Баҳси сардабир ва муассиси радиои "Дунё-FM" дар додгоҳ

Маҳина Атаева.

Дар пайи номаи дастаҷамъии гурӯҳи рӯзноманигорони Суғд ба додгоҳи вилоятӣ, ки барои "мунсифона" баррасӣ гардидани баҳси додгоҳии Маҳина Атаева - сардабири радиои “Дунё ФМ”-и Истаравшан бо муассиси ин расона мусоидат кунад, муассис роҳи созиш ва ҳалли мусолиҳатомези мушкилро пешниҳод кардааст. Номаро гурӯҳи рӯзноманигорони Суғд ҳафтаи гузашта ба додгоҳи вилоятӣ ироа карда буданд.

Маҳина Атаева рӯзи 20 -уми октябр гуфт, "мудири коргоҳам гуфтанд, ки розиянд маоши думоҳа ва маблағи рекламаҳоямро пардохт кунад. Ҳамчунин гуфтанд, корро то моҳи охири соли ҷорӣ, декабр давом диҳам. Баъд машварат мекунем, ки биравам ё бимонам."

Назир Турсунов, мудири радиои "Дунё ФМ" инро тасдиқ кард ва гуфт, ӯ аз оғоз ҷонибдори ҳалли мусолиҳатомези баҳсаш бо сармуҳаррир буд. Ӯ афзуд: "Ман ба ӯ гуфтам, ки биё, коратро давом бидеҳ. Хуб гуфт, аммо ҳоло наомадааст. Ман ӯро аз кор пеш накардам ва бо ӯ сари баҳс ҳам надорам."

Ихтилоф аз куҷо сар зад?

Баҳси мудир ва сармуҳаррири радиои хусусии “Дунё ФМ” дар Истаравшан баъди он сар зад, ки ба қавли Маҳина Атаева, аввали моҳи сентябр раҳбараш ӯро бидуни огоҳии қаблӣ ва сабаби маълуме, аз кор сабукдӯш кард. Ӯ мегӯяд, баъдтар ба ӯ кори дигари муҷрӣ - барандагиро пешниҳод карданд, ки аз ҷониби ӯ мавриди пазириш қарор нагирифт.

Ба қавли ӯ, ихтилофи назар дар бархе масъалаҳои корӣ боиси рахна дар муносибати онҳо ва билохира аз кор ронда шуданаш гардид. Вале муассис ва мудири радиои “Дунё- ФМ” мегӯяд, ба кори дигар гузаронидани Атаева дар чорчӯби ихтисори кормандони расонааш анҷом гирифта, ӯ ба қонуншикание даст назадааст.

Аввали моҳи октябр баъди як моҳи интизории ҳалли мусолиҳатомези мушкил, сармуҳаррири радиои хусусии “Дунё- ФМ” барканор шуданаш аз ин вазифаро ғайриқонунӣ хонда, барои дубора сари ин кор омадан ба додгоҳи Истаравшан шикоят бурда буд. Ӯ аз додгоҳ хост, ӯро ба вазифааш барқарор ва аз муассис, ҳамзамон мудири ин расона маоши як моҳи аз кор барканор буданаш ва ҳаққи рекламаҳои бо мусоидати ӯ пахшгардидаро, бирӯёнад.

Атаева мегӯяд, ҳудуди як моҳ мунтазири ҳалли баҳс бо раҳбарияти идора ва барқарор шудан ба кори пешинааш буд, вале чун пешниҳодаш қабул нагардид, баъд аз он ба додгоҳи Истаравшан аризаи даъвоӣ бурд.

Қаршибоев: "Наметавонем аз ин баҳс чашм бипӯшем"

Нуриддин Қаршибоев, раиси Иттиҳодияи мустақили расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), ки Маҳина Атаеваро бо вакили дифоъ таъмин кард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бидуни сабабе ва огоҳии қаблӣ ба кори дигар гузаронидани Атаева нақзи ҳуқуқи як рӯзноманигор мебошад.

Ӯ афзуд: "Агар мо аз ин баҳс чашм бипӯшем, ки ин баҳси кории байни як корфармо аст, сармоядорони муассиси расонаҳо чӣ тавр, ки хоҳанд нисбат ба рӯзноманигорон рафтор мекунанд. Муассис фақат масъалаи таъмини маблағ ва сиёсати расонаро назорат мекунад. Ӯ дигар ҳаққи кордор шудан ба кори маъмулии сармуҳаррирро надорад. Атаева аз рӯзи таъсиси коргоҳаш дар он кор мекунад ва кори худро хуб анҷом дода омадааст."

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифои Маҳина Атаева аз ҷониби созмони НАНСМИТ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз роҳи мусолиҳатомези ҳалли баҳси сардабири радиои "Дунё-ФМ" бо мудираш истиқбол мекунад.

“Дунё ФМ” дуюмин радиои хусусӣ дар Истаравшан аст, ки баъди радиои “Авис Плюс” соли 2015 ба пахши гуфторҳои фароғативу иттилоотии худ дар 24 соати шабонарӯз шурӯъ кардааст. Амвоҷи ин радио аз Истаравшан то даромади ноҳияи Айнӣ ва қисмати марказии вилояти Суғд, Хуҷанду Табошар паҳн мешавад.

Баҳсҳои додгоҳии рӯзноманигорон дар Суғд

Даъвои сардабири ин радио алайҳи мудираш сеюмин баҳси додгоҳии хабарнигорону расонаҳои Суғд аст, ки соли равон ба додгоҳ рафт. Моҳи феврали ҳамин сол як зани сокини Хуҷанд телевизиони "Танин"-и шаҳри Хуҷандро барои паст задани шаъну шарафаш дар як намоиши ин телевизион ба додгоҳ кашида, 800 ҳазор сомонӣ подоши зарари маънавӣ талаб кард.

Додгоҳи Хуҷанд алайҳи телевизини "Танин" бо иттиҳоми "ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ" парвандаи шаҳрвандӣ боз карда, баррасии онро то гирифтани натиҷаи ташхиси пурраи намоиши "Танин" аз ҷониби Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон, мавқуф гузошт.

Исмоил Зарифӣ, рӯзноманигор ва шоири муқими Панҷакент корхонаи тиллои "Зарафшон" ва ду масъули ҳукумати Панҷакентро барои беасос ва дурӯғ номидани як мақолаи ӯ дар бораи камбудҳои ин корхона, ба додгоҳ кашида, 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ ҳамчун зарари маънавӣ талаб кардааст.

Даъвои ҷавобии Зарифӣ дар ҳолест, ки қаблан корхонаи муштараки тилои "Зарафшон", ки 75 дарсади саҳмияҳояшро Чин дар даст дорад, алайҳи Исмоил Зарифӣ ва ҳафтаномаи "Тоҷикистон" барои дар мақолаи "Корхонаи Зарафшон. Зар аз кисту заҳр аз кист?" “паҳн кардани маълумоти беасос, ки шаъну шараф ва эътибори кории ин корхонаро паст мезанад,” ба додгоҳ даъво бурда, 10 000 сомонӣ ҷуброн хоста буд.