Фахриддин Зокиров -- вакили собиқи соҳибкори зиндонӣ ва раҳбари Ҳизби сабтнашудаи Тоҷикистони нав, Зайд Саидов, аз сӯи маъмурони Додситонии шаҳри Душанбе ба иттиҳоми "тамаъҷӯӣ" дастгир шудааст. Дар ин бора 21 август ба Радиои Озодӣ яке аз ҳамкорони ӯ хабар дод ва гуфт, ки дар баробари Зокиров, сардабири маҷаллаи "Адвокат" Саидбек Фозилов низ боздошт гардидааст. Ба иттилои манбаъ, ҳоло ҳардуи онҳо дар боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, нигоҳдорӣ мешаванд.
Манбаъ мегӯяд, ба иддаои Додситонии шаҳри Душанбе Фахриддин Зокиров ва Саидбек Фозилов гӯё барои ҳимоят аз як сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ки фарзандаш маҳкум ба зиндон шудааст, панҷ ҳазор доллар талаб кардаанд. "Вале баъди овардани се ҳазор доллар, ин сокини Душанбе ба муфаттишони додситонӣ муроҷиат мекунад ва ҳардуи онҳо боздошт шуда, ҳоло тибқи моддаи 250 (тамаъҷӯӣ) муттаҳам мешаванд," -- афзуд ҳамсӯҳбати мо.
Қарор аст, додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи шанбе расман айби Фахриддин Зокиров ва Саидбек Фозиловро эълон кунад. Аммо мақомоти Додситонии пойтахт то ҳол ин хабарро таъйид ва ё такзиб накардаанд.
Ин бори дувум аст, ки Фахриддин Зокиров боздошт мешавад. Ӯ бори аввал моҳи марти соли 2014, ҳангоме ки ба ҳайси вакили мудофеи Зайд Саидов кор мекард, аз ҷониби кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон боздошт шуда, моҳи ноябри ҳамон сол дар пайи ба иҷро даромадани қонуни афв озод гардид. Он вақт мақомот алайҳи ӯ тибқи моддаи 247-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (қаллобӣ) парванда кушоданд.
Ба гуфтаи тафтишот, асли моҷаро 1 миллион доллар қарзе буд, ки як ширкати марбут ба Фахриддин Зокиров ҳанӯз дар соли 2011 аз “Тоҷиксодиротбонк” гирифтааст. Онҳо иддао доштанд, ширкати Зокиров дар баргардондани тақрибан 30 дарсади боқимонда аз ин маблағ таъхир мекунад.
Вале наздикон мегуфтанд, сабаби аслии таъқиби мақомот мавқеи фаъоли ӯ дар роҳи ҳимоят аз соҳибкори маъруф Зайд Саидов буд. Худи ӯ ҳам тавассути вакилонаш гуфт, аз ӯ бо ин роҳ қасос гирифтаанд. Аммо Зокиров баъд аз раҳоияш аз боздошт дигар ба ҳайси вакили Зайд Саидов кор накард ва, инчунин, дар бораи ин қазияаш бо хабарнигорон низ сӯҳбат надошт.
Ӯ моҳи декабри соли гузашта дубора ба кори адвокатияш сар карда буд.