Зиндониҳо дар ҳошия -- на кор ва на эътимод

Фаъолони ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз парлумон хостанд, ки барои ҳимояи иҷтимоии зиндониёни собиқ дар кишвар як қонуни махсус ва ҳамчунин қонуни ягонаи зидди табъиз қабул шавад.

“Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” – ташкилоти ҷамъиятие, ки рӯзи 15 - уми январ дар Душанбе натиҷаҳои пажӯҳиши худро муаррифӣ кард, мегӯяд, нафароне, ки баъди хатми мӯҳлати ҳабс ба озодӣ мебароянд, аксаран бо масъалаи таъмини кор, набуди манзили зист ва ҳам мушкилоти равониву табъиз рӯбарӯ мешаванд.

Низоми квотаҳои таъмини кор барои маҳбусони собиқ, ки аз ҷониби Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таҳия шудааст, танҳо 4-5 дарсади маҳкумшудаҳои собиқро бо кор таъмин мекунаду халос. Ин таҳқиқот мегӯяд, даҳҳо зане, ки баъди адои ҳукми зиндон раҳо шудаанд, эътироф мекунанд, ки ҳавои озодӣ ба ҳеҷ сурат наметавонад доғи зиндонро аз обрӯи онҳо пок кунад, чун мардум ба ин қишри ҷомеа бо чашми таҳқир, тарс ва ҳам табъиз менигаранд.

​“Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” мегӯяд, пурсиши онҳо дар миёни 150 нафар, аз ҷумла зиндониёни собиқ, хешовандон ва ҳам мақомоти зидахл дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанду Қӯрғонтеппа, Вахш ва Хоруғ дар моҳҳои июн то сентябри соли 2015 сурат гирифтааст. Наргис

Зокирова, раҳбари ин созмон гуфт, “дар натиҷа маълум шуд, ҷомеа нисбат ба афроде, ки пештар доғи судӣ гирифтаанд, бо ҳисси нобоварӣ нигоҳ мекунанд. Аз онҳо дурӣ меҷӯянд ва аз робита худдорӣ мекунанд.”

Муҳаққиқони мавзӯъ инчунин аз рафтори номуносиби мақомоти интизомӣ дар маҳалҳо шикоят кардаанд, ки дар сурати сар задани кадом ҷиноят дар минтақаи зисти онҳо, пеш аз ҳама ангушти ишора ба сӯи ҷинояткорони собиқ дароз мекунанд ва аввал онҳоро мавриди бозҷӯӣ қарор медиҳанд.

Робия Холиқова, зани 37-сола аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ки соле қабл аз зиндон озод шуд, мегӯяд, то ҳоло ӯ натавонистааст бароҳатӣ ҳатто фарзандонашро бубинад. Ӯро шавҳари собиқаш ба тӯйи хатнаи писаронаш, ки шаш моҳе пеш сурат гирифт, низ роҳ надодааст. Зеро доғи судӣ дорад ва гӯё рафтанаш ба назди фарзандонаш, шаъну шарафи хонаводаи шавҳарашро паст мекунад.

Робия Холиқова се фарзанд дорад ва бо моддаи 247-и Қонуни ҷиноӣ, яъне қалобӣ соли 2010 барои 3 сол равонаи зиндон шуд. Ӯ қаблан дар бозори Қӯрғонтеппа ба савдо машғул буд ва барои рушди тиҷораташ 1300 доллари амрикоӣ аз нафаре қарз гирифт. Аммо бо далели бемор шуданаш натавонист корро идома диҳад ва қарзашро бозпас гардонад.

Вақте қарздорҳо барои гирифтани пулашон омаданд, ӯ тавони пардохти онро надошт ва ҳамин тавр, онҳо ӯро ба додгоҳ кашиданд: “Вақте суд ҳукмамро хонд, шавҳарам ҳамон лаҳза гуфт, дигар бо ман зиндагӣ кардан намехоҳад, гӯё ман ӯро шарманда кардаам. Баъди озод шуданам чанд маротиба ба дидорбинии кӯдаконам рафтам, вале наздашон роҳ надод. Танҳо ду маротиба ба мактаб рафта, писари калонамро дидам. Хонаводаи шавҳарам огоҳ шуда, ҳам писарамро ҷанг карданд, ки бо ман гап назанад ва ҳам бо ман моҷаро карданд.”

Ҳоло Робия дар хонаи иҷора танҳо зиндагӣ мекунад. Пас аз озод шуданаш дигар бародарон ҳам намехостанд бо ҳамроҳии зану фарзандони онҳо дар ҳавлии падар зиндагӣ кунад. Аз ҷониби дигар, ҳамсояҳо низ бо ӯ чун ҷинояткор муносибат мекарданд. Ӯ мегӯяд, ҳоло фарзанди як ҳамсабақашро, ки дӯсти наздик буданд, нигоҳбонӣ мекунад ва рӯзашро пеш мебарад. Бо далели доғи судӣ доштанаш дар ҷойи дигар кори хубтаре пайдо карда натавонист ва ба ҳар ҷойе мерафт, дар симои ӯ як зани фиребгарро медиданд.

Созмони "Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният" умед дорад, ки муроҷиати онҳоро дар бораи қабули қонунҳои махсус барои ҳимояи иҷтимоии маҳбусони собиқ аъзои парлумон ҷиддӣ мегиранд ва дар оянда барои ҳалли масоили онҳо саҳме гузошта хоҳад шуд.

Бунафша Боймуродова.

Бунафша Боймуродова, муовини раиси муасисаи ислоҳии шаҳри Норак, ки дар маросими муаррифии гузориши "Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иктисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон" ширкат дошт, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар ин муассисаи ислоҳӣ курсҳои кӯтоҳмуддати пардозгарӣ, дӯзандагиву пазандагӣ ва компютер амал мекунд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳудуди 180 зани маҳкумшуда, ки дар муассисаи ислоҳии Норак ҳукми худро сипарӣ мекунанд, ин дарсҳоро гузашта, соҳиби сертификат шудаанд. Ба иттилои хонум Боймуродова, аксари маҳкумшудаҳо дар ин зиндон бо ҷурми содир кардани ҷиноятҳои иқтисодӣ паси панҷара рафтаанд ва умед барои бозгашти онҳо ба ҳаёти солим ҳам хеле зиёд аст.

Вай мегӯяд, ки “занҳо дар муассиса фармоиш гирифта кор мекунанд. Барои қисмҳои низомӣ, кормандони роҳҳо, беморхонаи Норак рахти хоб медӯзанд. Масалан, президент ба Норак сафар дорад, ки ҳукумати ин шаҳр ба занҳои муассиса куртаҳои чакан фармоиш доданд.”

Дар зиндонҳои Тоҷикистон бештар аз 11 ҳазор маҳкумшуда адои ҷазо мекунанд.