Наздикони раҳбари нопадидшудаи Ҷамъияти узбактаборони Хатлон мегӯянд, ки интизори натиҷаҳоио ташхиси ДНК-и ҷасаде ҳастанд, ки гуфта мешавад ба Салим Шамсиддинов шабоҳат дорад.
Садриддин Шамсиддинов, бародари Салим Шамсиддинов, ки се рӯз қабл аз Узбакистон баргаштааст, рӯзи 30-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тайи 8 рӯзи ахир дар Тирмиз буд ва бо роҳнамоии мақомоти интизомии он кишвар, бо маълумот дар бораи ёфт шудани ҷасади бародараш ошно шудааст.
Ба гуфтаи Садриддин Шамсиддинов, "азбаски ҷасад ба хок супорида шудааст, ман натавонистам онро бубинам ва намояндагони Тирмиз гуфтанд, ки зарурат барои боз кардани қабр нест. Онҳо гуфтанд, дар рӯзи ёфт шудани ҷасад хун гирифтаанд ва ҳамроҳи хуни ман ба Тошканд фиристоданд".
Ӯ афзуд, мақомоти интизомии Тирмиз гуфтанд, ки дар зарфи 25 рӯз тариқи санҷиши ДНК маълум хоҳад шуд, ки ин ҷасад то кадом андоза бо ӯ робитаи авлодӣ дорад: "Мо танҳо либосҳои ӯро дидем ва ин спортивкаю куртаи спортӣ бисёр бо либосе, ки вай пӯшида ҳар субҳ медавид, монанд аст, лекин ба ҳар ҳол мо мунтазири натиҷаи ДНК мемонем".
Вай гуфт, аз маҳалле, ки ҷасад пайдо шуда буд, дидан карданд: «Дар наздикии истгоҳи Амузанг як трубаи калони об аст ва ҷасад дар онҷо чанд рӯз банд мемонад ва аз ҳамонҷо онро пайдо мекунанд".
Салим Шамсиддинов, раиси Ҷамъияти узбакҳои вилояти Хатлон рӯзи 15-уми март дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз хона берун рафт ва дигар барнагашт. Садриддин Шамсиддинов қаблан дар суҳбат ба "Озодӣ" гуфта буд, ки дар моҳи майи соли гузашта низ Салим Шамсиддинов аз тарафи як гурӯҳи ношинос дар назди бинои Шӯъбаи амнияти миллии Қӯрғонтеппа шадидан латту куб шуд, аммо бо вуҷуди он, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуд, то ҳол натиҷаи таҳқиқи ин ҳодиса маълум нест.
Бародараш мегӯяд, эҳтимоли ба ҳам иртибот доштани "ҳодисаи латту кӯби соли гузашта ба нопадид шудани Салим дар соли ҷорӣ ба ҳам иртибот доранд ва шояд ба хотири баъзе назарҳояш дар масоили сиёсӣ ва интиқодҳояш аз бархӯрди мақомот бо аққалиятҳои миллӣ, ӯро дуздида дар куҷое гаравгон карда бошанд.