Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ, ки 23 август дар Пекин баргузор шуд, барои ҷойи дувум бо медали нуқра ва 30 ҳазор доллар сарфароз гашт. Дилшод дар сабқати ниҳоии гурзандозӣ миёни мардон дар байни 12 гурзандозҳои зӯртарини ҷаҳон бо натиҷаи 78 метру 55 сантиметр ҷои дувумро аз они худ кард. Ӯ барои аввалин бор дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ба чунин комёбӣ мушарраф шуда, соҳиби медал гардидааст.
Павел Файдек (Лаҳистон) бо натиҷаи 80,88 метр қаҳрамони ҷаҳон шуд ва бо медали тилло ва 60 ҳазор доллар сарфароз гашт. Войсех Новитски (Лаҳистон) бо натиҷаи 78.55 метр дар ҷои севум қарор гирифт ва бо медали биринҷиву 20 ҳазор доллар мукофотонида шуд. Натиҷаи Войсех ва Дилшод баробар аст, вале дар партоби дувум Дилшод гурзро ба масофаи 78.06 метр ҳаво дод ва Войсех ба масофиаи 77.20 метр.
Дар сабқати ниҳоӣ дунафарӣ аз Лаҳистону Финляндия, якнафарӣ аз Бритониё, Куба, Қатар, Маҷористон, Миср, Русия, Словакия ва Тоҷикистон иштирок доштанд.
Дар ҳоли ҳозир Дилшод Назаров аз нахустин варзишгарони Тоҷикистон аст, ки ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Вай моҳи майи соли ҷорӣ дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро касб кард. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекин ва дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро ширкат варзад. Олимпиадаи соли 2016 барои Дилшод Назаров чаҳорумин Бозиҳои олимпӣ хоҳад шуд.
Дилшод Назарови 33-сола шарафи Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи ахири тобистона - соли 2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон - ҳимоят кардааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80 метру 71 сантиметр мебошад. Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук аз Тоҷикистон ба ҷуз Дилшод Назаров боз як варзишгар - Кристина Пронженко дар давидан ба масофаи 200 метр ширкат меварзад.
Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар варзишгоҳи "Лонаи парранда”-и пойтахти Чин – Пекин – то рӯзи 30 август идома хаҳад кард, ҳудуди 2000 варзишгар аз 207 кишвар барои 47 маҷмӯи ҷоизаҳо мубориза мебаранд. Ғолибон дар намудҳои инфиродӣ ба ҷуз медали тилло бо 60 ҳазор доллар, барои медалҳои нуқра бо 30 ҳазор доллар ва барои медалҳои биринҷӣ бо 20 ҳазор доллар мукофотонида мешаванд.
Дастае, ки дар эстафета ғолиб меояд, 80 ҳазор доллар мегирад. Барои ҷойи дувум дар эстафета 40 ҳазор доллар ва барои ҷойи севум 20 ҳазор доллар супурда мешавад. Инчунин онҳое, ки рекорди нави ҷаҳонӣ мегузоранд, бо 100 ҳазор доллар сарфароз хоҳанд шуд.
Видео аз бойгонии Озодӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад