Солона садҳо сокини деҳот дар пайи зиндагии беҳтар ба пойтахт кӯч мебанданд. Аммо орзуи рӯзгори осуда ба осонӣ даст намедиҳад ва даҳҳо мушкилро ба дунбол дорад. Танҳо бахши каме аз муҳоҷирони дохилӣ дар хонаи хешони шаҳрнишини худ ҷой пайдо мекунанд. Дигарон бояд дар як вақт ҳам барои рӯзгузаронӣ, ҳам барои пардохти иҷора ва хароҷоти дигар пул ёбанд.
Мушкили рақами як
Барои онҳое, ки дар фикри харидани манзил дар Душанбе ҳастанд, вобаста ба шароит ва маконаш хона аз 18 ҳазор доллар боло арзиш дорад.
Аз тақрибан якуним миллион аҳолии Душанбе танҳо беш аз 800 ҳазори онҳо расман сабтином шудаанд. Боқимондаҳо, ки тақрибан ҳамин қадар ҳастанд, муҳоҷирони дохилӣ ё сокинони дигар манотиқи кишвар буда, барои рӯзии беҳтар ба инҷо омадаанд. Мушкили пайдо кардани сарпаноҳ ва хонаи дастрас дар баробари ҷои кору даромад, масъалаи рақами яки онҳо мебошад.
Фарзона Ҳакимова ба фарқ аз дигар модарон хеле барвақт, кӯдаконашро дар хонаи иҷора танҳо гузошта, ба кор меравад. Кори ӯ нимашаб шурӯъ мешавад. Бояд то расидани субҳ ва ба кӯча баромадани сокинон кӯчаҳоро тоза кунад. Ӯ рӯзи 3-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "пас аз соати 5-и саҳар ба хона рафта, кӯдаконро ба боғча мебарам. Аз соати 8 басти дувуми кор оғоз мешавад ва то дергоҳ ба тамизкорӣ тамашғул мешавам."
"Аз маҷбурӣ тоқат мекунам"
Фарзонаи 30-сола ду фарзандро ба танҳоӣ ба воя мерасонад. Шавҳараш онҳоро тарк кардааст. Ӯ аз ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ барои пайдо кардани рӯзӣ ба пойтахт омадааст, аммо рӯзгор дар пойтахт барояш душвор аст. Барои иҷора моҳе 300 сомонӣ месупорад. Мегӯяд, барои истифодаи барқ, об, боғчаи фарзандон ва иҷора пул месупорад ва 760 сомоние ки мегирад, ба рӯзгораш намерасад.
"Баъзе рӯзҳо бо даъвати шахсони доро ба хонаҳояшон рафта, барояшон хидмат мекунам, қолин мешӯям", - мегӯяд ӯ.
Бекор набудан ва манбаи ризқу рӯзӣ доштан Фарзонаро умедвор кардааст, ки шояд пас аз чанд сол соҳиби боми беҳтаре гардад. Зеро дарк мекунад, бо ин маошаш дар пойтахт харидани хона хеле душвор аст. Худи ӯ иқрор мешавад, "одаме, ки дар пойтахт ҷои кор дорад, маоши хуб дорад, мехоҳад инҷо бошад. Шахсан ман аз маҷбурӣ тоқат дорам".
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Душанбе вобаста ба макони ҷойгиршавӣ, нархи хона ҳам фарқ мекунад. Маъмулан барои як метри мураббаъ нархи он аз 450 доллар оғоз мешавад. Ба мисли Фарзона садҳо иҷорашин дар пойтахт зиндагии сахтеро паси сар мекунанд ва ягона орзуи онҳо ин аст, ки соҳиби кулбаи худ шаванд. Орзуе, ки барои амалӣ шудани он, умед доштан баҳонаи кофӣ нест.
"Аробакаш шудем, аксбардор шудем..."
Коршиносон мегӯянд, пайдо кардани манзили иҷора ҳам аз масоили сахт аст. Арзиши манзили 2-3-хонагии иҷора, ки бо таҷҳизот таъмин аст, вобаста ба макони ҷойгиршавиаш аз 100-200 доллари амрикоӣ шурӯъ мешавад. Онҳое, ки ин пулро надоранд, аз пайи манзили иҷорааш арзон ва дар макони дуртари пойтахт мешаванд. Хонаҳое, ки дар канораҳои пойтахт ва бидуни шароит ҳастанд, дар ҳудуди 30 доллар дар моҳ арзиш доранд.
Муҳаммад Суфиев миёни даҳҳо мардикори дигар мунтазири корфармост. Ӯ ҳам ба хотири бунёди зиндагии беҳтар ба пойтахт омад. Иҷорашин аст ва ҷойи кори доимӣ ҳам надорад. Суфиев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: "Аробакаш шудем, суратгир шудем, дар сохтмон ҳам кор кардам. Дар шаҳр ба ҳар ҳол коре ёфтан имкон дорад, то зиндагиатро пеш барӣ, дар қишлоқ намешавад."
Онҳое, ки хона харида наметавонанд...
Муҳаммад Суфиев барои иҷора моҳе ҳазор сомонӣ месупорад. Мисли аксар иҷоранишинҳои Душанбе, ӯ дар як вақт бояд барои таъмини оилаи иборат аз 7 фарзанд ва ҳам пардохти пули иҷора кор кунад. Дар манзили иҷорааш шароити оддитарин нест, аммо аз муносибати хуби соҳибхона тавсиф мекунад: "Маро мефаҳмад. Агар пулам набошад, мегӯяд, ки кам-кам ҳам диҳӣ, мешавад".
Барои онҳое, ки дар фикри харидани манзил ҳастанд, вобаста ба шароит ва маконаш хоан аз 18 ҳазор доллар боло арзиш дорад. Гарон будани баҳраи қарзҳои иппотекии бонкҳо дар Тоҷикистон, сабаб шуда, ки аксарият ҳатто фикри ба ин васила соҳиби манзил шуданро аз сар дур кардаанд. Онҳое ҳам, ки хонаро харида наметавонанд, иҷоранишин мешаванд.