Аҳмад бо кӣ бимонад? Қазияи як тифли тоҷик дар Красноярск

Аҳмад Пискунов

Як созмони ҳомии ҳуқуқи Русия аз омбусмени ҳуқуқи кӯдак Павел Астахов хостааст, то ба қазияи Аҳмад ном як кӯдаки дусолаи тоҷик дар шаҳри Красноярск дахолат кунад.

Ҷунбиши барои ҳуқуқи инсон, як созмони ҳомии ҳуқуқи Русия дар як шикояти расмӣ аз Павел Астахов, ваколатдор(омбудсмен)-и ҳуқуқи кӯдакони ин кишвар хостааст, то ба қазияи Аҳмад Асадович Пискунов ном як тифли дусолаи тоҷик дар шаҳри Красноярск расидагӣ кунад.

Бобояш Султоншо Абдураҳмонов модари ин кӯдак Валентина Пискунова ва ҳамхонаи кунунии ин занро ба бадрафторӣ нисбат ба Аҳмад ва ҳатто латукӯби наберааш айбдор мекунад.

Султоншо Абдураҳмонов рӯзи 25 декабр дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 15 декабр, вақте модараш Аҳмадро ба меҳмонии онҳо овард, дар баданаш осори латукӯб дида мешуд. Султоншо Абдураҳмонов ҳоло аз омбудсмени кӯдак ва дигар мақомоти Русия мехоҳад, то вайро ба ҳайси хешованди мустақими Аҳмад эътироф кунанд ва ҳаққи саробонии набераашро ба ӯ бидиҳанд.

Султоншо Абдураҳмонов мегӯяд: “Ман 15 сол аз 48 соли умрамро дар ҳамин Красноярск зиндагӣ кардам ва шаҳрвандии Русияро дорам. Ронандаи автобуси шаҳриам ва 25 000 рубл маош мегирам. Ҳамсарам низ кор мекунад. Ман на сигор мекашаму на шароб менӯшам. Бойи бой нестам, вале камбуд ҳам надорам, яъне миёна. Мо дар маркази Красноярск манзили дуҳуҷрагӣ дорем, яъне шароити кофие дорем, ки набераамонро худамон нигоҳубин кунем.”

Номаи Ҷушбиши барои ҳуқуқи инсон роҷеъ ба Аҳмад Пискунов

Аҳмад 16 январи соли 2014 ба дунё омад. Ҳамагӣ 4 рӯз баъд аз таваллуди ӯ падараш Асад Абдураҳмоновро, ки дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Красноярск кор мекард, аз қаламрави Русия ихроҷ карданд ва ин ҷавони 22-сола барои 5 сол, яъне то соли 2019 ҳаққи бозгашт ба ин кишварро надорад.

Султоншо Абдураҳмонов мегӯяд, ҳарчанд додгоҳро зорӣ карданд, ки Асад нав соҳиби фарзанд шудааст, дар ҳаққаш тараҳҳум кунанд, вале ихроҷаш карданд: “Баъди ихроҷи Асад зану фарзандаш чанд моҳ ҳамроҳи мо буд. Ман барои онҳо шиноснома гирифтам ва мехостем, ҳардуро ба Бадахшон фиристем, ки онҷо ҳамроҳ зиндагӣ кунанд. Вале вай аз тариқи Интернет як марди дигарро пайдо карду аз хонаи мо рафт.”

Асад Абдураҳмонов бо Наталя Пискунова танҳо никоҳи мусалмонӣ доштааст ва ба ин далел, санадҳои писари онҳо танҳо ба номи модараш сабт шудаанд.

Наимҷон Ёқубов

Наимҷон Ёқубов, коршиноси Ҷунбиши барои ҳуқуқи инсони Русия, ки номаи ин созмон ба омбудсмен Павел Астаховро имзо кардааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, моҷарои Асад Абдураҳмонов ва писараш Аҳмад коллизияи ҳуқуқиест, ки хоси танҳо ин муҳоҷири тоҷик нест, балки садҳо тан аз муҳоҷирони дигари тоҷик дар Русияро низ гирифтор кардааст: “Бисёрии онҳое ки дар инҷо издивоҷ мекунанду соҳиби фарзанд мешаванд, никоҳи расмӣ надоранд, танҳо никоҳи мусалмонӣ доранд. Чунки барои никоҳи расмӣ коғазбозӣ аз ҳад зиёд аст. Шумо бояд аз Тоҷикистон санад биоред, ки муҷаррадед. Сафорат ё консулгариҳои Тоҷикистон чунин санад намедиҳанд. Боз даҳҳо ҳуҷҷати дигар бояд ҷамъ кард. Аз ин рӯ, бисёриҳо никоҳи худро расмӣ намекунанд ва дар натиҷа санадҳои фарзандони онҳо ба номи модари русашон мешавад ва падари тоҷик аз нигоҳи қонун ҳуқуқе ба фарзандаш надорад.”

Асад Абдураҳмонов низ ба ҳамин далел ҳоло дар бунбаст қарор гирифтааст. Ӯ бояд ба Русия омада, аз тариқи додгоҳ ҳаққи падариаш ба Аҳмадро собит кунад. Вале ӯ то соли 2019 ба Русия омада наметавонад, чунки бо ҳукми додгоҳ ихроҷ шудааст.

Султоншо Абдураҳмонов

Султоншо Абдураҳмонов тибқи қонунҳои Русия ҳаққи даъвои саробонии набераашро надорад, чунки писараш бо модари Аҳмад ақди никоҳи расмӣ надошт. Ӯ мегӯяд, кӯшиши бо роҳи муомила ҳал кардани қазия бо модари кӯдак натиҷа надод: “Ин зан аз ҳамхонаи кунуниаш ҳомила будааст. Тибқи қонунҳои Русия, зан баъди таваллуди кӯдаки дувум метавонад аз давлат сармояи модарӣ бигирад. Ин пули кам нест – қариб 430 000 рубл ё беш аз 15 000 доллар! Агар ӯ Аҳмадро ба мо бидиҳад, аз ин пул маҳрум мешавад. Барои ҳамин, бо ду дасту панҷа набераи моро пеши худ нигоҳ доштаанд ва мегӯянд, ӯро касе назадааст, худаш афтид.”

Ҷунбиши барои ҳуқуқи инсони Русия дар номааш аз 23 декабр ба омбудсмени ҳуқуқи кӯдак Павел Астахов аз ҷумла навиштааст, ки дар қазияи Аҳмад “сухан дар бораи ҳаёт, саломатӣ ва ояндаи кӯдак ва ҳамчунин дар бораи ҳаққи ӯ ба иртиботот бо хешовандонаш меравад.” Ин созмон аз омбудсмени ҳуқуқи кӯдак ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия хостааст, то бо ироаи мақоми хешованди мустақим ва ҳаққи саробонии наберааш ба Султоншо Абдураҳмонов аз “бадрафторӣ ва хушунати пайваста” нисбат ба Асад, тифле, ки баъди се ҳафта дусола мешавад, пешгирӣ кунанд.