Баҳси "калӯшзанак". Сардабири "Ҳақиқати Ховалинг" ба авбошӣ маҳкум шуд. САДО

Додгоҳе дар ҷануби Тоҷикистон як рӯзноманигорро дар авбошӣ гунаҳгор кард. Додгоҳи ноҳияи Ховалинг Мавлуда Назарова, сардабири нашрияи “Ҳақиқати Ховалинг”-ро бар асоси шикояти раиси бахши занони ин ноҳия наздики 30 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Додгоҳ рӯзи 18 август бо ҳукми худ сардабири 42-соларо бар асоси моддаи 237, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне “авбошӣ” гунаҳкор донист. Ин банд, ки “дағалона вайрон кардани

Ҳамин замон Сафарова асабӣ шуд ва аз дур туфлиашро ҳаво дод. Ба сарам давид ва он ҷо ба ҳамдигар дарафтодем

тартиботи ҷамъиятӣ ва ё беэҳтиромӣ”-ро дар назар дорад, ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор барои ҳисобҳо ва то ду сол ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Мавлуда Назарова, сардабири нашрияи “Ҳақиқати Ховалинг” рӯзи 23-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва аз болои он шикоят хоҳад кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баҳси "калӯшзанак". Сардабири "Ҳақиқати Ховалинг" ба авбошӣ маҳкум шуд

Кафше, ки ба сари журналист зад

Даъвои Гулҷаҳон Сафарова, раиси бахши занони ноҳияи Ховалинг ва Мавлуда Назарова, сардабири "Ҳақиқати Ховалинг" аз рӯзи 15-уми июл оғоз шуд.

Ӯ гуфт, рӯзи 15-уми май ҳангоми таҷлили “Рӯзи оила” дар толори Қасри фарҳанг вақте машғули кори хабарнигорӣ буд, мавриди ҳамлаи лафзии раиси бахши занони ҳукумати Ховалинг қарор гирифт. Вай гуфт, дар як маъракаи идона ҳамроҳ бо ҳамкораш машғули сабт буд.

Вай гуфт: "Раиси занон як шеърро пур аз хато хонд ва як нафар эрод гирифт. Мо назари ӯро гирифтем. Ӯ рафторҳои моро мушоҳида мекард ва дар охир як коргаш омад ва гуфт, ки "моро боз танқид накунед". Гуфтам, "мо мустақилем ва аз шумо намепурсем", ки танқид мекунем ё таъриф. Мо пештар шаш мақолаи танқидӣ дар бораи Бахши занон нашр карда будем, вале онҳо вокуниш нанавишта буданд. Ҳамин замон Сафарова асабӣ шуд ва аз дур туфлиашро ҳаво дод. Ба сарам давид ва он ҷо ба ҳамдигар дарафтодем".

Мавлуда Назарова гуфт, ки ҳарду дар занозанӣ захм бардоштанд ва ӯ вақте мехост ба додгоҳ муроҷиат кунад, раиси ноҳия монеъ шуд: “Раис гуфт, корро ба хубӣ ҳал мекунем, муроҷиат накун. Панҷ рӯз пас ин зан рафт ва аз болои ман ба додгоҳ муроҷиат кард. Ман ҳам ариза навиштам, вале суд баррасии даъвои маро ба анҷом нарасонидааст. Сахт беморам, фишорам баланд аст ва тавони пардохти ин ҷаримаро низ надорам.”

Гулҷаҳон Сафарова, раиси Бахши занон рӯзи 23-уми август нахост дар ин бора бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кунад, вале дар як сӯҳбати қаблӣ гуфта буд, ки сардабири нашрияи ноҳиявӣ дар назди омма ӯро таҳқир кардаааст. Ӯ гуфт, даҳҳо шоҳид дорад, ки гунаҳкор будани сардабирро дар додгоҳ шоҳидӣ медиҳанд.

Аммо Гулбарг Аҳрорзода, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Ховалинг рӯзи 23-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки нашрияи ноҳия ва бахши занон зери сарпарастии ӯ фаъолият мекунанд ва ба навъе ин ду нафар зердасти ӯ маҳсуб мешаванд. Ӯ гуфт, аз аввал талош карданд, то ин ду нафарро ба ҳам оштӣ диҳанд, вале онҳо ба гапаш гӯш надоданд.

"Бисёр талош кардем, ки ҳарду оштӣ кунанд, лекин гуфтанд, ки ба додгоҳ муроҷиат мекунем. Онҳо соҳибихтиёр ҳастанд, рафтанд ва баҳсашонро дар суд идома доданд. Ҳанӯз ҳам фикр мекунам, вақт доранд, ки гузашт кунанд", - гуфт ӯ.

Баҳси сардабири нашрияи “Ҳақиқати Ховалинг” бо раиси Бахши занон се моҳ идома кард. Ҳарду нисбати ҳамдигар бо як иттиҳом ба додгоҳ муроҷиат кардаанд. Ҳанӯз додгоҳ арзи сардабирро қонеъ накардааст, вале рӯзи охири ҳафтаи гузашта шикояти раиси бахши занонро ба манфиати ӯ ҳал кард.

“Ҳақиқати Ховалинг”, нашрияи ҳукумати ноҳияи Ховалинг буда, ҳафтае як маротиба нашр мешавад. Малуда Назарова ду сол боз сардабирии ин нашрияро бар дӯш дорад.

Нозирон мегӯянд, баҳси миёни журналистони маҳалливу намояндагони ҳукумат гоҳо рух медиҳад, вале ин бори аввал аст, ки як сардабир ва як намояндаи ҳукумат ва ҳарду зан ҳамдигарро латукӯб кардаанд. Инчунин дар додгоҳҳои Тоҷикистон то ҳол нашудааст, ки як журналистро барои авбошӣ гунаҳгор эълон кунанд.

Ба иттилои Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ба далели афзоиши мавориди худсонсурӣ, эҳтиёткорӣ ва матраҳ накардани масоили доғи ҷомеа дар нашрияҳои мустақил, теъдоди қазияҳои додгоҳӣ дар қиболи нашрияҳо ва хабарнигорон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Нуриддин Қаршибоев, раиси ин созмон гуфт, агар дар солҳои 2010-2012 қазияҳои додгоҳӣ нисбати нашрияҳо ва хабарнигорони мустақил то 15 адад буд, дар соли гузашта ин рақам то 3 адад коҳиш ёфтааст.