Соли ҷудоиҳо дар Тоҷикистон. Ҳашт ҳазор талоқ дар як сол. ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Соли 2018 барои бештар аз 8 ҳазор ҷуфт дар Тоҷикистон соли хубе набуд, чун онҳо баъди солҳо ва ё моҳҳо зиндагии якҷоя аз ҳам ҷудо шуданд. Агарчӣ дар соли 2017-ум 10 ҳазор оила аз ҳам пошид, вале ин тамоюли манфӣ ҳамчунон дар Тоҷикистон коҳиши чашмгир наёфт ва идома кард.

Ба суоли Радиои Озодӣ, ки талоқу ҷудоӣ барои як ҷомеа чӣ паёмад дорад, як сокини Душанбе саросемаву боэҳсос чунин ҷавоб дод: Оқибаташ вайрон шудани ҷомеа ҷамъият аст. Ҷомеа аз оила вобаста аст. Оилаҳо вайрон шаванд, дар ниҳоят ҷомеа ба ҷангал табдил меёбад, ба як ҷангали бесоҳиб.»

Тағйири арзишҳо, шакл гирифтану рушд кардани фардгароӣ (индивидуализм), дигаргуна шудани ҷавонони тоҷик дар муқоиса ба солҳои пеш аз сабабҳои талоқу ҷудо шудани оилаҳо будааст. Ба қавли яке аз сокинони Душанбе, «хулоса меҳру муҳаббат кам шудааст.»

“Ҷомеа чунин шудааст, вайрон шудааст. Фарзандҳоро бояд дар руҳияи дӯст доштан тарбия кунанд, дигар сабаб нест», мегӯяд, ӯ.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Ҳамсарро пеши падару модар мемонанд, зани рус мегиранд"

Як раҳгузари дигар, ки Радиои Озодӣ аз ӯ дар бораи сабабҳои эҳтимолии ҷудошавии оилаҳо пурсид, гуфт, ки “мардҳо бештар гунаҳкоранд, чун булҳавас шудаанд.”

Зан доранд, сар медиҳанд, зани ҷавон мегиранд

Вай афзуд: “Зан доранд, ду ва ё се фарзанд, вале мераванд, бо духтарони ҷавон гап мезананд ва бечора занҳояшонро сар медиҳанд. Барои ҳамин талоқ зиёд шудааст” – гуфт, ӯ.

Тағйири арзишҳо ва талоши ҷавонон барои зиндагии мустақил ва ҷудо аз волидайнро низ яке аз омилҳои ҷудо шудани бахусус ҷуфтҳои ҷавон дар Тоҷикистон мешуморанд.

Ҷавонони имрӯзӣ бисёр асабонианд, бисёр сабукандеш ҳастанд, ҳам зану ҳам мард. Маънои талоқро намефаҳманд.

Дар кишвар расм аст, ки завҷаи писар қабл аз соҳиб шудан ба хонаи алоҳида бояд дар хонаи хусуру хушдоман “хизмат” кунад. Аммо солҳои ахир ҷавонони зиёде намехоҳанд, якҷо бо волидайну хонаводаи бародар дар як ҳавлӣ зиндагӣ кунанд ва аз ин сабаб ҷанҷол бармехезад.

Яке аз мусоҳибони Радиои Озодӣ дар Душанбе чунин мегӯяд: Инҷо хатои калонҳо ҳам зиёд аст. Келин, ки маъқул нашуд, мегӯянд, ин нашуд, дигараш ҳаст. Зангирӣ осон шудааст, қадри якдигарро намедонем.”

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Таънаву маломат барои танҳоӣ. Азоби тоқатфарсои занони танҳои тоҷик. ВИДЕО

Омили дигари ҷудо шудану нимаятим мондани фарзандҳо ба қавли як раҳгузари дигар, издивоҷҳои зуди ҷавонони “хом” аст. “Вақте ҷавононро аз синни 17-18 солагӣ хонадор мекунанд, духтару писари ҷавон намефаҳманд. Нофаҳмӣ аз ду тараф мешавад ва ба талоқу ҷудоӣ мебарад” мегӯяд, ӯ.

Агар куҳ болоят чаппа шуд, номи талоқро нагир

Назари фарди дигаре чунин аст: “Ҷавонони имрӯзӣ бисёр асабонианд, бисёр сабукандеш ҳастанд, ҳам зану ҳам мард. Маънои талоқро намефаҳманд. Мумкин нест. Агар куҳ дар болоят чаппа шавад, бояд номи талоқро нагирӣ.»

Муҳоҷират ва фироқ аз омилҳои аслии талоқ дар Тоҷикистон ҳам ба ҳисоб меравад ва инро на фақат раҳгузарон мегӯянд, балки таҳқиқу пажуҳишҳо нишон додаанд. Мардони тоҷик дар Русия ва дур аз фарзанду ҳамсар зиндагӣ мекунанд ва чун дур ҳастанд, “меҳр низ кам мешавад”.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Таваллуд мекунанду... кӯдаконро мепартоянд" ВИДЕО

“Зан мегиранд, ҳамсарро пеши падару модар мемонанд ва зани рус мегиранд. Ҳамингуна талоқ зиёд мешавад” -мегӯяд яке дигар аз мусоҳибони Радиои Озодӣ.

Ба қавли мусоҳибони мо, аз ҷудоии хонаводаҳо аз ҳама бештар кӯдакон осеб мебинанд. Бе падар бузург мешаванд, дар кӯча ва дур аз таълиму тарбия мемонанд.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ дар аввали соли 2018 гуфт, аз байни 10 ҳазору 100 нафар, ки дар соли 2017 аз ҳам ҷудо шудаанд, беш аз 7 ҳазор нафари онҳо фарзанди ноболиғ доштаанд. Насле, ки онҳоро ояндаи ҷомеа меноманд.