Дилафрӯзи 26-сола аз шаҳри Душанбе мегӯяд, 4 моҳ ба ин сӯ ду фарзандашро муваққатан ба хонаи кӯдакони пойтахт супурдааст. Ӯ аз хайли занҳои танҳоест, ки хона надоранд. Ӯ бача дорад ва аз ӯҳдаи нигоҳубини онҳо намебарояд.
Дилафрӯз, рӯзи сешанбеи 28-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш 5-сола буда, дар Хонаи кӯдакони синни томактабӣ ва духтари 3 солааш дар парваришгоҳи 1-и Душанбе парасторӣ мешаванд. Дилафрӯз як сол пеш аз шавҳараш ҷудо шуда, ҳоло худаш дар хобгоҳе дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе бо чанд зани дигар зиндагӣ мекунад, ки ҳамагӣ дар бозор ба савдогарӣ машғуланд. Дилафрӯз ихтисос надорад ва мактаби миёнаро низ то синфи 9 хондааст.
Ӯ мегӯяд, ҳанӯз духтараш таваллуд нашуда буд, ки шавҳараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт ва як сол пеш бо SMS талоқаш дод. “Баъди Русия рафтанаш муносибати шавҳарам комилан дигар шуд. Ҳамеша бо баҳонаи он, ки гӯё нисбати хонаводааш нописандӣ мекунам, ҷанг мекард. Ҳар вақт мегуфт, ту хонагиҳои мора писанд намекунӣ, ҳайрон мешудам. Зеро бо хушдоману хоҳарарӯсам ҳеч мушкил надоштам. Хушдоманам баръакс доим тарафи маро мегирифт. Аммо баъдаш фаҳмидем, ки шавҳарам дар Русия шаҳрвандӣ гирифтанӣ асту зани дигар дорад. Лекин ба ин нигоҳ накарда, хушдоманам мегуфт, ки дар хонаашон зиндагӣ кунам. Наравам, аммо наметонистам дигар он ҷо бимонам,”- мегӯяд ин зани ҷавон.
Қиссаи Дилафрӯз аз сарнавишти занҳои дигар, ки баъди талоқ дар кӯча мемонанд, зиёд фарқ надорад. Дилафрӯз низ пас аз талоқ ба хонаи волидонаш,ба ноҳияи Ваҳдат баргашт. Хонаводаи ӯ ба зӯр зиндагиашро пеш мебурд ва сарбориро дар шакли як духтар ва ду набера қабул надоштанд. Ӯ бо ду кӯдакаш ба шаҳр омад, ки шояд дар инҷо ризқу рӯзашро пайдо кунад.
Шамъигул Бороноваи 33-сола низ баъди аз ҳам пошидани оилааш аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба шаҳри Душанбе омада, тасмим дорад ду тифли хӯрсолашро ба хонаи кӯдакон диҳад.
Шамъигул чаҳор кӯдак дорад. Ду кӯдакро шаш моҳ пеш, баъди талоқ шавҳараш бо худ гирифт, ду кӯдаки дигар бо Шамъигул монд. Ҳоло Шамъигулу ду бачааш дар хобгоҳи як зани ҳамдеҳааш дар маҳаллаи 46-и Душанбе зиндагӣ ва ва дар як ошхонаи бозори "Корвон" кор мекунанд. “Хайр одам наметавонад як умр дар хонаи акаву назди янга зиндагӣ кунад. Ҳозир тамоми ҳуҷҷатҳои фарзандонамро тайёр кардам. То чанд рӯзи дигар ба ҳукумати Душанбе месупорам. Ҳар лаҳза, ки хобгоҳе пайдо кардам, духтару бачаамро меорам. Дар боғча мемонаму худам кор мекунам”-мегӯяд Шамъигул.
Модароне, ки кӯдакони худро дар душвортарин давраи зиндагӣ бар дӯши давлат мегузоранд, маъмулан ё дар набудани муҳоҷири корӣ хонаводаи ӯ ҳамсарашро аз хона берун карданд.
Зарина Кенҷаева, равоншиноси Маркази боварии Кумитаи занон мегӯяд, дар Тоҷикистон аксари мардҳо баъди ҷудо шудан аз зан кӯдакашро бо манзил таъмин намекунад ва гузашта аз мехоҳанд занҳоро сахттар муҷозот кунанд. “Занҳо мегӯянд, вақте аз шавҳар ҷудо мешаванд, мардҳо ба хотири бо манзил таъмин накардани онҳо ҳатто кӯдаконро ба қавле “ҳаромӣ” эълон мекунанд. Мегӯянд бовар надорад кӯдак аз худаш аст ва бо ин сабаб хона намедиҳад. Зан ҳам мебинад, ҷое барои рафтан надорад, ноилоҷ фарзандашро ба ятимхона медиҳад.”
Хонаҳои кӯдакон, ки тобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мебошанд. Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, давлат кӯдаконеро, ки модарашон имкони нигоҳубини онҳро надорад, ба парваришгоҳ таъмин мекунад. Аммо меъёре бо номи муваққатан гирифтани фарзанди зани бехона вуҷуд надорад.
“Дар мо ҳастанд модарони танҳо, ки кӯдакони худро ба таври муваққатӣ оварда мемонанду баъдаш гирифта мебаранд. Баъзеи занҳое ҳастанд, ки зиндонӣ мешаванд бо ин сабаб кӯдакро меоранд. Дар дигар маврид падароне низ ҳастанд, ки танҳо зиндагӣ мекунанду то муддати муайян фарзандашро ба хонаи кӯдакон меоранд. Аммо мо меъёри махсуси “занҳои бехона” надорем. ”
Дар чаҳор хонаи кӯдакон (дом малютки), ду хона дар Душанбе ва дутои дигар дар Суғд ки тобеи Вазорати тандурустӣ мебошанд ҳудуди 265 кӯдак парасторӣ мешавад, ки 90 дарсади онҳо барои муддати муайяне пазируфта шудаанд. Бар асоси иттилои ин ниҳод, агар дар шаш моҳи аввали соли 2014 65 модари танҳо барои зисти муваққатӣ фарзандони худро ба парваришгоҳ дода бошанд, имсол шумораи ин занҳо ба 80 нафар расидааст. Танҳо хонаи кӯдакони шаҳри Душанбе дар шаш моҳи охир 30 кӯдакро муваққатан қабул кардааст. Аз ин шумор танҳо ду модари танҳо тавонистаанд, ки шароити зиндагии худро беҳтар карда, фарзандонро бозпас бигиранд. 28 кӯдаки дигар чашм ба роҳанд, ки кай модарҳои онҳо хона меёбанд ва онҳоро бо худ мебаранд.