беэътимодӣ ба хонумаш ба идораи ЗАГС ё Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия аризаи талоқ пешниҳод кунад.
Ӯ гуфт, "ман мард ҳастам ва рашк дорам. Чанд дафъа дидам, ки ҳамсарам дар нимаи шаб бо телефон гап мезанад. Се бор ба вай фаҳмондам, ки ман нисбат ба ту шубҳа дорам ва бовариам кам шудааст. Як шаб занги телефонаш баланд шуд, пурсидам, кист, ки занг мезанад? Аммо занам ҳеҷ чиз нагуфт. Як шатта задам, ки аз ҷояш хест ва гуфт, ман дигар бо ту зиндагӣ намекунам."
Аз ҳампошии хонаводаҳои ҷавон дар ҳолест, ки танҳо дар моҳи июли имсол идораи ЗАГС-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт панҷ ақди никоҳро баста, вале беш аз 20 ариза барои бекор кардани ақди никоҳ ба ин ниҳод ворид шудааст. Сайфулло Қурбонов, як масъули Идораи ЗАГС-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, тибқи аризаҳое, ки барои талоқ пешниҳод гардидаанд, нобоварии зану шавҳари ҷавон сабаби ин амр аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ӯ мегӯяд, бархе аз ҷавонон ҳатто ду сол зиндагӣ накарда, нобоварӣ ва бештар омили хиёнат онҳоро аз ҳам ҷудо кардааст: "Ҳамин рӯз ду аризаро баррасӣ кардем, ки аз оилаҳои ҷавон ҳастанд. Онҳо ду-се сол зиндагӣ карда ва аз рӯи нобоварӣ бо якдигар аз ҳам ҷудо шудан мехоҳанд. Мо ба онҳо барои фикр кардан вақт додем, вале шумораи чунин хонаводаҳои ҷавон рӯ ба афзоиш дорад ва ин масъалаи беҳад ҷиддӣ аст. Сабаби аксари нобовариҳо аз сӯҳбатҳои телефонӣ аст. Ҳамин аризае, ки ҳоло қабул кардем, як ҷавон мегӯяд, ки ҳамсараш хиёнат кард ва дар вақти гап заданаш бо як марди бегона, ӯро қапидааст."
Сӯҳбатҳои сарироҳӣ бо иддае аз сокинон низ собит кард, ки телефон ва сӯҳбатҳо тариқи он, омили азҳампошии хонавода мегардад. Яке аз ҷавонон гуфт, "маҷбур шудам телефони ҳамсарамро гирам, то инки боис ба хархаша нашавад. Ин телефон хонавайрокун аст ва ду сол мешавад, ки хонумам дар дасташ телефон надорад."
Ба гуфтаи ҷавони дувум, "фикр мекунам, ки ҳам шавҳар ва ҳам ҳамсар набояд ба шубҳа роҳ диҳанд, чунки бе телефон ҳам намешавад. Дар оила бояд телефон бошад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ тамос гирӣ."
Ин дар ҳолест, ки дар нимсолаи аввали соли равон ба додгоҳҳои Тоҷикистон 5 ҳазору 91 парвандаи марбут ба ақди никоҳ ворид шудааст. Додгоҳҳо нисбат ба 4 ҳазору 91-тои он ҳалномаи худро содир намудаанд. Бар асоси ҳалномаи додгоҳҳо, асосан хонаводаҳои ҷавон аз ҳам пошидаанд.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикитон, ҳафтаи гузашта дар як нишасти хабарӣ бо изҳори нигаронӣ аз ин раванд таъкид кард, мақомоти дахлдор бояд ҷиҳати ҳифзи хонаводаҳои ҷавон талошҳои ҷиддӣ ба харҷ диҳанд. Ӯ гуфт, "бо вуҷуди онки дар соли оила тадбирҳову барномаҳои барои ҳифзи хусусан оилаҳои ҷавон ҷуста шуд ва корҳои зиёде ҳам анҷом дода, вале натиҷаи дилхоҳ надод ва раванди бекор шудани ақди оилаҳои ҷавон ҳамчунон идома дорад. Дар нимсолаи аввал дар 4 ҳазору 178 маврид ақди никоҳ бекор карда шудааст, ки ин масъалаи хеле ташвишовар аст."
Ҷомеашиносону равоншиносони тоҷик мегӯянд, афзоиши мизони талоқ дар Тоҷикистон ҳарфи тоза нест, аммо беҳтар он аст, роҳҳоеро пешниҳод кард, ки мизони азҳампошии хонаводаҳои ҷавон коҳиш ёбад. Маҳмуд Кабирӣ, равоншиноси тоҷик, ҳафт иллати аслиро ном бурд, ки ба назари ӯ боиси азҳампошии хонаводаҳо шудааст. Ӯ гуфт, ки нобоварӣ ё адами эътимод аз омили асосист.
"Дар хонавода бо келину домод, яъне бо оилаҳои ҷавон, бо шарту шурути асри гузашта муносибат мекунанд. Дувум, агар мувофиқат аз ду тараф набошад, рашкро ба вуҷуд меорад ва нобоварӣ шурӯъ мешавад. Севум дӯст доштани якдигар. Сабаби дигар - aгар онҳоро бидуни шиносоӣ издивоҷ кунанд, то замоне ки якдигарро дарк кунанд, фурсат аз даст меравад ва дар миён бо андак сабаби ночиз хархаша мекунанд ва дар ниҳоят ҷудо мешаванд... Роҳи ягонаи халосӣ аз ин ҳама дардисарҳо, рафтору муносибати шаффофи аъзои хонавода мебошад", - шарҳ дод Кабирӣ.
Ин дар ҳолест, ки аз чанд соли пеш раванди талоқ миёни хонаводаҳои ҷавон дар ҳоли афзоиш аст. Тибқи иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон мавридҳои талоқ се сол қабл 19 дар сад афзоиш ёфта, дар нуҳ моҳи соли гузашта 6 ҳазору 845 талоқро ташкил кардааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 1077 талоқ ё 18,7 дар сад бештар аст.